ҲЕҶ ГОҲ “НАМЕТАВОНАМ”- РО ИСТИФОДА НАБАРЕД!
- Details
- Published on Wednesday, 20 September 2023 13:47
Китоб қулфкушои дарҳои музаффарият буда, сармоягузори беҳтарин барои насли ояндаи кишвар маҳсуб меёбад. Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба китобхонӣ афзуда, сатҳи саводнокии мардум баланд шуд. Воқеан, рӯй овардан ба илму дониш фардои дурахшони мамлакатро кафолат медиҳад. Як қадам ба роҳи дониш гузоштан амалишавии орзуҳоро даҳчанд наздик мегардонад. Дониш дари муваффақиятҳоро боз намуда, ҷаҳонбиниро васеъ ва зиндагиро пуробуранг мекунад. Дарёи дониш ҳеҷ гоҳ хушк нахоҳад шуд. Баъди як маротиба нӯшидан мекӯшед то ба маншаъи он равед.
Беҳуда Саъдии бузургвор нагуфтааст:
Илм чандон, ки бештар хонӣ,
Чун амал дар ту нест, нодонӣ.
Дар ҷомеа афроде мавҷуданд, ки умри хешро баҳри дониш андӯхтан масраф намуда, барои баланд гардидани сатҳи дониш саҳми хешро мегузоранд.
Сабрина Маҳмадраҷабзода, магистранти соли якуми факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда, хатмкунандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ‐ и шаҳри Панҷакент аст. Факултети филологияи тоҷикро бо дипломи аъло ба итмом расонидааст. Соли равон тариқи буҷавӣ ба магистратураи ҳамин факултет дохил шуда, таҳсилро идома медиҳад.
‐ Кадом омил Шуморо ба соҳаи адабиёт вобаста кард?
‐ Ман аз хурдӣ ба китобхонӣ шавқи беандоза доштам.
Зиёд шеър аз бар намуда, дар чорабиниҳои мухталиф баромад мекардам. Дар мактаби миёна фанни адабиётро мукаммалтар аз бар намуда, супоришҳои омӯзгоронро кӯшиш мекардам дар вақташ иҷро кунам. Беҳуда тарбия аз оила шурӯъ мешавад, намегӯянд. Аз забони модарам зиёд қиссаву афсона гӯш мекардам. Ба фикри ман шуълаи адабиёт, яъне қадамҳои нахустини ман аз оила шурӯъ ёфт. Зодаи Панҷакенти бостон ҳастам, ки он ҷо даргоҳи илму маърифат маҳсуб меёбад. Асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ маҳз дар ин сарзамин тавлид шудааст. Баъдан Лоиқи бузург бо шеъри оламгири худ бори дигар собит кард, ки миллати тоҷик аз қадимулайём соҳиби дониши фавқулода буд. Ашъори ин адибонро пайваста мутолиа намуда, кӯшиш мекунам ҳамаҷиҳата нозукиҳояшро омӯзам.
‐ Чун огаҳӣ дорем, то ин муддат дар даҳҳо озмунҳои мухталиф иштирок намуда, ғолибиятро ба даст овардаед. Ба фикри Шумо барои густариши шахс нақши озмун то кадом андоза зарур аст?
‐ Зиндагӣ худ имтиҳон аст. Бо шебу фарозиҳои худ ҳар лаҳза моро бо тобоварӣ водор месозад. Ҳаётро, яъне тарзи зиндагониро меомӯзад. Озмуне, ки шумо дар назар доред, ба фикрам танҳо як машғулият аст. Танҳо моро зарур аст, ки аз вақти муайяншуда бармаҳалтар ва зиёдтар омӯзем. Дар шоҳроҳи зиндагӣ бо озмун даст ба даст қадам мезанам. Аз бозе, ки шуълаи аввали донишро дар замири хеш дарк намудам, бо дигарон ба ҳам медидам ва ё баҳси илмӣ мекардам. Дар чандин озмуну олимпиадаҳои фаннӣ иштирок намуда, борҳо ғолиб омадаам. Аз ҷумла “Шоҳномахонӣ”, “Рӯдакихонӣ”, “Лоиқхонӣ”, “Навқалами ҷавон‐ 2017”‐ ро метавон мисол овард. Лозим ба ёдоварист, ки соли 2018 дар озмуни Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши рӯзноманигорӣ иштирок намуда, ғолиб гаштам. Ҳоло дар хона ба ҳуҷрае дастовардҳои хешро сарҷамъ намудаам, ки мақбули худу пайвандонам аст. Вақте ба ҷоизаҳо назар медӯзам, шабҳои бехобӣ ва рӯзҳои омодабошиям пеши назар намудор мегардад. Медонед, барои ман гирифтани мукофот ё ҷоиза аҳамияте надорад. Рӯзҳои омодагӣ ба озмун ҳамроҳи устодону дӯстон ҳаёти дигареро мемонад, ки аз сад гуҳар гаронарзиш аст.
‐ Шумо се сол инҷониб пайваста дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок мекунед. Насибатон гашт, ки дар даври ниҳоӣ ширкат варзида, сазовори ҷойи ифтихорӣ гардед. Имсол бошад ғолиби мутлақи номинатсияи адабиёти классикӣ байни донишҷӯён дар даври вилоятӣ гаштед. Ин дастовардро бароятон муборакбод мегӯем. Мехоҳем назари хешро нисбат ба ин озмуни миллӣ баён созед.
‐ Ташаккури зиёд.
“Фурӯғи субҳи доноӣ...” ба доноӣ барад моро,
Ки худро медиҳем бо илми нури маърифат оро.
Чӣ хуш баён намудааст шоир.
Воқеан, озмуни овозадори “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” инқилоби илмиро ба вуҷуд овард. Дар кишвар фазои маънавиро фароҳам оварда, садҳо маротиба моро ба роҳи дониш роҳбаладӣ кард. Ин иқдоми наҷиби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои густариши адабиёти миллӣ саҳми муассири хешро гузошт. Чун қайд намудед, чанд сол пай дар пай дар ин озмун иштирок намудам. Ба ман муяссар шуд, ки дар даври ниҳоӣ низ ду маротиба иштирок кунам.
Бо боварӣ гуфта метавонам, ки касе маро аз роҳи дониш андӯхтан баргардонида наметавонад. Нафарони зиёдеро медонам, ки баъди як маротиба мағлуб шудан дигар ба ҷониби чунин озмунҳо майл накарданд. Аммо ман тасмим гирифтам, ки ҳеҷ гоҳ ноумед намешавам.
‐...Пас маро миннат аз устод бувад,
Ки ба таълими ман устод истод.
Чун медонем адибони классику муосири мо қадами аввали хешро маҳз бо дастгирии бевоситаи устодон гузоштаанд. Пас нақши устодон дар музаффарияти Шумо чӣ гуна аст?
‐ Сайидои Насафӣ мегӯяд:
Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан,
Моҳи навро рафта ‐ рафта чарх оламгир кард.
Аз бозе, ки ба факултети филологияи тоҷик дохил шудам, панду насиҳат, донишу маърифати омӯзгорон ҳамроҳу ҳамнафасам аст. Воқеан, ин боргоҳи маърифат канори худ олимону донишмандони бузургро ҷамъ овардааст, ки дунёи дигарро мемонад.
Номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдуфаттоҳ Ҳоҷиев барои иштироки ман дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҳамаҷиҳата кӯмак намуд. То охири умр хизмати эшонро фаромӯш нахоҳам кард.
‐ Ба дигар ҳамсолони худ чӣ гуфтанӣ доред, то мисли Шумо роҳи илмро бо муваффақияти нав ба нав тай намоянд.
‐ Агар гӯӣ, ки битвонам, қадам дарнеҳ, ки битвонӣ,
Агар гӯӣ, ки натвонам, бирав биншин, ки натвонӣ.
Муаллимаи азиз, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик Мавҷуда Ӯрунова боре дар маърӯзааш мисраи аввали байти болоиро қироат намуд. Аз мисраи дуюм бенасиб мондем. Иброз дошт, ки дар мисраи поёнӣ калимаи “наметавонам” мавҷуд аст. Мехоҳам ҳеҷ гоҳ “наметавонам”‐ ро истифода набаред.
Дар фазои ободу ором кӯшиш ба харҷ диҳем, дониш омӯхта, миллати хешро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кунем.
‐ Барои суҳбати самимӣ сипос!
‐ Сарбаланд бошед.
Мусоҳиб Сӯҳроб ОТАЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”