Аз ҳунар гашт рўзгор обод

Сиёсати фарҳанги давлат имрўз ба эҳёи фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ва рушди фарҳанги миллӣ равон гардидааст. Эмомалӣ Раҳмон Анъанаҳои миллӣ ва ҷашну маросимҳои мардумӣ дар ҳаёти фарҳангӣ, маънавӣ ва моддиву маишии халқи тоҷик таърихи тўлонӣ доранд.

 

Бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои миллии ниёгон, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шахсияти Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ тасмим гирифт, ки қолинбофӣ, сўзанидўзӣ, косибӣ ва дигар ҳунарҳои миллии ниёгонро дар сатҳи вилоят барқарор намояд. Ҳадафи асосии эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, пеш аз ҳама, бо ҷои кор таъмин намудани занону духтарони бекор ва бахусус, хонашин, кам кардани сафи занони муҳоҷир, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии падидаҳои номатлуб байни наврасон ва занону духтарон, ба ин васила муаррифӣ намудани ҳунарҳои миллӣ дар замони нави таърихӣ аст. Аз таърих маълум аст, ки занону духтарони тоҷик дар хонаҳо бо дўхтани сўзаниву гулдўзӣ, зардўзиву қолинбофӣ машғул гардида, рўзгорашонро пеш мебурданд. Ва имрўз низ ҳар як бонуи тоҷик аз ин санъат бояд бохабар бошад.

Аз ин нуқтаи назар, бо қарори Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар ҳамаи муассисаҳо ва мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба духтарон тарзи дўхтани либосҳои миллӣ, гулдўзӣ, чӣ тавр тайёр кардани хўроку хуришҳо бояд омўзонида шавад. Мо низ омўзгорони фанни касбу ҳунари МТМУ №21 аз рўи ин супоришҳо амал намуда, утоқи касбу ҳунарро бо тамоми таҷҳизотҳояш, бо айёниятҳои замонавӣ ҷиҳозонидем.

Дар дарсҳои технология мо, омўзгорон ба духтарон бештар дўхтани гулдўзӣ, рўймолҳо, куртаҳои миллӣ ва инчунин тайёр намудани хўрокҳои миллиро меомўзонем.

Эҳёи ҳунарҳои миллӣ дар тарбияи ҳисси меҳнатдўстиву ватанпарварии ҷавонон аҳамияти калон дошта, дар ин ҷода низ ба муваффақиятҳои беназир бояд соҳиб шавем.

Дилбар РАҲМАТОВА,
омўзгори фанни технологияи МТМУ № 21-уми шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh