Зи пайғоми муҳаббат аҳли оламро хабар созам

(андешаҳо перомуни вижагиҳои ҳунариву сохтории ашъори Баҳром Мирсаид, дар ҳошияи китоби «Сафинаи Баҳром», Хуҷанд, 2022)

 «Сафинаи Баҳром» маҷмуаи нахустини шоир ва муҳаққиқ, узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Мирсаид буда, фарогири шеъру ғазалҳо, рубоиву дубайтиҳо ва муфрадоти шоир мебошад.

Китоб баёнгари тафаккури бадеии суханвар ва бозёфтҳои шоиронаи муаллиф буда, аз бахшҳои  «Боргоҳи муҳаббат» –шеърҳо дар ситоиши Ватан, сулҳу озодиву ободӣ, «Зўри дунё»- дар ситоиши маърифати модар ва зан, «Амвоҷи тараннум», «Шаҳомати ғазал»- силсилаи ғазалиёт, «Урметаннома» - ёдгориҳои кўдакиву наврасиҳои ширин, «Рубоиёту дубайтиҳо», «Дурҷи ошноӣ» - меҳрномаҳо, «Барои китоби мактабӣ», «Муфрадоти гул, булбул ва бод» таркиб ёфтааст. Шоир дар нигоштаҳои хеш меҳру ихлоси саршори худро ба Ватан - Модар, дўстию рафоқат, ишқу садоқат, покиву ростӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ иброз намудааст.

Шеър барои шоир ҷаҳони андеша ва руъёву хаёл аст. Ва чуноне Муҳаммадалии Аҷамӣ ба ин нукта ишора мекунад «барои дарёфт ва кашфи шеър шоир бояд биандешад, бояд тафаккур кунад» ва ҳар қадар андешаву тафаккури шоир жарфтар бошад, ҳамон қадар шеъри баланд хоҳад гуфт. Пас ба ин андеша наметавон розӣ набуд, ки муҳимтарин омил дар кори шеър ва ҳунари шоирӣ «азамати андеша ва шукуҳи тафаккур аст».

Баҳром Мирсаид ин нуктаро ба хубӣ дарк мекунад ва талош бар он дорад, ки шеъраш аз «фақру ақибмондагии андеша» дур бошад. Чун худ адабиётшинос аст, медонад, ки «андеша ва тафаккур дар кори шеър мадду ҷазрҳои худро дорад. Андешаи шоир як навъи нигариш, як навъи таҳқиқ, як навъи маъно кардани шеър дар шеър аст». Ин аст, ки бо дарки рисолати шеър ва масъулияти шоир аз падари шеъри форсӣ, устод Рўдакӣ дуои раҳ мехоҳад ва мегўяд:

Устод Рўдакӣ, ту дуои раҳам бидеҳ,

Шогирди мактаби шуарои Аҷам шудам.

Асли шеър ғоя ва дарунмояи он аст. Мавзуву мундариҷаест, ки нигоҳи мутафовити шоирро ташхис медиҳад. Дар нигоштаҳои маҷмуаи «Сафинаи Баҳром» мавзуъҳои гуногун мавриди таваҷҷуҳи суханвар қарор гирифта, нигоранда мувофиқ ба вазъи иҷтимоии замон, бо руҳияи баланди миллӣ, бо баёни содаву рўшан ба ташреҳи бадеии ҳақиқат пардохтааст.

Ватан ва муҳаббати диёр дар нигоштаҳои шоир ҷойгоҳи вижаро соҳиб аст. Таваҷҷуҳи муаллиф ба мазомини ватанхоҳонаи шеъраш мутантану ҳаяҷонбахш аст. Ин мавзуъ дар шеъри шоир як ҷилваи зоҳирӣ нест, балки муҳтавои комил аст ва шоир содиқона мегўяд:

Ватан сарчашмаи аз ишқ саршор аст,

Ватан арзандаи тавсифи такрор аст.

Хонандаи закӣ ва хушзавқ дарк мекунад, ки чи қадар садоқат ва муҳаббат пушти ин ҳарфҳо ниҳон аст. Садоқат ва муҳаббате, ки бо шоир таваллуд шудааст ва ҳамроҳаш бузург гардида. Сулҳу ваҳдати меҳан барои ў азизу гиромист ва бо ифтихор мегўяд:

Биё, як ҷо зи ваҳдат месароем,

Зи ободиву нусрат месароем.

Чу дар рўи ҷаҳон шуҳрат фузудем,

Кунун аз бахти миллат месароем.

Шоир дар тараннуми меҳри Ватан ба арзишҳои маърифативу маънавӣ авлавият медиҳад ва хонандаро ба гиромидошти арзишҳои милливу фарҳангӣ даъват мекунад:

Аз мардуми доно буд, пайғом ба дунё шуд,

Чун муждаи Маздо буд, ойинаи дилҳо шуд.

Наврўз Каёнӣ буд, ойини ҷаҳонӣ шуд,

Чун ойини воло буд, ойини муросо шуд.

Аз ёр хабар омад, Наврўз ҷаҳонӣ шуд,

Аз хор самар омад, Наврўз ҷаҳонӣ шуд.

Воқеан, ғояҳои олии замон - сулҳу ваҳдат, озодиву ободии Тоҷикистон, дўстиву рафоқат мазмуни нигоштаҳои маҷмуаи «Сафинаи Баҳром»-ро рангинтару муассиртар  намудаанд.

Зан – модар, тараннуми бузургии фариштаи рўи замин низ дар эҷодиёти Баҳром Мирсаид ҷойгоҳи арзишмандеро соҳиб аст. Шеъраш лабрез  аз таҷалливу ҷилои меҳри модар аст ва ин мавзуъ

ҷавҳари асливу мондагори ашъораш аст:

Кист он ҳур, ки аз арш расида ба замин?

Ўст модар, ки расад пеш ба фирдавси барин!

Шоир таъкид мекунад, ки зани бомаърифат оқилу доно чароғи хонадон ва нури равшани рўзгор аст:

Агар зан оқилу фарзона бошад,

Чароғи маърифат дар хона бошад.

Миёни шеърҳои ин даста ғазали «Модарам Каъба надидасту Ҳиҷоз аст дилаш» бисёр руҳнавоз аст, зеро дар он шоир бо маҳорати хос симои модар ва тамоми ҳастии ўро тасвир мекунад:

Модарам пайкари имону намоз аст дилаш,

Қиссаи ишқи Худо дуру дароз аст дилаш.

Он қадар ранҷи ҷигаргўша азобаш бидиҳад,

То абад коргаҳи сўзу гудоз аст дилаш.

Як ба як қисмати фарзанд китоби дигар аст,

Номаи занги дили созу навоз аст дилаш.

Суннати зиндагии Шарқ назокатасарест,

Маънию маърифати нозу ниёз аст дилаш.

Хоки поки қадамашро ба дари дида барам,

Рўзу шаб баҳри дуо маъбади боз аст дилаш.

Каъбаро дар ҳарами ёди Худо хоҳад ёфт,

Модарам, Каъба надидасту Ҳиҷоз аст дилаш.

Ин ғазал тасвирест, саршор аз рангҳои бовару эътимоду умеди модар ва муҳаббати фарзанд.

Инъикоси масъалаҳои иҷтимоӣ, муаммову мушкили ҷомеа аз рисолатҳои аслии шеър аст. Инъикоси руҳи замон дар шеър хеле муҳим аст. Муҳимтар аз ҳама чигунагии вазъи иҷтимоии замон ба чӣ гуфтани шоир таъсир мегузорад. Баҳром Мирсаид чун шоири замони хеш  ба масоили иҷтимоии ҷомеа бетараф набуда, дардҳои башариро ба риштаи тасвир мекашад.

Дар шеъри «Бори гарони башар бар дўши осмон вазнин аст» ё «Дурўғи мобилӣ» менависад, ки дурўғҳои мо тавассути амвоҷ осмони покро низ меолоянд. Яъне агар башар бо моддиёт заминро нопок созад, фалакро бо ҳарфу гуфтори хабис пур мекунад:

Пас дурўғҳои мо

Ки осмон лабрези он аст

Ва уқёнуси фалак

Аз амвоҷи ҳуруфи ботили мо, ки лаб мезанад,

Инқилоби кайҳонӣ нахоҳад сохт?

Магар фариштагон аз нахлҳои тундрустаи

Ҳарфи дурўғини мо пешпо намехўранд?

Тифли гунаҳи осиён на аз шарми покон аст.

Бешак, муҳтаво, қолаб, шакл, тасвиру баён, ки аз тафаккури шоирона берун меояд ба ҳунари офарандагӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Ҳунари шоирӣ имкон медиҳад, ки шоир дар кашфи маъниҳо аз тасвирҳои тоза бархурдор бошад. Сабк ва шеваи баёни худро пайдо кунад. Зимнан чуноне ки Ромизи Абдуллоҳ қайд мекунад «шаклгириву маънисозиҳои шоирона шуурнокӣ ва вусъатёбии ҳунари гўяндаро»  таъмин менамояд.

Мо дар вусъати ҳунари шоир Баҳром Мирсаид зуҳури тасвирҳои муассирро зиёд мебинем ва ин шева шоистаи таваҷҷуҳ аст:

Симфониёи омаданат ёд кардаам,

Кафшат садои тақ-тақи мармар намекунад?!

Тахайюли шоирона дар байти зер шитоби зиндагиро зебо ба қалами тасвир меорад, ба «мўйи гардун бастани бод» бозёфти зебои шоирона аст, ки зеҳни хонандаро навозиш мекунад:

Худо ба мўйи гардун бод бастаст,

Аз ин рў дар шитобу кор будаст.

Ё дар ин байт ибораи «тўмори сабзи кокули занҷир» барои халқи як матлаби зебо ва исботи сафои вуҷуди ошиқ дилчасп ба кор рафтааст:

Он қадр покбозаму покизадил зи меҳр

Тўмори сабзи кокули занҷир мешавам.

Бояд зикр кард, ки лавҳанигориву мушоҳидапардозӣ ва тасвири муассиру пурҷозиба ҳамчун ҷавҳару рисолати шеъри ин суханвар бозтоб шудаанд. Ин аст, ки калимаву таркибот ва тасвиру рангомезиҳои шоиронаи Баҳром Мирсаид аз маҳорати нигорандаи андешаманду мудерн  хабар медиҳанд:

Ваъдаи пурдурўғи ту, мекушадам нигори ман,

Диски дигар намезанӣ хотираи харобро.

Шоир Баҳром Мирсаид ишқро хостгоҳи ҳақиқат медонад ва шоирона модарро аслу ҳавасро доя – фаръи олами маъно мешуморад. Ин ҳадшиносӣ аз тафаккури суханвари соҳибфикрат берун меояд:

Ишқ аз хандаву аз лутф ягон доя напардохтааст.

Ишқ бо ширу ба ҷонмодарамон сохтааст.

Яке аз вижагиҳои барҷастаи ашъори Баҳром Мирсаид фаровон ва ҳунармандона истифода шудани санъатҳои бадеӣ мебошад, ки аз лутфи сухан, баёни мазмунҳои тоза, каломи ҷозибадор, аз маҳорати баланди сухангустарии шоир дарак медиҳад. Шеърҳои ин маҷмуа аз тасвири бикр, аз мусиқӣ, санъатҳои бадеии ташбеҳ, талмеҳ, ташхис, таҷнис, ирсоли масал, тазоду муқобала, парадокс саршор аст. Ҳунари шоирӣ тасвири шеърро дар фазои тоза ҷилва медиҳад. Камоли андеша ва баёни зебо муҳтаворо муассир месозад.

Дар миёни санъатҳои бадеӣ, ташбеҳ аз зеботарин ангезаи хаёлист, ки дар зеҳни мухотаб таъсири мондагор мегузорад. Дар маҷмуаи «Сафинаи Баҳром» касрати истифодаи ташбеҳ лоиқи таваҷҷуҳ аст. Шоир бо маҳорати хос ташбеҳҳои муосиру муассирро эҷод кардааст. Ташбеҳ, яъне монанд кардани чизе ба чизи дигар, ки бо доштани сифат ё сифоти ягона  бо ҳам муштарак мебошанд. Воқеан, ташбеҳ шевае аз тахайюл аст. Дар илми баён монанд кардани чизе ба чизе мешиносанд. Яъне бояд ду чизро, ки дар воқеъ ба якдигар чандон шабеҳ нестанд ё лоақал шабоҳати ошкоро надоранд, ба ҳам монанд кунем.

Зебоии ташбеҳ дар такомулу тараққии ашъори шоирон хидмати мондагор дорад ва бештаре аз шоирону нависандагон ба василаи он дилнишинтарин тасвирҳои хешро офаридаанд. Ҳамин зебоии ташбеҳ ва имконоти тасвирофаринӣ тавассути ин санъати бадеӣ  боис шуда, ки  дар каломи шоирони гузаштаву муосир ба касрат истифода шавад. Баҳром Мирсаид низ санъати ташбеҳро басо дилнишину хотирмон ба кор мебарад ва ташбеҳҳои  ў шоистаи тавсифанд.

Моҳист ҷон, ки метапад андар бадан ба хун,

Моҳӣ чу ҷон ба синаи дарё тапиданист.

Дар маҷмуаи «Сафинаи Баҳром» тамоми намудҳои ташбеҳ ба назар расида, шоир барои ороставу пероста баён намудани андешаҳои хеш аз ин санъати бадеӣ бо равишҳои мухталиф истифода кардааст. Аз ҷумла, дар байти зер  шоир салтанати бе адолатро ба гарди рухи оина монанд мекунад:

Салтанат бе адл чун гарди рухи оина аст,

Халқро ин ранҷ маҳруми саодат мекунад.

Мусаллам аст, ки ташбеҳ аз сохтори муайяне таркиб меёбад ва монандшавандаву монандкунанда, ваҷҳи ташбеҳ ва адоти ташбеҳ иборат аст. Дар ғазалҳои Баҳром Мирсаид барои ифодаи ташбеҳи равшан, ки ташбеҳи мутлақ низ мегўянд, адоти ташбеҳ  «чун», «чу», «монанди», «мисли» зиёд истифода мешаванд.

Ташбеҳи пўшидаи байти зерин низ хеле ҷолиб аст:

Дарёнигаҳо, ба дидаи боронӣ,

Аз мўйи дарози зарфишонат гардам.

Дигар аз санъатҳои бадеие, ки дар шеъри Баҳром Мирсаид ба касрат мушоҳида мешавад, санъати талмеҳ мебошад. Талмеҳ санъати маънавӣ аст, ки ба қиссаҳои маъруфу ибратомез, масали машҳур, воқеа, шахсиятҳои таърихию асотирӣ ва монанди инҳо назар афкандан ва ба ин восита бо лафзи андаку маъонии бисёр баён кардани матлаб аст. Ишора ба оятҳои Қуръонию аҳодиси набавӣ низ талмеҳ аст. Ишора ба шоирону ҳакимон ва донишмандонро низ метавон санъати талмеҳ шинохт. Дар шеърҳои маҷмуаи «Сафинаи Баҳром» шоирону ҳакимон, донишмандону қаҳрамонон чун рамзи донишу хирад  барои баёни андешаҳо зиёд талмеҳ шудаанд, ки бисёр ҷолиб аст:

Ба хоби орзуҳои Бухоро,

Барои Ибни Сино гиря кардам.

Талмеҳи пайғамбарон, монанди Сулаймон, Исо, Юсуф, Нуҳ низ ҳунармандона сурат гирифта, ҳар яке аз ин пайғамбарон бо  муъҷизаҳояшон бо тахайюли шоирон талмеҳ шудаанд:

Ишқ само мебарад, ақл қафо мекашад,

Муҳри Сулаймон куҷо наъра занам бодро.

Одаму Ҳавво, Лайливу Маҷнун, Хусраву Ширину Фарҳод, Юсуфу Зулайхо чун намоди ишқу садоқат дар эҷоди талмеҳҳои наву муассир истифодаи ҳунармандона ёфтаанд:

Юсуф, ки шаҳи ҳусн ба Мисри малакут аст,

Эъҷози Худо баҳри Зулайхои шумо нест.

Талмеҳофарӣ аз шоир дониш, истеъдод ва балоғату фасоҳат мехоҳад. Аз ин рў, ошноӣ бо истифодаи ин санъат дар ашъори Баҳром Мирсаид маълум менамояд, ки шоир тавонистааст, ки ин корро бисёр ҳунармандона ба иҷро бирасонад. Корбурди санъати тазод ва муқобала, ки ду чиз ва зиёда ашё аз лиҳози мазмун ё маънӣ зидди якдигар гузошта мешаванд, дар ашъори шоир бо камоли ҳунармандӣ эҷод шудааст.

Тазоду муқобала аз санъатҳое, ки дар муассир шудани андеша таъсири зиёд мегузорад ва ҳамин вижагӣ ин санъати бадеиро миёни эҷодкорон маҳбуб сохтааст. Тазодҳои ин маҷмуа низ бо муассирии баёни хеш ба маъниву муҳтаво таъсири амиқ гузоштаанд:

Ҳамин одам, ки одам мекушад боз,

Ба меҳри одамият зор будаст.

Зимнан гуфтанист, ки тасвирҳои парадоксӣ низ дар шеърҳои маҷмуаи «Сафинаи Баҳром» фаровон аст. Парадоксҳои эҷодшуда дар образнокии баён, дар парҳез аз такрори тасвир ва умумигўӣ, ҳамзамон муассир сохтани  шеърҳо хидмат кардааст:

Дар банди озу нафс, писар бардазодаест,

Дар баҳру банди ишқ фитад, ў ғулом нест.

Дар ашъори шоир зарбулмасалу мақолҳои халқӣ, воҳидҳои фразеологӣ низ бо ҳунармандии хос дар офариниши маънии тоза хидмат кардаанд. Мисол:

Гоҳо гумони бад ба ҳасодат фурў барад,

Девор бо кашидани нам куҳна мешавад.

Мусаллам аст, ки ҳар шоир дар коргоҳи эҷодии хеш вожаҳои дўстдошта дорад, ки дар офариниш аз онҳо зиёд истифода мекунад. Кўлбори андешаҳои Баҳром Мирсаидро бидуни вожаҳои «ишқ», «дил», «интизор», «Худо», «бўса», «дунё», «муҳаббат», «ёр», «хубон», «чашм» тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Рубоиву дубайтиҳои ин маҷмуа низ бисёр хонданӣ ва дар ёдҳо монданӣ мебошанд. Аслан бо вуҷуди маҳбубтарину маъмултарин қолаби шеърӣ будану фаровон дар адабиёти классикиву муосир эҷод шуданаш сурудани  рубоиву дубайтӣ аз гўянда маҳорати вижаро тақозо мекунад. Дар чаҳор мисраъ бо тамоми зебоӣ баён ва хулоса кардани андеша нигоҳи вижа ва тафаккури амиқро хоҳон аст. Баҳром Мирсаид ба андешаву тафаккур, ки мазҳари ҳунари шоир аст, бо сармоядорӣ дар калимот ва кашфи маъниҳои тоза ва ноб даст меёбад:

Зи чашмонат хуморам тоза гардад,

Ҷаҳон сабзу  баҳорам тоза гардад.

Чу сарвақтам расӣ фасли зимистон,

Гули рўйи мазорам тоза гардад.

«Сафинаи Баҳром» сафинаи меҳру отифа, ишқу бедорӣ, завқу ҳуш, лабрези тасвиру тахайюл, руъёву мушоҳида ва андешаву маъност, ки вуҷуди хонандаро ба сухани асил ва каломи гарму таъсиргузор ошнову мамлув месозад, зарабони ишқро месарояд ва руҳро менавозад.

Китоби ашъори Баҳром Мирсаид «Сафинаи Баҳром» бо чунин сифоту нишонаҳои  хос ба ҳунару бадеият бозгўи илҳому истеъдоди воло, донишу биниши амиқ ва завқу эҳсосибаланди шоир буда, арзандаи Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ мебошад.

Сурайё ҲАКИМОВА,

номзади илмҳои филологӣ,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh