Шашмақом мероси беназири фарҳангӣ барои имрӯзиён аст

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо ҳидоятҳои Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусиқии суннатии Шашмақом дубора эҳё гардид ва хамасола 12 май ҳамчун Рӯзи Шашмақом дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад.

Бояд гуфт, ки дар хазинаи мусиқии халқи тоҷик, ки таърихи тӯлонӣ дорад, санъати Шашмақом пурқиматтарин дурри гаронбаҳо аст. ин шоҳасари мадании мусиқии халқи тоҷик Шашмақом тӯли қарнҳо аз дил ба дил роҳ ёфта, аз устод ба шогирд чун мероси аҷдодӣ омадааст.

Дар оҳангҳои классикии Шашмақом, ки бештар орзуву ормонҳои халқ, дӯстиву рафоқат, меҳру шафқат суруда шуда, онро халқ давоми қарнҳо аз насл ба насл ҳамчун мероси беназир то имрӯз расонидааст.

Устодони шашмақом Ҳоҷӣ Абдулазиз, Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов, Акашариф Ҷӯраев, Маъруфхӯҷа Баҳодуров, Боймуҳаммад Ниёзов, Мирзосолеҳ Қурбонов, Ҷӯрабек Набиев, Ҷӯрабек Муродов, Барно Исҳоқова ва даҳҳо санъаткорони дигар дар тарғибу ташвиқ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани ин санъати бебаҳо хизмати шоиста намуданд.

Бахшида ба Рӯзи Шашмақом имрӯз, 12 май дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ барномаи фарҳангӣ пешкаши сокинон гардонида шуд, ки дар он Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ низ иштирок намуд.

Ба ифтихори Рӯзи Шашмақом дар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ чорабиниҳои идона баргузор гардиданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки имрӯзҳо  дар шаҳру навоҳии вилоят 12 ансамблҳои шашмақомхонон амал мекунанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh