Ҷашни боргоҳи ҳунар

Дирўз дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ба муносибати 80 - солагии таъсисёбии ин боргоҳи ҳунар чорабинии мутантан баргузор гардид, ки дар он намояндагони фарҳанг ва ҳунари вилоят иштирок доштанд.

 Муовини Раиси вилоят Раънохон Маҳмудзода Паёми табрикии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодириро ба муносибати ин санаи хотирмон баён дошта, аз ҷумла зикр кард, ки санъати театрӣ дар ҳар давру замон ҳамқадаму илҳомбахши зиндагии мардум буда, имрўзҳо низ нақши он дар рушду такомули ҳаёти ҷомеа бештар намудор мегардад.

Номаи шодбошии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро ба аҳли театр муовини раиси шаҳри Хуҷанд Умедахон Муродова расонида, нақши муҳим ва манзалати театри тоҷик, аз ҷумла Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандиро дар ҷомеаи муосир зикр дошт.

Ҳамзамон, дар тантана Сардори Раёсати фарҳанги вилоят Ориф Набиев сухан ронда, ба самъи кормандони театр ва аҳли ҳунари вилоят номаи табрикотии роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро ироа намуд ва ба якчанд ҳунармандону кормандони театр Ифтихорномаи Раёсати фарҳанги вилоятро тақдим дошт.

Ҳунармандони театр ба муносибати ин ҷашни бошукўҳ барномаи тозаи ҳунариро, ки бозгўи таърихи театр, асарҳои ба саҳна гузошта ва қаҳрамонони он буд, ба аҳли толор пешниҳод намуданд, ки гарм истиқбол ёфт.

Мавриди зикр аст, ки Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ яке аз нахустин муассисаҳои фарҳангии тоҷик буда, 80 сол муқаддам бо ташаббуси гурўҳи ҳаваскорони санъат таъсис ёфта буд. Дар рушду нумўи театр Ҳунармандони мардумии Тоҷикистон Ойдиной Усмонова, Мўътабар Иброҳимова, Одилҷон Назаров, Ҷўрабек Набиев, Сайрам Исоева, Зебо Аминзода, Ислом Саломов, Даврон Алиматов, Зулфия Тўйчиева ва дигарон саҳми шоиста гузоштаанд.

Хабарнигори “Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh