РАВОБИТИ ДӮСТӢ МУСТАҲКАМ МЕГАРДАД

Истиқлоли кишвар ба мардум нерӯву тавоноӣ бахшиду барои расидан ба сӯи ҳадафҳои олӣ заминаи воқеӣ гузошт. Маҳз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки байни мардуми ҳамҷавор муносибатҳои дӯстиву ҳамкорӣ ба амал омаданд. Махсусан солҳои охир бо кишвари Ӯзбекистон робитаҳои дӯстӣ ба амал омаданд, ки он самараи неки дурбинонаро ба амал меорад. Зеро маҳз бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои боз ҳам қавитар гардидани дӯстию рафоқат байни шаҳрвандони ду кишвар, ки дар дину оин, расму русуми ҳамдигар хеле наздикӣ доранд, корҳои зиёде ба иҷро мерасанд. Мегӯянд, ки журналистон қувваи пешбарандаи ҷомеа ҳастанду дар инъикос ва ҳам баҳамоӣ, дӯстиву рафоқати мардуми ин ду кишвар ва татбиқи сиёсати муштарак корҳои зиёдеро ба сомон мерасонанд. Дар ин замина санаи 12‐уми октябри соли равон сафари ҳайати намояндагони Иттифоқҳои эҷодии журналистони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вилояти Суғд доир гардид.

Меҳмононро дар гузаргоҳи сарҳадии Фотеҳобод гурӯҳи эҷодкорони вилоят бо сарварии раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода пешвоз гирифтанд. Дар Муассисаи давлатии “Кохи матбуот” вохӯрии ҳайати намояндагони Иттифоқи эҷодии журналистони Ӯзбекистон бо журналистони вилояти Суғд баргузор гардид. Чорабиниро раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфт.

Раиси Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон Олимҷон Усаров аз истиқболи гарму самимӣ ва муҳаббатомези ҳамкасбони тоҷикаш арзи сипос намуда, афзуд, ки баъди гарм шудани муносибатҳои беш аз 20‐солаи сардгашта ду кишвари дӯсту бародар санаи 7‐уми майи соли 2022 дар шаҳри Тошканд Меморандуми ҳамкорӣ миёни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба имзо расид. Аз ин рӯ, дар асоси ин созишномаи баимзорасида ҳар сол ҳайатҳои эҷодӣ бояд ба кишварҳои ҳамсоя сафар намоянд. Олимҷон Усаров бо ифтихору самимият иброз намуд, роҳе, ки 20 сол наметавонистем гузарем, имрӯз дар муҳлати 20 дақиқа гузаштем. Ин ҳама аз иқдомҳои наҷибу созандаи Сарони ду кишвар аст. Ҳамзамон Олимҷон Усаров дар бораи таассуроти неки худ оид ба шароити кории журналистони Тоҷикистон, дар бораи бунёди кохи умеду орзуҳои эҷодкорони вилоят‐Кохи матбуот изҳори хурсандӣ кард ва дар бораи фазои иттилоотӣ хосатан барои журналистикаи тоҷикзабон дар Ҷумхурии Ӯзбекистон изҳорӣ хурсандӣ намуд.

Қайд гардид, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон чандин рӯзнома ва маҷаллаҳо бо забони тоҷикӣ дарҷ ва барномаҳои телевизион ва радиоҳои гуногун пахш мегарданд. Сармуҳаррири газетаи “Овози тоҷик” Шерпӯлод Вакилов дар бораи ҳайати таҳририяи рӯзнома ва ҳамчунин шароите, ки имрӯз ба рӯзномаҳои тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳайё гардидааст, фикру андешаҳои ҷолибе баён намуд. Мавсуф зикр намуд, ки имрӯз дар байни 23 нафар рӯзноманигори ин ҷаридаи бонуфуз 9 нафар ба мукофоти давлатӣ сазовор гардидаанд. Ҳамзамон, ӯ зикр намуд, ки саҳифаҳои рӯзномаи “Овози тоҷик” бо мақолаҳои гуногун, аз қабили дӯстии ду давлат, тоҷикону ӯзбекон ва ҳам урфу одати ҳамҷояи онҳо маводи ҷолибу хонданӣ нашр менамояд. Раиси суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Илҳоми Ҷамолиён меҳмононро ба шаҳри қадимаю бостонии Хуҷанд хайрамқадам намуда, изҳор кард, ки имрӯз эҷодкорони вилояти Суғд аз ин сафари журналистони Ӯзбекистон басо мамнун ҳастанд. Баъди анҷоми чорабинӣ меҳмонон ба идораи рӯзномаи вилоятии “Суғд ҳақиқати”, “Согдийская правда” ва “Ҳақиқати Суғд” ташриф оварда, бо ҳайати эҷодии рӯзномаҳо суҳбатҳои самимӣ анҷом доданд.

