Қадаме барои худшиносии миллӣ

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар мавзӯи «Рушди либоси миллӣ дар давраи истиқлоли Тоҷикистон» конфронс баргузор гардид. Нахуст дар саҳни бинои таълимгоҳ намоиши либосҳои дӯхти парки технологии донишкада, ки маҳсули дастранҷи донишҷӯён аст, ба маърази тамошобинон пешкаш карда шуд.

Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Сангинова чорабиниро ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки барои мардуми мо фарҳанги баланди оиладорӣ ва либоспӯшӣ як ҷузъи маданияти миллӣ мебошад. Дар хонаводаҳои тоҷик давоми асрҳо ҳазорон нафар нобиғагон ва шахсиятҳои варзида тарбия ёфтаанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки куртаҳои атласу чакан, тоқиву рӯймол, ҷома ва дигар либосҳои миллӣ дар худ беҳтарин рамзҳои зиндагии аҷдодони барӯманди моро таҷассум намудаанд. Либоси миллии тоҷикӣ бошад, дар аксари кишварҳои Шарқ ба либоси миллии халқияту миллатҳои дигар табдил ёфтааст.

Бояд қайд кард, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир эътибор ба эҳёи анъанаву суннатҳои аҷдодӣ, либос ва дигар ҳунарҳои миллӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Озмунҳои ҳарсолаи «Атлас», «Чакомаи гесу», «Чакан», ташкили маҳфилҳои дӯзандагӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва сехҳои хурди атласу адрасбофӣ аз ҷумлаи корҳои иҷрошуда дар ин самт мебошанд.

Ҳамчунин муовини Раиси вилоят Назира Fаффорӣ дар баромадаш таъкид дошт, ки дар ҳар давру замон инсоният талош барои озодӣ дошту дорад. Аз ҷумла садҳову ҳазорҳо нафар бонувон барои расидан ба хушбахтию озодӣ ҷоннисорӣ кардаанд.

Мавсуф баргузории конфронсро қадаме барои худшиносӣ арзёбӣ намуда, аз тадбирҳои роҳандозӣ сохтани Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз соли 2009 барои гирифтани гранти Президентӣ 35 лоиҳа ҷонибдорӣ карда шудааст, ки 15 лоиҳа барои ташкили курсҳои бозомӯзӣ, рушди соҳаи ҳунарҳои мардумӣ, барои ташкил ва гузаронидани тадқиқотҳо ва 20 лоиҳаи дигар ҷиҳати дастгирии соҳибкорон барои таъсиси ҷойҳои корӣ амалӣ мегарданд. Ба ғайр аз ин дар сатҳи вилоят гранти Раиси вилоят таъсис ёфта, то имрӯз беш аз 30 бону соҳиби грант дар ҳаҷми аз 5 ҳазор то 20 ҳазор сомонӣ гардиданд. Ҳоло аксари ин бонувон соҳиби коргоҳи худ буда, дар дӯхтани либосҳои миллӣ саҳми муносиб мегузоранд.

Илова бар ин, дар асоси дастуру супоришҳои Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ маҳфилҳои ҳунарӣ амал карда, ҳоло наздик ба 800 дастгоҳи дӯзандагиву қолинбофӣ ва адрасбофӣ васлу насб ва духтарон ба ғайр аз таҳсил ба омӯзиши ҳунарҳо ҷалб карда шуданд. Ин тадбир агар аз як тараф ба касбомӯзӣ ҳидоят кардани ҷавонон бошад, аз ҷониби дигар омода намудани онҳо ба ҳаёти мустақилона аст.

Назира Бобоҷонова - сармуаллимаи кафедраи технология ва тарҳрезии маснуоти сабуки донишкада, Низом Ҳакимов - директори Паҷӯҳишгоҳи тадқиқотӣ-илмии санъатшиносии вилоят, профеесори соҳаи санъат, Хуршеда Содиқова - рӯзноманигор ва намояндаи Донишкадаи тадқиқотҳои Авруосиё дар вилояти Суғд, Тайиба Бобоева - устоди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ дар бораи дирӯз ва имрӯзи либоси миллӣ маърӯзаҳои ҷолиб намуданд. Дар баромадҳои онҳо қайд шуд, ки дар гузашта аҷодонони мо завқи баланди либоспӯшӣ дошта, дар интихоби ранг ва намуди дӯхти он ҳунармандон ба қуллаҳои либосдӯзӣ расидаанд. Мутаассифона, ба андешаи Низом Ҳакимов ҳоло либоси миллии мардона қариб, ки аз байн рафта, ҷои онро либосҳои аврупоӣ гирифтаанд. Либосҳои пешинаи мардона аз лиҳози сифати маҳсулот, шинамӣ ва рангу намуд хеле ҷолиб буданд. Ба андешаи ин коршинос вақти он расидааст, ки бо ҷалби мутахассисони соҳа барои эҳёи либоси миллии худ, ки аз маҳсулоти олисифати пахтангин ва бирешим омода мешуданд, камари ҳиммат бандем. Дар баромади Тайиба Бобоева, ки «Пайванди либос ва фарҳанг» унвон дошт, зикр шуд, ки расму русум ва одати мардуми Шарқ новобаста аз таъсири ислом ин нисбатан пӯшида дӯхтани либос буд ва ин суннати дерина то ҳол идома меёбанд. Ҳоло либосҳои шарқиёна васеъ ва тавре дӯхта мешаванд, ки одобу ҳаёу шарм дар он таxассум ёфтаанд.

Тасвирҳои манзаравӣ ва миниатураҳои асримиёнагии то замони мо омадарасида, ки тариқи видео нишон дода шуд, аз он далолат мекарданд, ки занону духтарони тоxикро ҳеx гоҳ чодар ё фаранxипӯш нишон надодаанд. Баръакс, онҳо чун рамзи зебоию иффат ва узви комилҳуқуқи xомеа пеши назар xилванамоӣ мекарданд. Ва ин дар ҳолест, ки ин нигораҳо дар асрҳои миёна, дар замони ба авxи аъло расидани таассуби динӣ эxод шудаанд.

Ҳамзамон меҳмонон аз Xумҳурии Исломии Эрон хонум Афсона ва Ораш Азизӣ аз пазироӣ ва одобу суннатҳои неки тоxикона суханҳои меҳрбор гуфтанд.

Дар интиҳо намунаҳои либоси миллӣ ва аврупоии тарроҳону чеварон, ки аз xониби устодону донишxӯён дар ҳамкории дизайнерони вилояти Суғд духти шуда буданд, пешкаши аҳли нишаст гардиданд.

Шаҳбонуи СИДДИҚ

Add comment


Security code
Refresh