РАҲНАМОИ ҶОВИДОНИ БАШАР

Мусоҳиба бо директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов

– Мехостам, андешаҳои Шуморо оид ба вазъи китобдориву китобшиносӣ дар замони Истиқлолият бифаҳмам.

– Рушду равнақи соҳаи китобдорӣ дар замони соҳибис‐тиқлолӣ бо ташаббусҳои созандаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди устувор дорад. Дар ин марҳалаи таърихӣ ойини китобдорӣ ва фарҳанги мутолиаи китоб таҳаввул пазируфта, маҳз бо ибтикори Пешвои миллат баробари гузоштани хишти аввали бинои Китобхонаи миллӣ 4‐уми сентябри соли 2007 ин сана дар ҷумҳурӣ Рўзи китоб эълон гардид. Ҳамасола дар кишвар китобхонаҳои нав сохта, ба истифода дода шуда, таъмини китобхонаҳо бо китобҳои тозанашр, тарбияи мутахассисони соҳибкасб ва дигар навовариҳо собит месозанд. Баргузории озмунҳои соҳавӣ, ки бо ташаббуси вазоратҳои фарҳанг ва рушди иқтисод ва савдои мамлакат баргузор мегарданд, намунаи шоёни тозакориҳои замони истиқлоланд. Озмуни ҷумҳуриявии китобхонӣ миёни кўдакону наврасон бо номи «Ҳамнишине беҳтар аз китоб махоҳ» ва вусъат ёфтани доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» аз шумори тадбирҳои ояндабинона ҷиҳати густариши фарҳанги мутолиаи китоб мебошанд.

– Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми анъанавии хеш ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, мулоқот бо намояндагони аҳли зиёи мамлакат, дар суҳбату дидор бо мардум оид ба китобхонӣ, эҳтироми сарчашмаҳои маърифат, оммавигардонии мутолиаи китоб ва таҷдиди фаъолияти китобхонаҳо дастурҳои муфид изҳор менамоянд. Ин иқдому ташаббусҳои маънавиятсозро Шумо чӣ гуна тавзеҳ медиҳед?

 – Як нуктаро бояд ёдовар шавам, ки аз лаҳзаи ба майдони сиёсат омадани Сарвари давлат то ин дам зиёда аз сӣ сол сипарӣ гардид. Ҳадафи асосии Пешвои муаззами миллат баланд бардоштани сатҳи худшиносиву худогоҳии наслҳо ба шумор меравад. Тамоми кўшишҳо ва заҳматҳои Роҳбари мамлакат ба он равона шудааст, ки ҳар як тоҷику тоҷикис‐тонӣ ба василаи равзанаҳову уфуқҳои равшани китоб ва донишу хирад асли худро бишносад, ҷойгоҳи волову муқаддами ниёгони шарафманди хешро маърифат намояд ва ҳамеша донад, ки нахустин қомусу раҳнамои инсоният–«Авасто» комилан ифодагари тафаккуру ҷаҳонбинии аҷдоди сарбаланди мо маҳсуб меёбад. Маҳз, ба хотири бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар аз соли 2019 сар карда, Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» доир мегардад. Мо шоҳиди он ҳастем, ки ин сабқат як инқилоби тозаи фикриро дар байни мардум ба вуҷуд овард, муносибати халқро ба зарурати мутолиаи китоб дигаргун сохт ва рисолати китобдоронро як бар сад афзуд. Муҳимтар он аст, ки озмун байни китобдўстони синну солу касбу кори гуногун ваҳдату ҳам‐бастагиро ба вуҷуд овард, неруҳои фикриву зеҳниро бо ҳамдигар ошно сохт, боиси баргузории садҳо маҳфили муаррифии китобҳо ва мулоқоту ошноӣ бо аҳли адаб гардид. Қадршиносии устодону волидон, дастгириҳои молиявии ғолибон ва баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаи худ бе озмун, тариқи ройгон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар қабул шудани ғолибони даври чорум (ҷойҳои 1, 2, 3) ва барандаи “Шоҳҷоиза” далели бебаҳси қадршиносии афроди китобдўст, бахусус кўдакону наврасон ва ҷавонон мебошад. Ҳамзамон, бо таъкиду дастури Пешвои миллат дар аксари коргоҳу корхонаҳо китобхонаҳо таъсис ёфтанд. Башорати нашри шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – «Тоҷикон» ва то ҷашни 30‐солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар ҳадя гардидани он нишони эҳтироми Пешвои миллат ба таърихи пурифтихори халқи тоҷик бошад, бо ташаббуси Сарвари фарзона дар соли 2023 баргузор шудани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» санади арзишманди гиромидошти хидматҳои Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров ба ифтихори ҷашни 115‐солагии ўст.

