МАСЪУЛИЯТИ ПУРШАРАФ ИФТИХОРИ ҲАМЕШАГИСТ

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 12‐ум), ки бемуҳобот Иҷлосияи тақдирсоз буд ва саҳфаи нави замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизро боз кард, аз 16‐уми ноябр то 2‐юми декабри соли 1992 дар “Кохи Арбоб” и хоҷагии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхӯҷаев ҷараён гирифта буд.

Он рӯзҳои барои миллати тоҷик сарнавиштсоз ояндаи кишвари моро муайян намуд. Баъд аз гузаштани 30 сол, имрӯз мо бештару беҳтар муҳимияти он рӯзҳои таърихиро дарк намуда, санаи фархундаро арҷ мегузорем. Бешубҳа, он замон дар кори инъикоси ин анҷумани таърихӣ ва, пеш аз ҳама, ҷараёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаҳои ахбори омма ва рӯзноманигорон нақши бориз доштанд. Намояндагони матбуоти даврӣ, аз ҷумлаи рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод” (айни ҳол “Ҳақиқати Суғд”) бевосита дар кори иҷлосия иштирок карда, ҳар шумораи он ба инъикоси анҷумани тақдирсоз равона шуда буд.

Дар ин радиф саҳми телевизиони вилояти Ленинобод (ҳоло телевизиони вилояти Суғд) боз ҳам равшану муассир аст, чун садову симо бештар ба зеҳну андешаи мардум таъсиргузор буд. Гуфтанист, ки телевизиони вилояти Ленинобод ягона шабакае буд, ки аз оғоз то анҷоми иҷлосия рафти онро пурра сабт ва аз воқеаи муҳими таърихӣ гузоришҳо таҳия намуд. Роҷеъ ба ин масъала суҳбате доштем бо раиси бахши суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Илҳоми Ҷамолиён, ки он замон вазифаи сармуҳаррири телевизиони вилояти Ленинободро ба зимма дошт ва дар инъикоси ин анҷумани тақдирсоз иштирокчии бевосита буд. Фишурдаи суҳбатро манзури хонандагони “Ҳақиқати Суғд” менамоем.

‐Устод, имрӯз Телевизиони вилояти Суғд яке аз шабакаҳои маҳбуби вилоят ва, ҳатто, кишвар аст. Аммо 30 сол муқаддам, ҳамагӣ баъди ду соли фаъолият ба дӯши кормандони шабакаи навтаъсиси вилоятӣ вогузор шудани масъулияти бузург инъикоси рафти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тақдири минбаъдаи Ватани азизи моро ҳал мекард, кору саҳлу сода набуд. Ҳайати эҷодиву техникии телевизиони Ленинобод ин масъулиятро сарбаландона иҷро намуданд. Аз лаҳзаҳои ҳассоси он замон чӣ хотироте бо худ доред?

Воқеан, саҳми телевизиони вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) дар инъикоси саривақтии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас буд. Ҳайати эҷодиву техникӣ беш аз 20 шабонарӯз монеа ва мушкилоти зиёдеро паси сар карда, вазифаи пурмасъулияту бошарафро сарбаландона иҷро намуданд.

Албатта, кор дар муҳити носолими кишвар, ки кашмакашҳо ба авҷи аъло расида буданд, осон набуд. Аммо кормандони телевизиони навтаъсиси вилояти Ленинобод бо роҳбарии зани шуҷоъ ва воқеъбин Муҳаббат Мирсаидова дарк мекарданд, ки тақдири Ватан ва миллат ҳал шуда истодааст, бинобар ин рӯзноманигорон рисолати касбӣ ва вазифаи шаҳрвандии худро иҷро мекарданд. Барои мо, кормандони эҷодии телевизион ва радиои вилояти Ленинобод воқеиятро гуфтану тасвир кардан ва ҳақиқати ҳолро ба мардуми кишвар расонидан лозим буд.

