Муаррифии аввалин аудиоспектакл-променад дар Тоҷикистон
- Details
- Published on Tuesday, 23 July 2024 10:23
Чанде пеш дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд аввалин аудиоспектакл-променад бо номи «Эхо Худжанда» барои доираи васеи сайёҳон, ки тариқи садо дар бораи таъриху фарҳанги шаҳр нақл мекунад, муаррифӣ гардид. Лоиҳа бо дастгирии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ва ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии “Равобит” амалӣ шуда, барои ҳифзу шиносонидани ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Хуҷандшаҳр равона шудааст.
Мо низ дар рӯнамоии лоиҳаи “Эхо Худжанда” ширкат варзида, бо гӯшак (наушники) нақли аудиоиро дар хатсайри муайяни он, ки аз осорхонаи таърихии вилоят оғоз ёфта, то Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ давом мекунад, шунидем. Инак, нақл мекунем, ки аввалин саёҳат бо аудиоспектакл дар ин макон чӣ гуна буд ва кадом эҳсосотро дар пай дошт.
Аудиоспектакл-променад яке аз форматҳои маъмул дар осорхонаҳои кишварҳои Аврупо аст, ки барои доири васеи сайёҳон дастрас аст. Дар он унсурҳои саҳнаҳои театрӣ ва факту далели таърихӣ, ки роҳбаладҳо барои сайёҳон нақл мекунанд, ҷо дода мешавад.
Сайёҳон ҳангоми сайр нақлҳои ҷолиби овозиро тариқи гӯшак шунида, дар бораи мавзеи сайршаванда тасаввурот пайдо мекунанд. Лоиҳаи “Эхо Худжанда” низ дар чунин формат таҳия шуда, чанд махсусият дорад.
Сайёҳону меҳмонони шаҳри Хуҷанд ҳангоми омадан ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд имкон доранд, ки бо гӯш кардани нақли пуртаъсир аз дирӯзу имрӯзи шаҳр, ки бо коркарди мусиқӣ омода шудааст, маълумот ёбанд.
Муҳтавои он барои аудиторияи васеъ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастрасу фаҳмо буда, арзиши таърихиву омӯзишӣ низ дорад. Ҳар шунавандаро ба тарзи интерактивӣ бо таъриху фарҳанги шаҳр шинос мекунад.
Ҳамакнун, дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд тартиби истифодабарии таҷҳизоти аудиошунавӣ муқаррар шуда, ҳамарӯза аз соати 10 то 18 барои хизматрасонӣ пешниҳод мешавад. Нархи он барои сокинон 10 сомонӣ ва барои хориҷиён 30 сомонӣ мебошад.
Дар оғози рӯнамоии лоиҳаи “Эхо Худжанда”директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳим Иброҳимов аз амалӣ шудани ташаббуси саривақтӣ дар Осорхонаи вилоятӣ изҳори қаноатмандӣ кард.
- Мо имрӯзро дер боз интизор будем. Татбиқ шудани аудиоспектакл барои муассисаи мо навоварӣ аст.
Аз оғози соли 2024 барои тайёр шудани он якҷо бо Ташкилоти ҷамъиятии “Равобит”, ки роҳбарии онро Фирӯза Мирҷумъаева бар уҳда дорад, кор кардем. Барои татбиқ шудани лоиҳаи “Эхо Худжанда” ба директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон бону Саломе Штайб, ба директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода ва ба аҳли созандагони лоиҳа изҳори сипос мегӯям.
Ҳадафи асосии татбиқи ташаббуси мазкур ба хотири рушди соҳаи фарҳанг ва ба сокинону сайёҳон бо роҳи наву ҷолиб муаррифӣ кардани мероси гаронбаҳои халқи тоҷик мебошад. Дар оянда нақша дорем, ки аудиоспектаклро боз бо забонҳои чинӣ, олмонӣ, фаронсавӣ ва ӯзбекӣ тарҷума карда, барои сайёҳон пешкаш кунем, - илова кард Иброҳим Иброҳимов.
Директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон бону Саломе Штайб низ аз муҳим будани густариши равобити фарҳангӣ, сайёҳӣ ва шабеҳ будани табиати Тоҷикистону кишвараш, гуфт. Ӯ шаҳри Хуҷандро шаҳри фарҳангии Тоҷикистон номид ва изҳори хурсандӣ кард, ки одамони минтақа барои ояндаи дурахшони кишварашон талош доранд.
- Ташаббуси эҷод кардани аудиоспектакл дар бораи таърихи Хуҷанд нафақат барои сайёҳони хориҷӣ, балки барои сокинони дигар манотиқи Тоҷикистон муфид хоҳад буд. Дар маҷмӯъ, барои пешрафти соҳаи сайёҳӣ ва фарҳанг таъсири мусбат хоҳад расонид.
Масалан, чанде пеш аз як духтараки фаъоли тоҷик дар бораи таъриху фарҳанги шаҳри Хуҷанд пурсидам. Ӯ то ҳол дар ин шаҳр набудааст.
Ҳайрон мондам, ки чаро аз таърихи бойи як қисми таърихии ватанаш огоҳӣ надорад. Фикр мекунам, ки лоиҳаи мо ба қадре мусоидат мекунад, то мероси ғании фарҳангӣ дар форматҳои нави рақамишуда ҳифз шуда, ба доираи васеи шаҳрвандон дастрас бошад. Тариқи он насли имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва сайёҳон дар бораи яке аз шаҳрҳои таърихӣ ва бостонии Тоҷикистон - Хуҷанд маълумоти ҷолиб пайдо кунанд.
Бояд гуфт, ки Швейтсария дар давоми 16 сол дар соҳаи фарҳанг ва санъат сармоягузорӣ мекунад. Мо хурсандем, агар лоиҳаҳои дар ин самт дастгирикардаамон идома ёбанд, - иброз дошт бону Саломе Штайб.
Дар идома ӯ гуфт, ки кишвари Швейтсария дар доираи муносибатҳои дипломатӣ, ки аз он 32 сол пур мешавад, дар дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим низ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст. Мисол, лоиҳаҳои дар самти захираҳои об, пешгирӣ аз офтаҳои табиӣ, ҳуқуқи инсон ва ғайра амалӣ шудааст.
Ҳамчунин, лоиҳаи мониторинги пиряхҳо ҷараён дорад, ки дар партави ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба обу пиряхҳо самаровар хоҳад буд.
Баъдан расман 20 гӯшак, ки бо он аудиоспектакл шунавонида мешавад, ба маъмурияти осорхона супорида шуд.
Онро 20 нафар меҳмон, аз ҷумла Бону Саломе Штайб, Зеваршо Иброҳимзода, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ бо роҳбари мудири шуъбаи сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дигарон гӯш карда, аз рӯйи хатсайре, аудиоспектакл нақл мекунад, ба тамошо баромаданд. Яке аз гӯшакҳо барои истифодаи ман ҳам расид. Он лаҳза барои эҳтироми меҳмони фахрӣ нақлро бо забони англисӣ интихоб шуд.
Дар аудиоспектакл, ки 45 дақиқаро дар бар мегирад, маълумоти муфассал ҷо дода шудааст. Дар ҳар мавзӯъ факту далели мушаххас ҳам ҳаст. Мисол, дар оғоз дар бораи таърихи пайдоиши шаҳр ва ҳуҷумҳои душманон нақл мешавад.
Дар пасманзари овози нақлкунанда ва мусиқии асосӣ садои ваҳмангези лашкар, шиҳакашии аспҳо, ба ҳам задани дами шамшери ҷанговаронро шунидан мумкин аст.
Ё сайёҳ ҳангоми расидан ба назди муҷассамаи қаҳрамонҳои филми “Ман бо духтаре вохӯрдам” - Лола ва Саид порчае аз суҳбати ин филмро мешунавад. Гуфтугӯи ин ду персонаж низ ба англисӣ тарҷума шудааст. Оҳангу суруди асосии ин филм ҳам дар пасманзари сухани ноқил садо медиҳад, ки аз фарҳангу санъати мусиқии халқи тоҷик ёдоварӣ мекунад.
Ровӣ дар бораи 7 фарзанди барӯманди халқи тоҷик, ки дар маҷмӯи нимпайкараҳои шахсиятҳои таърихии дар соҳили дарёи Сир қомат афрохтааст, нақл мекунад. То расидан ба ин нимпайкараҳо дар бораи жанри шашмақом низ маълумоти мухтасар дода, порчае аз суруди машҳури Боймуҳаммад Ниёзов гузошта шудааст.
Вақте ба айвонҳои кандакоришудаи Боғи Камоли Хуҷандӣ наздик шудем, худро дар устохонаи устои кандакор тасаввур кардем. Зеро дар аудиспектакл баробари маълумот додан дар бораи ин ҳунари қадимаи мардуми тоҷик боз ин садоҳоро шунидан мумкин буд; чӯбтарошии усто бо исканаву теша, нақшкашиву рангпошӣ дар чӯб ва ҳоказо.
Муаттархон Баширова тарҷумони ҳирфаӣ, ки дар рӯнамоии лоиҳаи “Эхо Худжанда” ширкат варзид, пас аз гӯш кардани аудиоспектакл гуфт, ки забон ва тарзи талаффузи ноқил ба забони англисӣ ҳирфаӣ аст. Барои хориҷиён фаҳмову дастрас хоҳад буд. Ба бовари вай, унсурҳои фолклорӣ нақлро ҷолибу фарқкунанда кардааст.
Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Равобит” Фирӯза Мирҷумъаева зимни суҳбат гуфт, ки 6 моҳ барои таҳияи аудиоспектакл кор карданд. Эҷоди сенария дар асоси маводи таърихӣ, тарҷумаи он ба забонҳои русиву англисӣ, сабту танзим, коркади мусиқӣ кори аҳлона ва ҷиддиро талаб мекард.
Мисол, барои мо оҳанг ва садоро аз коргоҳҳои мардумии ҳунармандони деҳаи Рӯмон, ки дар гузашта яке аз маҳалҳои шаҳри Хуҷанд буд, дастрас карданд. Мо дар аввал ният доштем, ки хатсайри аудиоспектакл аз бозори Панҷшанбе шурӯъ шавад ва то Хона –музейи Камоли Хуҷандӣ давом кунад. Аммо объект, ки хеле калон буд, вақту имкони зиёдеро талаб мекард.
Аз ин рӯ, бо машварати роҳбари осорхона ба қарор омадем, ки дар аввал танҳо дар масири зерин аудиоспектаклро таҳия кунем:
1. Осорхона
2. Хатти доиравии тасаввурии кураи Замин (Меридиан 0 )
3. Дарвозаи Боғ
4. Ҷӯйбори Раззоқ
5. Муҷассамаи “Ман бо духтаре вохӯрдам”
6. Маҷмӯи нимпайкараҳои шахсиятҳои таърихӣ (колонадда)
7. Айвонҳои кандакоришуда
8. Муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ
9. Мақбараи Камоли Хуҷандӣ
10. Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ.
Ёдовар мешавем, ки аудиоспектакл-променад яке аз жанрҳои театриест, ки иштирокдори асосии он худи тамошибин мебошад. Он солҳои 2000 – ум дар Аврупо пайдо шуда, аллакай, дар кишварҳои Британияи Кабир, Фаронса, Олмон ва Италия серистифода аст. Инак, бори нахуст он дар Тоҷикистон, дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд муаррифӣ гардид.
Файзуллохон ОБИДОВ,
"Ҳақиқати Суғд"