Сипас, меҳмонони эҷодкори ӯзбекистонӣ аз корхонаи ҶДММ “Ҷавонӣ” дидан намуданд. Корхонаи мазкур, ки соли 1992 дар асоси сармоягузорони хориҷӣ созмон ёфта, то имрӯз фаъолияти пурсамар дорад, ба меҳмонон хеле писанд омад. Дар коргоҳи мазкур наздик 800 нафар фаъолият намуда, он шакли пурраи истеҳсолотро ба худ касб кардааст. Қисми асосии кормандони ин коргоҳро занон ташкил менамоянд.

Гуфтан бамаврид аст, ки коргоҳ дар асоси технологияи навтарини имрӯза аз нахи пахтаи хоҷагиҳои деҳқонии вилоят ришта, аз ришта газвор ва аз газвор сарулибоси фармоишӣ тайёр мекунад. Ҳамзамон, бояд иттилоъ дод, ки 97 фоизи маҳсулоти тайёрнамудаи коргоҳи ҶДММ “Ҷавонӣ”‐ро харидорони аврупоӣ ташкил медиҳанд. Гуфтан бамаврид аст, ки маҳсулоти ҶДММ “Ҷавонӣ” бештар аз 25 сол инҷониб дар бозори Аврупо харидор ва талабгорони худро доранд.

Дар коргоҳи мазкур 6 сех фаъолият мекунад: истеҳсолоти ресандагӣ, бофандагӣ, пардоздиҳӣ, дӯзандагӣ, рангубордиҳӣ ва дарзмолу борпечкунӣ. Меҳмонон вориди сехҳо гардида, эҳсос намуданд, ки шароит ва ҳам сифати корӣ дар ин коргоҳ ба таври хеле аъло ба роҳ монда шудааст. Онҳоро кори занони чирадсти сехи дӯзандагӣ, ки бо як масъулияти баланд сари мошини дарздӯзӣ фаъолият доштанд, мамнун сохт. Онҳо аз рушду тараққиёти соҳаи саноат дар вилоят изҳори қаноатмандӣ намуданд. Сипас, эҷодкорони кишвари ҳамҷавор аз Осорхонаи вилоятӣ дидан намуда, бо таърихи халқи тоҷик, аз дастовардҳои беназири мардуми ин сарзамин ба хубӣ огоҳ гардиданд. Ҳайати меҳмонон баъдтар ба сайри Баҳри тоҷики шаҳри Гулистон раҳсипор гардиданд. Онҳоро мавзеъҳои истироҳатии “Баҳористон” ва Маркази таълимии Бонки миллӣ дар шаҳри Гулистон ба ваҷд овард. Ҳавои тозаю табиати ором ва оби Баҳри тоҷик ба эҷодкорон илҳоми тоза бахшиданд. Онҳо бо як руҳи болида озими шаҳри Душанбе пойтахти ҷумҳурӣ гаштанд. Сафари ҳайати бонуфузи Иттифоқи журналистони Ўзбекистон дар шаҳрҳои Душанбеву Турсунзода, Нораку Данғара ва Панҷакент идома ёфт.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 12 то 16‐уми октябри соли ҷорӣ аз мавзеъҳои таърихӣ, иншооти бузурги даврони Истиқлол, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва соҳаи кишоварзии Ватани азизамон дидан карданд.

Ҳайати рӯзноманигорони ӯзбекистонӣ дар рӯзҳои сафари хеш ба вилояти Суғд аз шаҳри Панҷакенти бостонӣ боздид ба амал оварданд. Меҳмонон оромгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро дар деҳаи Панҷрӯд зиёрат карда, аз шаҳраки бостонии Саразм дидан намуданд. Ҳангоми боздид рӯзноманигорони ӯзбек дар бораи таърихи пурғановати Панҷакенти бостон, ёдгориҳои беназири таърихӣ, имкониятҳои сайёҳӣ, дастовардҳои он дар даврони Истиқлолият, рушди иқтисод ва иҷтимоиёти он маълумоти муфассал гирифтанд.

Роҳбари ҳайати меҳмонон, раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Олимҷон Усаров таассуроташро аз ин боздид ва пазироии самимонаи мизбонон хеле арзишманд баён намуда, аз ҷумла зикр кард, ки тавассути сиёсати оқилонаи роҳбарияти олии ду кишвари ҳамсоя муносибатҳои гуногунҷабҳаи мо тақвият меёбанд ва ҳайати онҳо аз диду боздидҳояшон аз Тоҷикистон ба хонандагону тамошобинони Ӯзбекистон нақл мекунанд ва ин ба густариши робитаҳои мутақобилан судманди кишварҳо ва халқҳоямон мусоидат хоҳад кард.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh