Фарҳанги миллӣ ва ҷойгоҳи дин дар он

 Имрўз мо ниёз ба тақвияти ҳарчӣ бештари асли таҳаммулгароӣ дорем, ки мардуми мусулмонро чун мардуми мутамаддин ва фарҳангиву илмпарвар таҷассум намояд ва ҷиҳати ҳамкории ҳамаи нерўҳои солими башарият хизмат кунад. 

Эмомалӣ РАҲМОН

Дар толори хурди Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров дар мавзўи “Фарҳанги миллӣ ва ҷойгоҳи дин дар он” мизи мудаввар доир гардид. Дар он Раиси маркази Исломии Ҷумҳурии Тоҷикис-тон, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Шўрои ҷамъиятӣ, Шўрои уламои дини вилоят, намояндагони сохторҳои прокуратура, амният, адлия, устодони донишгоҳ, намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат доштанд. Ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров Анвар Мақсудов ҷамъомадро ифтитоҳ бахшид. Дар мизи мудаввар таъкид гардид, ки чунин мизи мудаввар дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Қўрғонтеппа низ доир гардида, дар ин нишастҳо мавзўоти дифоъ аз дини мубини ислом ва муқаддасоти он; ҳокимияти ҳаққу адолат - арзишмеҳвари Ислом; дин дар ҷомеаи дунявӣ; дин, зан ва ҷомеа; дин ва ҷавонон мавриди муҳокима қарор дода мешаванд. Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон борҳо таъкид мекунанд, ки беш аз ҳаштод фисади мардуми кишварамон мусалмон мебошанд. Ин рақам шояд имрўз ба зиёда аз 95-96 фоиз расидааст.

Дин қисми фарҳанги миллии мо аст ва сиёсати давлат нисбат ба дин сол аз сол тақвият ёфта истодааст.Зеро дини мубини ислом тарғибгари ғояҳои ахлоқи ҳамида ва покиза, таҳаммулгароӣ аст.Соли арҷгузории Имоми Аъзам эълон гардидани соли 2009-ум, дар пойтахти кишвари мо доир гардидани Конфронси исломӣ бо иштироки уламои ислом аз мамолики ҷаҳон ва бисёр дигар чорабиниҳо мисоли ин гуфтаҳо аст. Дар ин радиф масъалаи калидиро зикр кардан ҷоиз аст, ки фарҳангу тамаддуни миллии бисёрҳазорсолаи мо, тоҷикон, бояд дар ҷойи аввал бошад. Мо бояд алоқамандии марҳилаҳои мавҷудияти фарҳанги панҷҳазорсолаи тоҷикро дар назар дошта, аз ҳамин диду нигоҳ хулосабарорӣ намоем.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода: - раиси Шў-рои уламои дини вилоят дар мавзўи “Дин дар давлати дунявӣ” сухан ронда, аз ҷумла зикр намуд, ки дар дунё миллате нест, ки дин, эътиқод надошта бошад. Динҳои нас-ронӣ, яҳудӣ, бисёрхудоӣ ва дигарҳо мавҷуданд. Ислом дини самовӣ, яъне яккахудоӣ аст, ки ин дар китоби муқаддаси «Қуръон», ки нозил шудааст,тасдиқи худро ёфтааст. Дар Конститутсияи мамлакати мо зикр гардидани ибораи “давлати дунявӣ” маънии бедин буданро надорад, балки чунин маъно дорад, ки муассисаҳои дин ба давлатдорӣ дахолат намекунанд. Лекин дин дар ҳимояи давлат аст. Бахусус бо қабули Қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ҳар шаҳрванд ҳуқуқ дорад, бо ихтиёри худ ба кадом дин хоҳад, пайравӣ намояд. Имрўз дар Тоҷикистон чандин азҳоби сиёсӣ мавҷуданд ва агар нооромие ба миён ояд ва он ба амнияти кишвар хавфнок бошад, давлат баҳри пешгирии хатари он, албатта,тадбирҳо меандешад. Ҳамаи мо медонем, ки ҳаракату равияҳо, ба монанди “Ансоруллоҳ”, «Ҳизб-ут-таҳрир», «Салафия» зуҳур карданд, чун фаъолияти онҳо рўҳияи иртиҷоӣ пайдо кард, фаъолияти онҳо чун экстремистӣ бо ҳалномаи суд манъ карда шуд.

Ин ҷараёнҳо аз куҷо сарчашма гирифтанд? Аз мамолики хориҷа, аз муҳоҷирати меҳнатӣ, аз мамолики араб. Аввал пайравони ин ҳаракатҳо низ гуфта буданд, ки ба дин дахолат намекунанд. Аммо вақте ки ин ҷараёнҳо ба мафкураи мардум, ақидаи мардум таъсир мерасонанд, ин ба нафъи кишвар нест. Дини мубини ислом муборак аст. Дар Тоҷикистони мо, ки тамоми шароит муҳайёст, мардуми он дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар мебаранд, сиёсисозии ислом бар зарари мост.

Самад Болтуев - ҳуқуқшинос: - Вақте ба Конститутсияи замони шўравӣ менигарем ва онро бо Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон қиёс мекунем, мебинем, ки он аз даврони шўравӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Яке аз падидаҳои давлати дунявӣ будан низ ин аст, ки ба фаъолияти равияву ҳаракатҳо назорат мекунад.

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Маркази Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон: - Доир ба масъалаи дифоъ аз ислом ва муқаддасоти он гуфтаниам, ки ислом, ба қавли шоир, дар зоти худ айбе надорад. Ҳар айбе, ки ҳаст, дар мусалмонии мост. Инро дар мисоли Шайх Темур гуфта метавонам, ки исломро сипар карда, ба хотири манфиатҳои худ як гурўҳро фирефта намуда, ба шахсиятпарастӣ водошт. Ин амал вобастагие бо ислом надорад.

Ислом сад дар сад муқобили шахсиятпарастӣ аст. Чунин инсонҳо чанд оятро азхуд мекунанду мардумро фиреб медиҳанд, корҳоеро анҷом медиҳанд, ки ба ягон доираи инсонигарӣ рост намеояд. Имрўз мо бояд ҳамчун мусалмон чунин амалҳоеро, ки аз ҷониби бархе ба хотири амалӣ намудани мақсадҳои нопок мекунанд, пешгирӣ кунем. Шахсияти инсон мукаррам аст. Ислом мегўяд, бояд инсон раҳмдил бошад, бо дасту забонаш касеро озор надиҳад, ҳатто сабзаи рўидае аз ў озор набинад. Ислом касеро ба зулму ситам, хунрезӣ далолат накардааст.

Хайёмиддин Исмоилов-сарвари маҳфили «Тарғиботчиёни ҷавон»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд: - Ҷавоне ба Паёмбари акрам (с) суол дод. - Мехоҳам, дар роҳи ислом ҷиҳод кунам. Чӣ корҳоро бояд анҷом диҳам? Паёмбари акрам (с) гуфтанд: -Падару модар дорӣ? Гуфт:-Оре. Гуфтанд: -Бирав, хизмати падару модари худ, хизмати Ватани худро адо кун, ки ҷиҳод ҳамин аст.

Имрўз даҳҳо ҷавонони тоҷик дар Сурияву Яман ба қадри ду неъмати бебаҳо-тинҷиву оромӣ ва саломатӣ дар кишварамон нарасида, дар мулки бегона машғули ҷанг ҳастанд. Он ҷо муборизаи ду мазҳаб, шиаву суннӣ давом мекунад. Мо, ки дар - мазҳаби Имоми Аъзам ҳастем, бояд волоияти онро ба мардум фаҳмонем.

Мунаввара Ҳакимова, дотсенти ка- федраи психологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд: - Дини ислом дини тозагиву покизагӣ, одобу ахлоқи ҳамида аст. Вале афсўс, инро бархе аз ҷавонон нодуруст мефаҳманд. Ҳар як инсон дар ҳаёт соҳиби эътиқоде аст. Ҳамчун равоншинос гуфтаниам, ки ҷавонони зудбовар ва шуурашон паст ва ё ононе, ки дар бораи дин дониши васеъ надоранд, ба чунин равияҳои нодуруст зуд дода мешаванд. Дар ин самт нақши асосиро бояд волидон, бахусус модарон бозанд, ба тарбияи фарзанд диққати ҷиддӣ диҳанд.

Нодира Турдиматова, сардори шўъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят: - Занонро посдори чароғи хонадон мегўянд. Дини мубини ислом инсонҳоро ба эҳтироми якдигар, тозагию покизагӣ ҳидоят мекунад. Вобаста ба тарбияи фарзанд инро мо бояд ба назар гирем. Имрўз вазифа ва масъулияти аввалиндараҷаи волидон он аст, ки фарзандонро дар рўҳияи ватандўстӣ, дар рўҳияи дини ислом, ки ин қадар хислатҳои неки инсониро таълим медиҳад, тарбия намоем.

Мирзосодиқ Сангинов, донишҷўи факултаи табиатшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд: - Дар ин робитаҳо пешниҳоде доштам, ки хуб мешуд, дар макотиби олӣ дарси маърифати динӣ ҷорӣ гардад, то ки ҷавонон аз мўҳтаво ва умқи дини мубини ислом огоҳ бошанд.

Саидмукаррам Абдуқодирзода: раи-си Маркази Исломии Ҷумҳурии Тоҷикис-тон: - Доир ба ин масъала дар сатҳи ҷумҳурӣ омодагиҳо идома дорад. Минбаъд дар синфҳои 8-9-10-11 чунин фанро ҷорӣ карданием.

Ўғулой Умаралиева - устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров: - Имрўз айём тақозо мекунад, ки маърифати динии мардумро баланд бардорем. Баробари ин маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро низ бояд баланд бардошт, ки ба ин васила дастовардҳои истиқлолият, сулҳу суботро дар мамлакатамон ҳифз намоем. Ҳифзи арзишҳои миллиамон дар дасти мо, имрўзиён аст.

Зафар Абдуллозода, корманди прокуратура: -Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зиёда аз 50 нафар шаҳрвандони вилояти Суғд дар мамолики Ироқ, минтақаи Вазиристони Покистон ва дигар ҷойҳо дар муҳорибаҳо иштирок ва омодагии ҳарбӣ гирифта истодаанд. Ин нафарон киҳоанд? Инҳо ҳамватанони мо мебошанд ва тавре санҷишҳо собит сохтанд, ин шаҳрвандон соҳиби маълумоти миёна ва ё нопурра мебошанд, аз оилаҳои камбизоат ва шароити зиндагиашон вазнинанд ва ба гурўҳҳои экстремистиву террористӣ шомил шудаанд. Ба онҳое, ки дар атрофамон умр ба сар мебаранд, бепарво набошем.

Нурулло Fиёсов, устоди ДДҲБСТ: - Бо истифода аз ҳузури раиси Маркази исломии мамлакат изҳори андеша карданиам, ки агар ба таърих нигарем, зиддияти байни мазҳабҳои шиаву суннӣ асрҳо идома ёфтаанд ва дар ин раванд хунрезиҳо, воқеаҳои пурдаҳшат рух додаанд. Барои он ки чунин воқеаҳои фоҷиабор дар мамлакати мо низ рўй надиҳад, мо бояд ба ислом баҳои дурусту ҳаққонӣ дода тавонем. Аслан, пеш аз ҳама ду исломро бояд фарқ кард-исломи воқеӣ ва исломи сиёсӣ. Мо, тоҷикон, агар меросбарони гузаштагонамон, аз Имом Бухорӣ сар карда бошем, бояд ин мероси аҷдодонамонро идома бахшем. Пеш аз ҳама, сиёсишавии ислом ва ҷаҳолат боиси нофаҳмиҳо, сар задани зиддиятҳо шуда истодааст. Ба хотири илм, ки илми мо дар заминаҳои дин тараққӣ карда истодааст, мо ин асосҳоро қатъи назар карда наметавонем. Исломи воқеиро, ки асосаш покизагист, авлавияти илм аст, то ба мардум расонем. Дар ин самт мутахассисонро тайёр кунем.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода: - Рост гуфтед, зиддияти байни мазҳабҳои шиаву суннӣ ҳанўз аз асрҳои Х-ХI вуҷуд дошт. Вале онҳо хусусияти минтақавӣ доштанд. Имрўз вазъият дигар аст. Он ба муаммо табдил ёфтааст. Ба ин нооромиҳо дар Яман, Баҳрайн, Ироқ, Сурия, Миср ва дигар кишварҳо мисол аст. Имрўз ин зиддиятҳо барои ҷаҳон зуҳуроти хатарзо гаштааст ва масъалаи ҳалталаб он аст, ки ваҳдати исломӣ ба вуҷуд оварда шавад.

Абдуҳаким Шарифов: - Беш аз як аср қабл устод Садриддин Айнӣ гуфта буданд: - Ислом дини мост. Тоҷикистон замини нашъунумўи мост. Имрўз масъулияти ҳар яки мо, шаҳрвандони ин сарзамин аст, ки динамонро арҷгузорӣ кунем, баҳри шукуфоии Тоҷикистони азизамон кўшиш намоем.

Нигоранда Рафоат МЎЪМИНОВА

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh