Эҳё ва рушди ҳунарҳои халқӣ

Шукри соҳибистиқлолии кишвар, ки дар қатори арзишҳои миллӣ ҳунарҳои мардумӣ эҳё мегардад. Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Саразми Панҷакенти бостониро гаҳвораи тамаддуни тоҷикон номиданд. Зери ин гуфтаҳо ҷаҳони маъниҳо ҳувайдост. Имрўзҳо бо ҳидояту роҳнамоии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар шаҳру навоҳӣ баҳри рушди намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла сўзанидўзӣ ва қолинбофии дастӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

 

Панҷакенти бостонӣ шаҳри ҳунармандон аст. Чӣ тавре ки академик Бобоҷон Ғафуров дар асари безаволаш «Тоҷикон» зикр менамояд: «Дар Панҷакенти қадим на фақат дар қасри шоҳ, маъбадҳо, балки дар хонаҳои аҳолии оддии шаҳр он қадар осори ҳунармандон, рассомон, ҳайкалтарошон мавҷуд буд, ки ҳар яки онҳоро музеи санъат гўем ҳам, хато намешавад».

Инсон ҳанўз аз асри санг кўшидааст, ки эҳсосоти зебоипарастии худро дар болои санг, деворҳо, намад, матоъҳои гуногун ва зинатвориҳо сабт намояд. Баъдан чунин сабтҳо ҳангоми кофтукови бостоншиносӣ дар рўи зарфҳои тиллоӣ, нуқраву мисӣ, гўшвору ангуштарӣ, сангҳои қиматбаҳо, дар рўи матоъҳо, ба мисли рўймол, болишт, рўйҷо, либосҳои арўсон, гаҳворапўш, сўзанӣ, болинпўш ва ғайра ёфт шуданд.

Ин намуди нақшдўзӣ, гулдўзӣ дар рўи матоъ санъати мардумӣ маҳсуб ёфта, ҳунармандон дар ҳар давру замон мекўшиданд, ки зебоӣ, рангорангии табиат, замину офтоб, лаҳзаҳои зиндагиашонро бо риштаҳои гуногунранги абрешимӣ хеле моҳирона ва нозукона ба тасвир бикашанд.

Сабақомўзӣ аз осори ниёгон, дидану дарки намунаҳои беҳтарини маҳсули эҷодиёти ҳунармандон, хоса, нақшдўзӣ дар рўи матоъ бо номи сўзанӣ, рўйҷо, болинпўш, гаҳворапўш, ҷойнамоз, чодари арўсӣ ва ғайра айни замон дар Осорхонаи таърихию кишваршиносии ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст. Дар осорхона зиёда аз 200 намуди сўзании гуногун нигоҳ дошта мешавад. Намунаҳои беҳтарини он дар толори мардумшиносӣ ба намоиш гузошта шудаанд, ки тамошобинон аз дидани он ба ҳайрат меоянд.

Дар Суғдзамин нақшу нигорҳо бо риштаҳои сиёҳу сафед ва кабуд бештар мувофиқи шаклашон пиёлагул, чинигул, лола, моҳ, ситора ва манора зиёд дида мешавад, ки баёнгари субҳу шом ва муборизаи мардум бо неруҳои бадиву некӣ аст.

То имрўз ягон хонаи арўсу домоди зарафшониро бе сўзанӣ, ки онро дар девори хона аз зери либосҳои навхонадорон мегузоранду оро медиҳанд, дидан амри маҳол аст. Занҳо ин нишонаи бахти худро дар зери сандуқ то ба балоғат расидани духтаронашон чун гавҳараки чашм нигоҳ медоранд. Одатан дар қатори ҷиҳози арўс сўзанӣ ҳам аз ҷониби арўс ва ҳам аз ҷониби домод дар сандуқ ҳамчун тўҳфа гузошта мешавад.

Сўзаниҳо барои оилаҳои ҷавон таъкидгари зиндагии хонадони нав дар роҳи пурпечутоби ҳаёт мебошанд. Дар водии Зарафшон сўзанӣ асосан аз матои суфи сафед, ласи сурх, кабуд ва зард дўхта мешавад. Занони панҷакентӣ – офарандагони зебоӣ ва нақшҳои гуногун дар сўзанӣ ин ҳунари гузаштагони худро ба фарзандону набераву аберагон меомўзонанд. Дар шаҳри Панҷакент оилаҳои Сафаровҳо, Баҳромовҳо, Тоҳировҳо, Комиловҳо, Розиқовҳо, Зиёевҳо, Искандаровҳо ва Раҷабовҳоро чун оилаи сўзанидўзҳо ном мебаранд. Занони сўзанидўзи панҷакентӣ боз устоди чандин шогирди ҳунарманд- Майрамой Бобоева, Зеварой Сатторова, Онаҷон Ёқубова ва Саодат Тоҳирова мебошанд.

Дар сўзанидўзӣ, ки меҳнат ва машаққати хеле зиёдро талаб мекунад, ҳунарманд танҳо бо сўзан кор мекунад ва нақшҳои бузурги фарҳангиро меофарад.

Дар замонҳои қадим сўзаниҳоро, махсусан, дар рўи карбоси сафед ё карбоси малларанг медўхтанд. Бо пайдо шудани миқдори зиёди матоъҳои фабрикӣ ба ҷои карбос – суф ва ласу сатин ва ҳамчунин, шоҳиҳои гуногунрангро истифода мебурданд. Дўхти он завқи баланди дўзандаро фарогир буда, тарбияи зебоипарастиро барои ҳар бинанда нисбат ба ҳунари ниёгон муҳим арзёбӣ менамояд.

Сўзанӣ аз ҷиҳати қимати бадеии худ аз ҳар гуна қолини зебо бо услуби дўхташ ҷои муҳимро ишғол мекунад. Намудҳои беҳтарини сўзанӣ дар матоъҳои 2х3 ё 2,5х3,5м дўхта мешаванд. Яке аз намудҳои асосии сўзанидўзӣ ин аст, ки баробари дарозии нақши гулдўзӣ як нахи ресмон кашида, баъд он нах бо кўкҳои майда ба матоъ часпонида мешавад. Ҳангоми часпидани ресмон ба матоъ дар сатҳи гулдўзӣ хатҳои уреб, ки дол задан мегўянд, ҳамвора хоҳад монд. Чунин сўзаниҳоро асосан занони ҳунарманди водии Зарафшон медўзанд, ки онҳо бештар рангҳои хокистарӣ, сурх, нимрангро истифода мебаранд.

Дар баробари гулдўзиҳои калони декоративӣ сўзании калони дарафшдўзӣ аввал гирдогирди тарҳи ҳар элемент нақш мегузорад, баъд ҷойҳои холии нақшро пур мекунанд. Дар дохили элементҳои ҷудогонаи гулҳо хатҳои дарафш кўндаланг ва уребрафта ба ҳамдигар пайваст мешаванд, ки дар натиҷа рангҳои абрешим тобишҳои гуногуни ҳайратовар пайдо мекунанд ва косагулҳо аз рўи таҳияи дохилӣ мунаққаш ба назар мерасанд. Он ба маҷмўи маснуоти муқаррарӣ дохил шуда, дўхташ сирру асрори нуҳуфтае дорад. Захми ҳар сўзан, ҳар тори ришта, ҳар нақш маъние дорад, ки дар ҳунари волои занони тоҷик ниҳон аст.

Боиси қаноатмандист, ки зебоию ҷаззобии сўзаниҳо хориҷиёнро ҳам бо як дид шефтаи ин ҳунари воло мегардонад. Эмма ном зани англис, ки чандин сол пеш дар шаҳраки Суғдиён зиндагию кор мекард, зиёда аз 50 адад сўзаниҳои гуногунро харида, дар Бритониё барои ҳамватанони худ намоиш дод. Мардуми ин кишвар бо шавқу рағбати беандоза ин намуди ҳунарро тамошо карда, ба он баҳои баланд додаанд.

Хушбахтона, имрўз ҳам бонувони Панҷакент ҳунари зебои сўзанидўзиро идома медиҳанд. Дар маҳфилҳои сўзанидўзӣ ва қуроқдўзии Кохи фарҳанг 25 нафар ҷавону наврас ин ҳунарро аз устод Матлуба Аминова меомўзад. Ҳоло дар ин ҷо услуби сўзанидўзии бухороиро ҳам таълим дода истодаанд. Матлуба Аминова иштирокчии якчанд фестивал ва намоишгоҳҳои байналмилалӣ дар Покистон, Бухоро буда, дорандаи медали «Хизмати шоиста», Аълочии фарҳанги Тоҷикистон ва узви Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон мебошад. Ў дар ин ҷода собиқаи беш аз 40-сола дошта, шогирдони зиёдро аз ҳисоби занҳои хонашин ва духтарон тарбия намудааст. Аксарияташон имрўз худ устод гардида, шогирд низ тарбия менамоянд.

Матлуба Аминова имрўз хурсанд аз он аст, ки бо ҳидояти Сарвари давлат ва Раиси вилоят ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё мегар-данд. Ва нақши дастони зебоиофари ҳунармандони тоҷик, аз ҷумла водии Зарафшон дар намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ муаррифӣ гардида, сазовори баҳои баланд мешаванд.

Имрўз ў ифтихор дорад, ки шогирдонаш Фарангиси Алишер, Манижа Ниёзова, Зулфира Нарзиева, Мадҳияи Мўъмин, Меҳрангез Камолова, Гулрафтор Исломқулова ва дигарон ин ҳунари мардумиро азхуд намуда, ба монанди устодашон дар намоишгоҳҳои байналхалқӣ ширкат мекунанд.

Инчунин дар назди Кохи фарҳанги шаҳр бо роҳбарии Лўъбатой Ҷалилова ҳашт маҳфили дигар, аз қабили этнографӣ, рақсӣ, дўзандагӣ, кашидадўзӣ, тарроҳӣ, қуроқдўзӣ, гулпарварӣ, шоҳмот амал мекунад, ки дар он зиёда аз 100 нафар мактаббачаи хоҳишманд машғули омўзиши ҳунарҳои мардумӣ буда, барояшон омўзгорони ботаҷриба таълим медиҳанд.

Дар назди мактаби санъати шаҳр ва Муассисаи таҳсилоти иловагии №1 низ маҳфилҳои гуногун ташкил шудааст, ки хонандагони хоҳишмандро пас аз дарс ройгон меомўзонанд. Дар коргоҳҳои дўзандагии «Чевар», «Дориса» ва «Нурафшон» низ бонувони маҳаллӣ ба ҳунарҳои дўзандагӣ, қуроқдўзӣ, сўзанидўзӣ ва бофандагӣ машғуланд. Сўзанидўзӣ асосан ҳунари хонакорист ва бештари бонувон бо аҳли оила – духтарон, келинҳо, набераҳо ба ин ҳунар дар хона машғул мешаванд.

Маҳсули меҳнаташонро ба эҳтиёҷмандон, онҳое, ки тўю маъракаҳо доранд, бо нархҳои дастрас мефурўшанд ва бо ин васила сатҳи зиндагиашонро беҳтар менамоянд.

Бонувони шаҳру деҳоти Панҷакент имрўз низ ба яке аз ҳунарҳои аҷдодӣ - қолинбофӣ шуғл меварзанд. Онҳо аз ашёҳои маҳаллӣ, ресмонҳои пахтагин ва пашмин истифода карда, намудҳои қолинҳои дастӣ гилем (шол), ҷулварақ, ҷузвдон барои нигоҳ доштани асбобҳои рўзгор, сумкаҳо барои нигоҳ доштани компютер, қолинчаҳо барои курсиҳо, гилем барои рўи сандалӣ тайёр менамоянд ва дар ҳаёти ҳаррўза васеъ истифода мебаранд. Зеро онҳо аз риштаҳои табиӣ бофта шуда, барои саломатии инсон фоида доранд.

Солҳои пеш дар шаҳри Панҷакент филиали фабрикаи қолинбофии Истаравшан фаъолият мебурд, ки дар он қариб 300 нафар бону кор мекард. Мутаассифона, ин фабрика бо гузашти замон барҳам хўрд. Имрўз барои эҳёи коргоҳи қолинбофии дастӣ дар шаҳр чораҳо андешида мешаванд.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент соҳибкор Сабоҳат Бобоёрова коргоҳи қолинбофиро таъсис додааст, ки алҳол 20 нафар зану духтари хонашин дар он фаъолият дорад. Ҳамчунин ба ў қитъаи замин дар асоси қарори раиси шаҳр ҷудо гардида, корҳои сохтмони бино оғоз шудааст. Вай азм дорад, бинои ба талаботи замон мувофиқ бунёд намуда, боз занони хонашинро ба кор ҷалб намояд ва ҳунари қолинбофии зарафшониву эронӣ ва сўзанидўзии бухороиро омўзонад. Зеро дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба ин намуди қолини дастӣ таваҷҷўҳи харидорон зиёд аст. Ҳамчунин ин зани ҳунарманд бо 40-50 зани хонакор ва маъюб ҳамкорӣ намуда, ҳунарҳои мардумиро меомўзад ва кўмак мерасонад. Ашёю маҳсулотро ба маъюбон ройгон дастрас карда, маҳсулоти истеҳсолкардаашонро фурўхта, маблағашро месупорад, то онҳо рўҳафтода нашуда, бо ҷамъият бошанд. Сабоҳат Бобоёрова сўзаниву қолинҳои зарафшониро дар сифат беҳтар медонад. Онҳоро дар намоишу бозорҳои ҷаҳон пешкаш кардан лозим аст.

Инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр иқдомҳои соҳибкорон, махсусан занони ҳунармандро дар самти таъсиси коргоҳҳои дўзандагӣ, қолинбофӣ ва намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ дастгирӣ менамояд. Айни замон зиёда аз 60 намуди ҳунари халқӣ дар шаҳру деҳоти Панҷакент мавҷуд буда, ҳунармандон ба фаъолияти хонакорӣ низ машғуланд.

Баҳри ташвиқу тарбияи насли наврас «ТВ-Симо»-и шаҳр барномаи махсуси телевизионӣ таҳти унвони «Ҳунар симу зар аст» ҳафтае як маротиба намоиш медиҳад, ки он ба кору фаъолияти ҳунармандони соҳаҳои гуногун бахшида мешавад. Барнома аҳамияти калони тарбиявӣ дошта, шумораи аъзои маҳфилҳои ҳунарӣ аз ҳисоби наврасону ҷавонон пас аз намоиши ин барномаҳо ба маротиб афзудааст. Ин имконият медиҳад, ки ҷавондухтарону наврасон вақти холии худро самаранок истифода намоянд. Ин тадбир ба беҳии вазъи иҷтимоии оила, ҷомеа ва саломатии инсон ҳам аҳамият дорад.

Абдуғафур АМИНЗОДА
Дар сурат: ҳунарманд Матлуба Аминова ҳамроҳи шогирдонаш

Add comment


Security code
Refresh