Абдураҳмони Ҷомӣ дар муколамаи фарҳангҳо

Бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва дастгирии бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии вилоят санаи 3-юми ноябри соли равон дар Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ расмикушоди ҳамоиши байналмилалии «Ҷойгоҳи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар муколамаи фарҳангҳо» баргузор гардид.

 Ҷаласаи ифтитоҳии ҳамоиши байналмилалиро ба ифтихори 600-солагии зодрўзи адиб ва мутафаккири бузурги форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Анвар Мақсудов оғоз бахшида, меҳмонон ва иштирокдорони анҷуманро хайрамақдам гуфт.

Сипас Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ сухан карда, баргузории чунин ҳамоиши бонуфузи байналмилалиро дар вилояти Суғд аз падидаҳои неки сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати кишвар арзёбӣ кард ва ба кори ҳамоиш барор хост.

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Носирҷон Салимов зимни маърўзаи пурмўҳтавои хеш саҳми шоистаи Мавлоно Ҷомиро дар рушди адабиёти форсу тоҷик собит намуд.

Донишманди маъруф, ховаршинос ва муҳаққиқи адабиёти тоҷик дар Аврупо, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Александр Ҳейзер дар мавриди шинохти Абдураҳмони Ҷомӣ дар кишварҳои Аврупо, бавижа Олмон, сухан карда, қайд кард, ки ҳанўз 350 сол қабл аз ин Ҷомӣ Аврупову Олмонро тасхир намудааст ва то ба имрўз муҳаббати хонандагони ин манотиқ бештар аз пештар аст.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон М.Имомов баргузории ҳамоишро дар арафаи ҷашни 20-солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон фоли нек арзёбӣ кард.

Иштирокдорони ҷаласа оид ба шинохти андешаҳои ҷаҳонсозии Абдураҳмони Ҷомӣ ва ниёзҳои ҷомеаи муосир аз суханронии мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нуралӣ Нуров маълумот гирифтанд.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки ҳамоиш санаҳои 3-4–уми ноябр кори худро идома медиҳад ва иштирокдорон метавонанд, дар шаш бахш: «Абдураҳмони Ҷомӣ ва суннатҳои адабии асри ХV», «Мероси илмӣ-адабии Абдураҳмони Ҷомӣ», «Абдураҳмони Ҷомӣ: пайвандҳои адабӣ ва адабиёти татбиқӣ», «Абдураҳмони Ҷомӣ ва масъалаҳои забоншиносӣ», «Таърих ва фарҳанги замони Абдураҳмони Ҷомӣ», «Сиёсат, фалсафа, иҷтимоиёт ва ахлоқ» мубоҳисаҳои илмӣ доир намоянд.

Сурайё ҲАКИМОВА

Add comment


Security code
Refresh