Албатта, иҷрои ин кор дар замони камбуди иттилои воқеӣ аз рӯйдодҳои манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ кори осон набуд. Дар ҳамин марҳалаи ҳассос ва барои мардуми кишвар тақдирсоз телевизиони вилояти Суғд таблиғот, ташвиқу тарғиби созандаро пеш гирифт.

Бояд бигӯям, ки тасмими инъикоси Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби телевизиони вилоят ғайриинтизор буд. Вақте ҷойи баргузории иҷлосия интихоб шуд, мо тахмин доштем, ки дар инъикоси он ширкат хоҳем кард. Аммо касе ҳатто, тасаввур ҳам намекард, ки сабти пурраи рафти иҷлосия ва инъикоси он дар шабакаи асосии телевизиони кишвар тибқи тартиботи муайянкардаи ин Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ба зиммаи телевизиони вилояти Суғд вогузор мешавад.

‐Воқеан, то ҷое огоҳ ҳастем, ҳатто он замон барои инъикоси кори иҷлосия телевизиони кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ба Қасри Арбоб омада буд, яъне сабти пурраву инъикоси анҷуманро бояд ба дӯш мегирифт, аммо ин корро телевизиони Ленинобод анҷом дод.

- Замоне, ки ҷои баргузории ин маъракаи бузург Қасри Арбоб интихоб шуд, ба мо гуфтанд, ки мо дар инъикоси кори иҷлосия иштирок хоҳем кард. Вале вақте, ки ба дӯши мо инъикоси пурраи он вогузор шуд, ростӣ, мо каме ба таҳлука афтодем.

Ҳамон вақт инъикоси кори Иҷлосияи таърихӣ (аз ҷумла транслятсияи он)‐ро телевизиони марказии кишвар бо чанд далел ба ҷо оварда наметавонист. Бинобар ин ба ин кор васоити техникии телевизионӣ, аз қабили пойгоҳи сайёри телевизионӣ (ПТС), дастгоҳҳои статсионарии наворгирӣ ва ғайраро аз Ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон ҷалб карда буданд. Аммо бо сабабҳои зиддулнақизии меъёрҳои фаннӣ, истифодаи комили таҷҳизоти телевизионии ҳамсоякишвар ғайриимкон буд. Ягона илоҷи ҳалли масъала ин буд, ки ба ин кор ҳам захираҳои эҷодӣ ва ҳам захираҳои техникии телевизиони вилояти Ленинобод ҷалб шаванд. Ин дастурро ба мо муовини ҳамонвақтаи Раиси кумитаи давлатии телевизион ва радиои кишвар оид ба масоили техникӣ Ғуломҷон Маҳмудов (равонаш шод бод!) дода буд. Бояд гӯям, ки ӯ ягона мансабдори ин ниҳоди давлатӣ буд, ки дар инъикоси Иҷлосияи таърихӣ фаъолона ширкат дошт. Масъулин тасмим гирифтанд, ки телевизиони вилояти Ленинобод сабти пурра ва инъикоси кори иҷлосияро ба зиммаи худ мегирад. Албатта, ба ҷуз телевизиони вилояти Суғд ширкатҳои дигари телевизионии дохилӣ ё хориҷӣ дар инъикоси иҷлосия ширкат доштанд, аммо сабти пурра ва инъикоси кори иҷлосия дар телевизиони ҷумҳурӣ расман ба уҳдаи телевизиони ҳамонвақтаи вилояти Ленинобод вогузор шуда буд.

 ‐Албатта, бешак, иҷрои ин вазифаи пуршараф эҳсоси масъулияти кормандонро боло бурд. Аз хидматҳои ҳамкорон ва шеваи кори телевизион дар ин марҳала мегуфтед.

- Телевизиони навтаъсиси вилоят бо таҷрибаи ҳамагӣ дусолаи корӣ ҳанӯз аз нигоҳи ҳам эҷодӣ ва ҳам техникӣ танқисиҳои зиёд дошт. Дастгоҳҳои касбии садо ва наворбардорӣ набуданд. Пахши мустақими иҷлосия барои кормандон вазифаи пурмасъулият ва ҷиддӣ буд. Агар гӯем, ки мо дар ин кор умуман таҷриба надоштем, муболиға намешавад. Вале мо мебоист, ки аз ин ҳолат бароем ва ин масъулият ҳамаро ҳа кормандони эҷодӣ ва ҳам кормандони техникӣ, инчунин кормандони соҳаи алоқаро водор мекард, ки дар ин самт тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд. Ин далел боиси парешонии Абдуалӣ Халилов – директори ҳамонвақтаи маркази техникии телевизион ва радиои вилоят (равонаш шод бод!) гашта буд.

Бо таҷҳизоти ҳанӯз номукаммали техникӣ анҷом додани ин вазифаи пурмасъулият, рискҳои муайяни худашро дошт. Вале, Ситоди корӣ таҳти роҳбарии Ғуломҷон Маҳмудов ва бо дастгирии кормандони масъули соҳаи алоқа, тамоми чораҳоро андешид, то ки имкони пахши кори иҷлосия таъмин шавад.

Дар ниҳояти кор журналистон, наворбардорон, режиссёрон, садобардорон ва кормандони дигари телевизиони вилоят зиёда аз 20 рӯз дар кори сабти пурра, пахши мустақими иҷлосия мутобиқ ба тартиботи муқарраршуда, ташкили гузоришу мусоҳиба, ташкили баромади депутатҳо ва вокуниши аҳолӣ ба ин рӯйдоди муҳими сиёсӣ саҳми худро гузоштанд. Албатта, ҳамаи онҳоро ин ҷо номбар кардан ғайриимкон аст, зеро телевизион кори дастҷамъист. Дар баробари ин шахсони калидие буданд, ки дар кори инъикоси Иҷлосияи тақдирсоз саҳми арзанда гузоштаанд.

Акрамалӣ Ҳасанов аз ҷумлаи рӯзноманигорони телевизиони вилоят буд, ки аз ҷараёни баргузории иҷлосия гузоришҳои ҷолибу саривақтиро омода мекард. Банда низ дар таҳияи гузоришҳо ширкат меварзидам, аммо масъулияти банда асосан аз он иборат буд, ки сабтҳои иҷлосияро ба студия оварда, тибқи муқаррароти тасдиқкардаи иҷлосия таҳия, тасниф ва барои пахш омода намоям ва аз рӯи вазифа масъулияти назорати эфир бар дӯши ман буд. Бояд гуфт, саҳми таҳиягарон Орифҷон Набиев, Абдуллоҷон Ғаффоров (равонаш шод бод!), бахусус наворбардорон Абдусамад Расулов, Аюбҷон Бобоев, Сайдулло Файзиев, сардори сехи телевизион Музаффар Камолов, сардори сехи радио Исохӯҷа Исоев ва даҳҳо нафари дигар аз кормандони телевизиони вилоят, аз ҷумлаи садобардорону муҳандисон ва дигар кормандони техникию эҷодӣ дар ин кори сангину масъулиятталаб хеле арзанда аст. Кори гурӯҳи ҳайати эҷодиву техникии телевизон воқеан шоистаи таҳсин буд ва ин амал бори дигар собит намуд, ки бо кори дастаҷамъӣ ва талоши созанда метавон ба дастовардҳои бузург ноил шуд.

Нақши телевизиони Ленинобод (ҳоло Суғд) дар инъикоси Иҷлосияи сарнавишсоз басо бузург аст ва рӯзноманигорону тамоми кормандони ин даргоҳи бароямон муқаддас аз коре, ки дар он рӯзҳои барои кишвар тақдирсоз анҷом додаанд, ифтихор доранд!

‐Ташаккур, устод, ба суҳбати самимиву хотирмон, ҷашни бузурги 30‐солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бароятон таҳният мегӯем.

‐Сипос, мо низ санаи фархундаро ба аҳли қалами рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” ва тамоми мардуми кишвар муборакбод менамоем.

Суҳбаторо

Сурайё ҲАКИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh