Дар фазои гулборон, эй дилшуда гул!

Дар Фестивали вилоятии «Гулҳо» намояндагон аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят гулпарварон буданд. Гулпарварон бо гулҳои ороишӣ, гулдонҳо ва гулҳои дарахтӣ иштирок намуданд. Зиёда аз 400 намуди гул ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Гулпарварон дар минтақаҳои алоҳида гулҳои ороишии худро намоиш доданд.

Мирзоғанӣ Эргашев, сардори шўъбаи ободонии ноҳияи Бобоҷон Fафуров чунин гуфт: - Имрўз ноҳияи мо тасмим гирифтааст, ки дар фестивал иштирок намояд. Дар ноҳияи Бобоҷон Fафуров 12 ҷамоат мавҷуд буда, бо шўъбаи ободонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳамкорӣ доранд. Ҳамчунин, соҳибкорони гулпарвар ва теъдоди гармхонаҳо бисёр буда, ҷамоатҳои Ҳайдар Усмонов, Исфисор, Хистеварзро муаррифӣ менамоянд, ки гулҳои беҳтаринро парвариш кардаанд. Бояд бигўям, ки имрўза чорабинӣ дар сатҳи баланд гузашт. Бори дигар аён гардид, ки мардуми тоҷик дўстдори табиат буда, баҳри зебоипарастӣ заҳмат мекашанд. Фестивали “Гулҳо” барои ободонӣ ва кабудизоркунӣ такони нав мебахшад. Ҳоло 48 нафар кормандон дар муассисаи давлатии ободонӣ фаъолият доранд.

Мо саъю кўшиш дорем, ки дар оянда ҳам маҳорати гулпарвариву гулдўстӣ ва табиатдўстиро равшан нишон диҳем…

Дар ин озмун гулҳои хонагии истеҳсоли сокини Ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Рустамҷон Тўйчиевро дидем ва хостем, бо ин гулпарвар ҳамсўҳбат шавем. Ў гуфт:

-Ҳеҷ вақт худро бе гул тасаввур карда наметавонам. Сӣ сол инҷониб ба гулпарварӣ машғулам. Сад намуди гул дорам. Гуфтан мумкин аст, ки гулҳо нону оби ман ҳастанд. Натанҳо ман, балки оилаи ман низ дўстдори гуланд, ҳамроҳ бо гул сарукор дорем. Гулҳоямон вобаста бо навъ ва сифаташон аз панҷ то сад сомонӣ нарх доранд. Геран, герани хушбўй, кактус, ионий, агава, красула, юка, шаҳзодаи сиёҳ, татарантус ҳамаи ин намуди гулҳо ба хунукӣ тобовар буда, гуфтан мумкин аст, дар хонадони тоҷик дида мешаванд. Барои парвариши гул вақти сармо аз ангишт истифода бурда, дар гармо ҷои намидоштаро интихоб менамоем. Барои зиёд кардани навъҳои гул аз дигар давлатҳо як намуд оварда, бех ва шумораи гулҳоро афзун мегардонем.

Табиатдўсти ҷавон - Наимҷон Турсунов дар ҳавлиаш, дар гармхона ҳама намудҳои гуногуни гулро парвариш менамояд ва зиндагиашро пеш мебарад. Гулҳои беҳтарине, ки ба онҳо шавқи мардум зиёданд, мепарварад ва афзун мегардонад. Гулҳо рамзи хушбахтии занҳоянд. Шоҳзодаи сиёҳу сурх, доллар, бигуня, алкаия, палма, манстера завқи зиндагиро афзун менамоянд. Ин намуди гулҳоро мо аз найчаҳояшон ҷудо намуда, ба гулдонҳои дигар гирифта, шумораашонро зиёд менамоем. Аслан, ҳама намуди гулҳо барои зиёд гардонидан аз Хитой, Ўзбекистон, Қирғизистон ворид мешаванд. Мардум имрўз торафт ба гул шавқу ҳаваси зиёд пайдо намуда истодаанд.

Меҳмонон аз Эрон Марзия ва Илоҳа гуфтанд, ки Фестивали «Гулҳо» ба онҳо илҳому фараҳмандӣ бахшидааст.

-Мо таи як сол аст, ки дар Хуҷанди бостонӣ зиндагӣ дорем. Мардуми тоҷик меҳмоннавозанд. Имрўз аввалин бор ба иду базми гулҳо иштирок намудем. Аз дидани ороишоти гулҳо хеле ба ҳаяҷон омадем. Ин манзараҳои муҷалло, мусаффо ва зебо ҳама дар қалбҳо сурур ва дар дидаҳо нур мебахшанд.

Омўзгори фанни биологияи мактаби Президентии шаҳри Чкаловск Сангинхўҷа Зокиров изҳор намуд: - Собиқаи 46 - солаи омўзгорӣ дорам.

Дар мактаб гулпарварони наврас 22 намуди гул парвариш менамоянд. Ва кўшиш дорем, ки гулҳою ниҳолони буттагиро дар ҳамин хел чорабиниҳо муаррифӣ карда бошем. Имрўз ба Фестивали «Гулҳо» омада, аз кўракҳои шукуфтаи гулҳо композитсияҳо, яъне манзараҳои ифодакунандаи мазмунро ташкил намудем.

Яъне аз гул «Оши палов», «Парчами давлатӣ», «Сўзанӣ», «Қолин» ва дар кўзаҳо ороишотро аз Гули зард тартиб додем. Дар кўзаи дигар аз 15 намуди гул рамзи дўстии халқҳоро нишон додем. Дар он гули навшукуфтаро ҷой додем, ки маънояш ҷавонӣ буда, рамзест аз Соли оила.

Шаҳноза ҲОМИДОВА

Add comment


Security code
Refresh