Назокати ҳунари аҷдодӣ ва ҷилои табиат дар дилҳо

Яке аз арзишҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик - таомҳои миллии мо маҳсуб меёбад.

Эмомалӣ РАҲМОН

Зи ҳар неъмат, ки бар хон офариданд...

Зи ҳар неъмат, ки бар хон офариданд,
Биринҷи зард султон офариданд.

 Маҷмааи истироҳатию фароғатии Боғи Камоли Хуҷандӣ он рўз ба идҷои ҳақиқӣ табдил ёфта буд. Аз чеҳраҳои шукуфта, лабони пуртабассум, тахайюлоти бою рангин ва таассуроти неки ҳар нафари вориди идҷойгашта маълум буд, ки мардум аз баргузории чунин чорабинии бошукўҳ қаноатманданд. Тараддуди ошпазон барои пухтани беҳтарин оши палов, оростани дастархони идона барои сокинон аз шаҳру навоҳии вилоят, ороиш додани экибанаҳо бо тарзу усулҳои гуногун, намоиши гулу гулбуттаҳо аз ҷониби гулпарварони моҳир ва донишҷўёну толибилмони муассисаҳои таълимӣ дар авҷ буд.

Дар як тараф рассомон-донишҷўёни Коллеҷи санъати ба номи Содирхони Ҳофиз манзараҳои гуногун, гулҳои рангоранг, амали ошпазҳоро тасвир мекарданду дар ҷониби дигар ҷавонписарону гулдухтарон байтбаракхонӣ доштанд. Қаҳрамонҳои афсонаҳо -Хурўсаку Хирсак, Бузичаву Рўбоҳак низ ба табрики мардум омада, бо намоишномаҳои рангин табъи иштирокдоронро шод мегардонданд.

Бўи хуши намудҳои гуногуни оши палов ба машом расида, иштиҳои касро қозгир мекард. Мардум бесаброна пухтани оши паловро интизорӣ мекашиданд, то як даҳан ош бихўранд ва ба пазандаи он аҳсант бихонанд.

Оши палови чойхонаи сокини шаҳри Панҷакенти бостонӣ-Абдусалом Тиллоев бо биринҷи девзира, сабзии зард, гўшти гўсфанду равғани растанӣ, нахўду зира ва дигар маҳсулоти ош хўрданбоб ба назар мерасид. Фахриддин Нарзуллоев ошпази бомаҳорати ноҳияи Fончӣ ба шумор рафта, рўзи баргузории Фестивал пухтани оши палов бо равғани зайтунро ба ўҳда гирифтааст. Дувоздаҳ сол аст, ки Фахриддин бо ҳунари аҷдодӣ-ошпазиаш дар байни мардуми Fончӣ шинохта шуда, шўҳратёр гардидааст. «Мероси падар хоҳӣ, касби падар омўз» шиори доимии ин ошпази номӣ буда, муддати солҳо боре нашудааст, ки ош дар дег монда бошад.

Матлуба Ҷўраева беш аз бист сол ба ҳайси ошпази ошхонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Омўзишгоҳи омўзгории ноҳияи Зафаробод ҳамчун пазандаи бомаҳорат байни ҳамагон маъруфият пайдо кардааст. Тўли ин солҳо борҳо истеъмолкунандагон дафтари қайдҳои ошхонаеро, ки Матлуба-хола фаъолият мебурд, бо навиштаҷоту ташаккурномаҳо пур кардаанд. Ба Фестивали «Оши палов» ин бонуи хушсирату покизаниҳод бо дастовези басо арзишнок-оши палови харбузагин омадааст. Чун аз хола тарзи пухтани чунин палави ғайриоддиро пурсон шудем, изҳор дошт, ки баробари омода шудани ош ҳатман моро даъват менамояд, то тановул намоему ба ҳунараш баҳо диҳем.

Бобои Баҳодур Нозирови ҳаштодуяксола, сокини Ҷамоати деҳоти Навгилеми ноҳияи Исфара тамоми умри бобаракаташро сарфи хизмати мардум намудааст. Вай бо боварӣ гуфт, ки дар озмуни имрўза, албатта, ғолибият насибаш мегардад. Зеро боварӣ ба худ аллакай нисфи ғолибият буда, ўро ба қуллаи баланд ҳидоятгар мешавад.

Арўси серўзаи хонадони Раҳматовҳо - Исмигул ҳамроҳи хушдоманаш Дилрабохон дар озмун иштирок намуда, боварӣ дорад, ки ғолиб меоянд. Зеро ҳарчанд ҳамагӣ се рўз узви ин оила аст, аллакай дарк кардааст, ки модарарўсаш пазандаи моҳирест. Дар шаҳри Истаравшан пухтани оши палов бо қазӣ таоми писандидаи мардуми ин маҳал буда, дўстдорони ошро пас аз соате арўсу хушдоман ба сари дастархон таклиф намуданд.

Заррина Солиҷонова – корманди Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Fафуров оши паловро бо равғани гўсфанд чунон бомаҳорат пухтааст, ки иштиҳои кас қозгир мегардад. Заррина ҳарчанд ҷавон аст, аммо тавассути маҳорати кадбонугиаш писандидаи ҳамагон гаштааст. Ў аз синни дувоздаҳсолагиаш аз модар пухтани таоми миллиро омўхтааст. Аз он шод аст, ки Раиси вилоят аз байни чандин нафар ҷавонзанон ўро дар қатори нафарони ғолиб муаррифӣ намудаанд. Минбаъд ин бонуи зебо кўшиш мекунад, ки пухтани намудҳои гуногуни оши палов ва дигар таомҳои миллии тоҷикиро ба дараҷаи аъло омўзад.

Аз хонадоршавии Комилҷону Мавлудахон, Нозимҷону Зулхумор, Қобилҷону Дилафрўзхон, Хуршедҷону Саёҳатхон ҳанўз моҳе сипарӣ нашудааст. Ҳамсарони хушбахт бо ташрифашон ба Фестивали «Оши палов» аз гуногунии таомҳои миллӣ ба ҳайрат омада, ҳар яке аз ошпазҳо тарзу усули пухтани онро пурсон мешуданд. Зиёда аз чиҳил деги оши палов бо тарзу услуби ба худ хос ва пазандаҳои бомаҳорат пешкаши ҳайати ҳакамону тамошобинон гашта, ҳар яке маҳорати нотакрор нишон медод.

Шарифулло Абдуллоев-мудири шўъбаи иқтисод ва савдои дастгоҳи Раиси вилоят:
- Баргузории Фестивали «Оши палов» ва «Гулҳо»-ро барои ҳар шаҳрванд муборакбод мегўям. Имрўз дар замири ҳар нафар эҳсоси хурсандиву шодӣ ҷавлон мезанад. Дар чиҳил дег ошпазҳои моҳири шаҳру навоҳӣ палови тоҷикона мепазанд, ки таҷассумгари анъанаҳои неки мардум аст. Барои ҳамаи онҳо бурдборӣ ва саодатммандӣ хоҳонам.

Камол Юсуфов-намояндаи Ҷамоати шаҳраки Fончӣ:
- Ошпазҳои моҳири ноҳияи Fончӣ Толибҷон Раҳмонов ва Бахтиёр Саидмуродов оши чиҳил кило биринҷро пешкаши ҳамагон карда, сазовори таҳсин гаштанд. Биринҷи кенҷа ба оши пухтаи ошпазҳо лаззати бештаре додааст. Ва ин сабаб гашт, ки ду дег ош дар як лаҳзаи кўтоҳ ба итмом расид.

Шарофат Мансурова - сокини шаҳри Хуҷанд:
- Оши пухтаи амаки Зулфиқор аз ноҳияи Зафарободро боҳавсала тановул кардем. Иқрор мешавам, ки дер гоҳ чунин палови бомаззаро нахўрда будам. Агар чунин намебуд, оши Зулфиқор-амак, ки наздик аз панҷоҳ кило биринҷ буд, дар муддати кўтоҳ ба итмом намерасид. Ба он кас гуфтам, ки агар гузорам ба ноҳия афтад, ҳатман меҳмони ҳавлиашон мешаваму аз оши палови бомаззаашон насиба мегирам.

Сергей Наговитсин ва Вячеслав Щекунских-намояндагони Ҷумҳурии Қазоқистон:
- Чанд рўз қабл бо таклифи дўстони тоҷикамон меҳмони шаҳри Хуҷанд шудем. Шаҳр худ санги қиматбаҳоеро мемонад, ки бо таҷаллияш атрофро мунаввар гардондааст. Зиёда аз ин баргузории Фестивал-озмуни «Гулҳо» ва «Оши палав» ба ҳусни шаҳр таровати бештаре бахшидааст. Қаблан тоҷикону тоҷикистониёнро камтар мешинохтем. Омадем ва дидем, ки мардуми тоҷик меҳмондўсту меҳмоннавоз будаанд. Боз дар як ҷо сарҷамъ омада, шодиву хурсандӣ намудани онҳо ҳайратамонро дучанд афзуд. Бо ин қадар зебоиву шукўҳу шаҳомат ва мардумдўстиву меҳмоннавозӣ месазад, ки тоҷикон дар қатори давлатҳои машҳури дунё ҷой дошта бошанд.

Ҳасани Ҳасанзод - донишҷўи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров:
- Боғи ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоятро он қадар зебову ороста дидам, ки аз тамошояш қалби кас моломоли шодиву сурур мегардад. Шиору овезаҳо, хиёбонҳои гулпўшу гулбасар, ошпазҳои моҳир ва, билохира, табиати зебою афсонавии идҷойро дида, пиндоштам, ки дар Боғи афсонавии Ирам сайругашт дорам. Шукргузорам, ки кишвари офтобрўяи мо гулбасар мегардад. Бошад, ки дар фазои сулҳу оромӣ ва ободӣ умр ба сар барему арзандаи ин давлату миллати кўҳанбунёд бошем.

Ҳамон рўзи Фестивали «Оши палав» ва «Гулҳо» Боғи соҳили Сир саросар фараҳафзо, дилнавоз, сурурангез буд. Дилҳо шод, шавқҳо афзун ва чеҳраҳо шукуфон буданд. Фестивали ғайриоддӣ дар сурат ва сирати мардумони мо ҳамчун оина таҷассумкунандаи маърифат, муҳаббат ва назокат буда, дар хотирҳо нақш гузошт.

Шоира САЛИМОВА

Add comment


Security code
Refresh