СОЗИШНОМАҲОИ ҲАМКОРӢ ДАР САМТИ САЙЁҲӢ
- Details
- Published on Monday, 08 August 2022 14:34
Нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма доир ба натиҷаҳои фаъолияти шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд давоми шаш моҳи аввали соли 2022 сурат гирифт.
Мудири шуъбаи сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Абдумаҷид Раҳимов иброз дошт, ки дар заминаи ҳадафҳои «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини рушди бемайлони соҳа як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шуда, «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» тасдиқ гардид. Қайд гардид, ки ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 41 ширкати сайёҳӣ, 2 ташкилоти ҷамъиятӣ – Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон ва Шӯрои рушди сайёҳӣ мавҷуд аст. Дар вилоят 91 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 61 меҳмонхона, 16 осоишгоҳ, 2 маркази муолиҷавӣ, 3 лагер, 4 дармонгоҳи табобатӣ – истироҳатӣ, 1 хонаи истироҳатӣ ва як базаи истироҳатӣ бо ғунҷоиши 7000 ҷой, зиёда аз 40 осорхона, 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ ва зиёда аз 90 зиёратгоҳ фаъолият доранд.
- Натиҷаҳои омӯзиши иқтидори сайёҳӣ нишон медиҳад, ки вилоят вобаста ба хусусиятҳои ҷуғрофии худ дорои имкониятҳои зиёд барои рушди саёҳати экологӣ буда, асоси онро табиати нодир, обҳои мусаффо, кӯл, манзара, сарчашмаҳои обии шифобахш, боғ, наботот ва ҳайвоноти нодир дар бар мегирад. Аз ин ҷост, ки дар давраи ҳисоботӣ 20,4 ҳазор нафар ҷавонону наврасони вилоят бо макону мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангии вилоят шинос шуданд, гуфт мудири шуъба.
Боиси тазаккур аст, ки бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии минтақа ва беҳтар намудани дастрасӣ ба иттилооти соҳа дар сомонаи сайёҳии вилоят ба таври мутамарказ бо 5 забон маводи зарурӣ ҷой дода шудааст. Ҳамчунин, барои манзури сайёҳони дохилию хориҷӣ харитаи сайёҳӣ, китоби роҳнамои сайёҳии «Туризм и ремесло» бо забонҳои хориҷӣ таҳия ва нашр шудааст.
Боиси хушнудист, ки дар давраи ҳисоботӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент меҳмонхонаи «Панҷакент плаза» ва маркази хизматрасонию меҳмонхонаи «Ширин»‐ро дар шаҳри Исфара ба истифода доданд. Ҳамчунин, намояндагони Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ, ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вилояти Суғд ташриф оварда, аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ дидан намуданд. Яке аз ҳадафҳои сафари намояндагони ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон шиносоӣ бо ҷойҳои истироҳативу маконҳои сайёҳии вилояти Суғд ва таҳкими робитаҳо дар самти рушди сайёҳӣ маҳсуб мешавад.
Гуфта шуд, ки дар натиҷаи баргузории Бизнес‐форуми сайёҳии Тоҷикистону Ӯзбекистон бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ ва ҷалби сайёҳон ба кишварҳои ҳамдигар миёни ширкатҳои сайёҳии ду кишвари ба ҳам дӯст беш аз 40 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»