Кинотеатри “Лола” ба таъмири куллӣ ниёз дорад

- Алҳол дар соҳаи фарҳанг чанд мушкилоти ҳалталаб мавҷуд аст, аз ҷумла эҳтиёҷ ба омӯзгорони соҳаи рассомӣ ва мусиқӣ, дар муассисаҳои фарҳангӣ сарулибоси саҳнавӣ, асбобҳои мусиқӣ, мизу курсӣ, компютер, принтер, таҷҳизоти тақвияти овоз намерасанд. Ҳамчунин мактаби санъати шаҳрҳои Истиқлол, Истаравшан, №3 – юми Хуҷанд ба таъмир ниёз доранд. Мактаби санъати бачагонаи ба номи М.Пардаеви ноҳияи Спитамен бошад, дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Аксар муассисаҳои клубӣ, хонаҳои фарҳанг ба таъмири асосӣ ниёз доранд, - иттилоъ дода шуд зимни нишасти матбуотии Раёсати фарҳанги вилоят. 

Боиси зикр аст, ки кинотеатри “Лола” воқеъ дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт низ чанд сол инҷониб ба мавзеи нообод табдил ёфтааст. Дар ин маврид сардори Раёсат иброз дошт, ки кинотеатри мазкур дар мадди назари Раёсати фарҳанги вилоят ва мақомоти маҳаллии ноҳияи Ашт қарор дорад.

Кинотеатр ба таъмири куллӣ ниёз дошта, дар назар аст, ки солҳои наздик аз таъмири куллӣ мебарояд ва ҳамчун иншооти соҳаи фарҳанг ба фаъолият оғоз мекунад. 

Алҳол дар вилоят 720 муассисаи фарҳангӣ – фароғатӣ мавҷуд аст, аз ҷумла 362 китобхона, 139 муассисаи клубӣ ва клубҳои сайёр, 95 қаср, кохҳо ва хонаҳои фарҳанг, 30 мактаби санъат, мусиқӣ ва рассомии бачагона, як осорхонаи таърихии вилоятӣ, 15 осорхонаи таърихӣ – кишваршиносӣ, 8 осорхона, 3 Маҷмааи фарҳангӣ, як амфитеатр, як маркази фарҳангӣ, 7 театри касбӣ ва 5 театри халқӣ ва амсоли ин мавҷуд аст. Ҳамчунин 1190 ёдгории таърихӣ – фарҳангӣ ва меъморӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Доир ба сохтмон ва бунёди иншооти фарҳангӣ сардори Раёсат Бахтиёр Қосимов иттилоъ дод, ки дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон бунёди мактаби бачагонаи санъат ва кушодани филиали Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд дар шаҳри Конибодом дар назар аст.

Доир ба таъмиру тармим ва азнавсозии муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои вилоят иттилоъ дода шуд, ки аксар иншооти вобаста ба соҳаи фарҳанг дар давоми соли сипарӣ таъмиру тармим шуд. Аз ҷумла Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ пас аз солҳои тӯлонӣ аз таъмири асосӣ баромад. Ҳамчунин аз ҷониби шахсони саховатпеша даромадгоҳ ва атрофи хонаи фарҳанги деҳаи Дар – Дари ноҳияи Айнӣ ба маблағи 12 000 сомонӣ ва хонаи фарҳанги Ҷамоати деҳоти Меҳрободои ноҳияи Ашт ба маблағи 8500 сомонӣ, китобхона – бахши №12 – уми деҳаи Тӯтки шаҳри Истаравшан ба маблағи 10 000 сомонӣ ва бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳристон ба маблағи 20 000 сомонӣ таъмиру тармим шуданд. Иншооти фарҳангие, ки таъмирталаб аст бо навбат таъмиру азнавсозӣ хоҳанд шуд.    

Доир ба фаъолияти китобхонаҳо иттилоъ дода шуд, ки алҳол дар миқёси вилоят 362 китобхона ба аҳолӣ хизмат расонида истодаанд. Махзани китобии китобхонаи вилоят 2602275 нусхаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2022 – ум 17840 нусха зиёд мебошанд. Ҳамчунин махзани китобхонаҳои вилоятро 148446 нусха китоби электронии нусхабардоришуда ташкил медиҳанд. 

Дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби рӯзноманигорон доир ба паҳлуҳои гуногуни соҳаи фарҳанг саволҳо пешниҳод гардиданд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”   

Add comment


Security code
Refresh