«Гулдаст» - маъвои дили бонувон

Кўҳистони Мастчоҳ бо манзараҳои дилфиребаш, бо обшорони мусаффояш, ки аз тори кўҳҳои сарбафалаккашида сарозер мешаванд, бо ҳусни базеби кўҳу ёлаҳояш, бо гулдухтарони соҳибғуруру мардони сарбаландаш як дона дурри бебаҳои кишвари Тоҷикистонро мемонад. Мавзеи дурдасти кўҳистон, ки ба ҳисоб меравад, ба дўши занону духтарон шуғли кори саҳро, нигоҳубини молу ҳол вогузор аст. Бонувон дар парвариш, нигоҳубин, ҷамъоварии ҳосили картошка, меваҳо, аз ҷумлаи себу зардолу, гелосу шафтолуву олуча баробари мардон заҳмат мекашанд.

Дар Паёми Президенти мамлакат бобати бо кор фаро гирифтани бонувон ва дар ин замина эҳё намудани ҳунарҳои миллӣ, ҳунарҳои хонагии дастӣ таъкид гардидааст. Бо ибтикори Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ баҳри рушди ҳунаромўзии бонувон шароитҳои васеъ фароҳам оварда шуд, ки ин барои занону духтарони кўҳистон як бахту иқболи баланд аст. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 5 нафар бонувон дар Маркази таълимии «Шероз»-и шаҳри Хуҷанд қолинбофиро ёд гирифта, ба деҳаҳояшон баргаштанд ва алҳол ба омода кардани шогирдон машғуланд. Бо дастгирии роҳбарияти вилоят, Раёсати маорифи вилоят ба 32 таълимгоҳи ноҳия 40 дастгоҳи хурди қолинбофӣ дастрас карда шуд, ки алҳол дар дарсҳои таълими меҳнат муҳассилин бо омўхтани ҳунари қолинбофӣ машғул шуда истодаанд. Дар деҳаҳои Ҳадишаҳр, Fузн, Мадрушкат бачагон ин ҳунарро хеле хуб азхуд кардаанд. Соли 2015-ум шаш нафар бонувон дар Қасри «Арбоб», ноҳияи Бобоҷон Fафуров давоми моҳҳои август-сентябр аз устодони гулдаст ҳунари атласу адрасбофиро азхуд карда, омўзонидани ин ҳунарро байни бонувони деҳаҳои ноҳия ба роҳ монданд. Бояд гўям, ки ҳамаи ин ибтикорот бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ноҳия, идораи шуғли аҳолӣ, бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия ба роҳ монда шуд. Ҳоло, ба қавле, дар ноҳия занону духтарон аз қолин дида, ба атласу адрасбофӣ шавқу завқи зиёд зоҳир карда истодаанд.

Ду маркази атласу адрасбофӣ, яке дар деҳаи Дашти Оббурдон бо сарварии Малоҳати Исроил ва дар деҳаи Лангар бо роҳбарии Моҳсафар Азимова таъсис дода шудааст, ки дар он даҳҳо духтарон ба ҳунаромўзӣ фаро гирифта шудаанд. Чаро бонувон ба атласу адрасбофӣ шавқи беҳудуд пайдо карданд? Чунки маҳсулоташон ҳамоно ба фурўш рафта истодааст. Имрўз дар тамоми чорабиниҳои ноҳия занону духтарон атласу адрас ба бар доранд, инчунин бо маҳсулоти худ дар ярмарка-намоишҳо ширкат менамоянд.

Ҳунаромўзӣ дар ноҳия имрўзҳо торафт доман паҳн карда истодааст. Бо дастгирии Маркази таълимии калонсолон дар 52 деҳаи ноҳия гурўҳҳои дўзандагӣ-бурандагӣ, инчунин қаннодӣ таъсис дода, даҳҳо нафар ба ҳунаромўзӣ ҷалб карда шудаанд. Ин тадбир дар деҳаҳои Пастиғав, Табушн, Мадрушкат хуб ба роҳ монда шудааст. Дар деҳаҳои Санҷон бо номи «Гулдаст» ва Пакшиф бо номи «Баҳор» ду сехи дўзандагиву бурандагӣ бо тамоми таҷҳизоту лавозимоташ ташкил карда шудааст. Бояд гўям, ки бонувони кўҳис- тон ҳамаашон ҳунарманданд-аз пашм ришта, аз ришта ашё мебофанд, гулдўзӣ, зардўзӣ, кашидадўзӣ мекунанд. Дар ин сехҳо бошад, ҳунарашонро сайқал мебахшанд.

Соли рафта ду нафар бонуи ноҳия  Малоҳат Давлатова ва Машҳура Вазирова яке ба маблағи 5 ва дуюмӣ 10 ҳазор сомонӣ ба грантҳои Раиси вилоят соҳиб гашта, омўзиши ҳунарҳои миллиро ба роҳ монданд.

Ҳунаромўзӣ дар деҳоти ноҳияи Кў-ҳистони Мастчоҳ боиси муттаҳид, сарҷамъ ва бо ҷойи кор таъмин гаштани бонувон шуда истодааст. Зеро дар ин мавзеи кўҳистон муаммо барои бонувони мо он аст, ки деҳаҳо аз ҳамдигар дар масофаи дур ҷойгиранд ва таъсис додани ҷойҳои корӣ, бо кор фаро гирифтани бонувон баҳри соҳибҳунару соҳибмаърифат, огоҳ будани онҳо мусоидат мекунад.

Низомат ШАРИФОВА,
мудири бахши кор бо занон ва оилаи
ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ

Add comment


Security code
Refresh