 – Мо огоҳем, ки бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар соҳаи китобдорӣ дигаргуниҳои назаррас ба амал меоянд ва ин самти афзалиятноки фарҳанг бо дастгирии бевоситаи Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода рушд менамояд. Дар ин хусус чӣ мегўед?

– Шоистаи таъкид аст, ки мо 745 нафар китобдору корманди 362 китобхонаи низоми фарҳанги вилоят ҳамарўза дастгириҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро бо роҳбарии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода эҳсос менамоем. Бунёди китобхонаҳои нав ва азнавсозиҳои ҳамин навъ муассисаҳо дар шаҳру навоҳии вилоят гувоҳи ин гуфтаҳо мебошанд. Соли панҷум аст, ки бо қарорҳои дахлдори Раиси вилоят «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд» доир мегардад. Ин сабқат бо мақсади дуруст ба роҳ мондани фаъолияти китобхонаҳои низоми фарҳанги вилоятӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва китобхона‐филиалҳои шаҳраку деҳот, омўзиши ҳолати нигаҳдории махзан, истифодаи босамари китобу маводи чопӣ, баланд бардоштани дараҷаи тахассусмандии китобдорон дар раванди фаъолият, такмилу сайқали маҳорати касбии китобдорону китобшиносон, муайян кардани сатҳи хизматрасонии китобиву иттилоотӣ, ташкилу баргузории чорабиниҳои оммавии замонавӣ, амалӣ гардонидани роҳу усули ҷалби бештари аҳолӣ ба мутолиаи китоб доир мегардад. Ҳар сол дар қаламрави вилоят ҳамчунин озмуни «Китобдори сол» дар ду давр гузаронида мешавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамасола барои таъмини китобхонаҳо бо китобҳои тозанашр маблағҳои зарурӣ ҷудо менамояд. Дар раванди таҷдиду азнавсозӣ ва бунёди китобхонаҳо роҳбарияту масъулони МИҲД‐и шаҳру ноҳияҳо, сокинони фарҳангдўсту саховатпешаю баландҳиммат дасти ёрӣ дароз кардаанд. Дар маҷмўъ, равнақи кори китобдорон, ободкорӣ, таҷдиду азнавсозии китобхонаҳои низоми фарҳанг ба таври равшан эҳсос мешавад. Китобдорон барои дар сатҳи баланд ва судманду омўзанда доир гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Илм–фурўғи маърифат» нақши босамар дошта, дар татбиқи амалии чор ҳадафи стратегии мамлакат, ибтикороту тадбирҳои роҳбарияти олии кишвар, ҳифзу тарғиби мероси маънавии ниёгон ва осори илмӣ, адабӣ ва бадеии аҳли таҳқиқу адабиёт пайваста талош меварзанд.

– Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ҳамчун муассисаи вилоятӣ кадом корҳоро ба субот расонид?

– Имсол ин боргоҳи илму маърифат 105‐сола шуд. Табиист, ки дар давоми мавҷудияти худ китобхона ба садҳо ҳазор нафар хонанда хизмати хубу босифати китобию иттилоотӣ расонида, барои боло бурдани маънавиёти халқ саҳми босазо дорад. Соли 2020 ба муносибати ҷашнвораи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ мутахассисони китобхона дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» китобномаи ҳамноми шоирро, ки шомили феҳристи осор, мақолаҳо, сарчашмаҳои камолшиносӣ ва нашрҳои ашъори ў мебошад, гирдоварӣ ва нашр намуданд. Китобдорон ба ифтихори 700‐солагии шоири барҷастаи форсу тоҷик Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, ки дар асоси қарори Конфронси генералии ЮНЕСКО таҷлил гардид, ҳамаи кўшишу дониш, маҳорату малака ва истеъдоди худро истифода намуданд. Бо эҳтиром ба ташаббусҳои беназири Сарвари давлат китобдорони мо маҷмўаи «Панди ниёгон ва шеъру ҳикмати бузургон»ро омода намуданд. Таҳиягарони китоб азм карданд, ки баробари ашъори дилнишин, ҳуруфи ҳакимона, панди рўзгор, инчунин гуфтори ибратомўзи Пешвои миллатро доир ба китобу китобхонӣ ба зевари табъ ороста гардонанд. Хонандаи китоб бояд донад, ки Садри Аъзами давлати мо – Эмомалӣ Раҳмон мубаллиғи сарчашмаҳои илму маърифат, такмилдиҳандаи фарҳанги мутолиаи китоб ва созмондиҳандаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошанд. Китоб дар нашриёти «Меъроҷ»‐и шаҳри Хуҷанд ба табъ расида, аз 196 саҳифа иборат аст. Китоб фарогири ашъор ва гуфтори пандуахлоқии донишмандону фарзонагон, файласуфону ҳакимон, шоирону нависандагон, ҷомеашиносону сиёсатмадорони бузург, аз ҷумла ҳидоятномаҳои Пешвои халқу миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба ҳар нафари нуктасанҷу ибратпазир манзур мешавад. Мунтахаби ашъор, гуфтори пандуахлоқӣ ва андарзҳое, ки дар ин китоб фароҳам омадаанд, қатрае аз уқёнуси нопайдоканори илму ҳикмати дунё мебошанд. Бовар дорем, ки хонандаи ҳушманд аз махзани пур аз симу гавҳари панди ниёгон ва ҳикмати бузургон роҳи ояндаи ҳаёти хешро мунаввар сохта, ҳамеша аз баҳри сухан гавҳари маъно ба даст меоварад. Дар ин сол китобдорони мо дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб Хонаи китоби Тоҷикистон» китобномаи доктори илмҳои филологӣ, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Ҷоизаи Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ ва Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ва якчанд унвону дараҷаҳои баланди илмӣ, устод Носирҷон Салимиро ба муносибати 60‐солагии зодрўзаш омода ва нашр намуданд. Ҳамкасбони мо бо истифода аз сарчашмаҳои хаттию электронӣ ва гирдоварию таҳлили мавод тавонистанд, ки китоби «Мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистон»‐ро омода намоянд. Китоб дар заминаи маводи қомусҳо, донишномаҳо, дастурҳову ёдномаҳои таълимӣ, мақолаҳои дар рўзномаву маҷаллаҳо батабърасида, хабару гузоришоти дар сомонаҳои расмӣ интишоргардида ва марҷаъҳои гуногун рўйи коғаз омада, дар поёни ҳар як моддаи энсиклопедӣ маъхази маълумот навишта шудааст. Таҳиягарони қомус бар он талош намудаанд, ки барои рушди саёҳати дохиливу хориҷӣ ва тарғибу ташвиқи имкониятҳои гардишгариву сайёҳии Ватани азизамон ин китобро ба унвони раҳнамо омода созанд.

– Ҷомеаи меҳнатии китобхона чӣ нақшаву барномаҳо дорад?

– Дар соли ҷашнӣ китобшиносону мутахассисони китобхона ба таълифи китоби ҷомеъ оид ба 105‐солагии муассиса машғул буда, аз бойгониҳо маводи арзишмандро омода сохтаанд. Ҳамчунин, феҳристномаи «Сарчашмаҳои инъикоскунандаи таърихи халқи тоҷик», ки фарогири 4000 китобу мақола бо забонҳои тоҷикиву русӣ ва дигар забонҳо мебошад, омодаи чоп аст. Китобшиносони шуъбаи маълумотдиҳӣ‐библиографӣ «Тақвими санаҳои ҳумоюнӣ‐2023»‐ро омода намуда истодаанд.

Бахшида ба 30‐солагии Иҷлосияи сарнавиштсози ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон китобномаи мукаммал омода шуда, дар таҳрири ниҳоӣ қарор дорад. Давоми шаш соли охир китобшиносону муҳаққиқони китобхона таҳти силсилаи «Китобхонаи китобшиносӣ» беш аз 18 китобу маҷмўа ва дастур ба табъ расонида, барои вусъати тафаккуру ҷаҳоншиносии солими ҷомеа, пешбурди дараҷаи саводомўзии табақоти гуногуни он, барангехтани завқи донишомўзиву ҷустуҷўҳои илмиву ахлоқии насли ҷавон кўшиш намоянд.

– Рўзи китобро ба Шумо ва кулли китобдорону китобдўстон табрик гуфта, барои суҳбати арзишманд сипосгузорам!

– Ташаккур, барои Шумо ҳам муборак бошад!

Суҳбаторо

Сурайё ҲАКИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh