ЛИБОСИ МИЛЛӢ ФАРҲАНГИ ҶОВИДОНӢ
- Details
- Published on Friday, 22 July 2022 10:19
Либоси миллии тоҷикон нишоне аз фарҳангу тамаддуни аҷдодонамон аст, ки тӯли асрҳо бо зебу зиннаташ шинамии худро гум накардааст. Аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, ки тоҷикон чун миллати шаҳрдор ва эҷодкору ҳунарманд дар мероси бузурги тамаддуни башарият саҳми арзанда гузоштаанд.
Бо фаро расидани фасли баҳор мардум либосҳои гарми худро як сӯ гузошта, ба либосҳои гуногуни сабук мегузаранд. Маъмулан куртаву пироҳанҳои атласу адрас дар фасли баҳор харидорони зиёде пайдо мекунад. Вобаста ба талабот арзиши либосҳо низ дар бозору мағозаҳо меафзояд. Махсусан занҳо бо омадани баҳор ба пӯшидани куртаҳои атласу адрас оғоз мекунанд, ки ин навъи либос хоса ба миллати тоҷик тааллуқ дорад.
Мардуми вилоятҳои Тоҷикистон ва минтақаҳои дурдасти он либосҳои махсуси миллиро ба бар мекунанд, ки хоси ҳар маҳал аст. Дар Хатлон куртаи чакан бо гулдӯзиву нақшҳояш ба рӯи матоъ ба бонувон ҳусни бештар зам мекунад. Либосҳои бадахшонӣ бошанд, бо зеби худ оламгир шудаанд. Ҳамчунин либосҳои зарафшонӣ, ки то ҳанӯз мардуми Кӯҳистони Мастчоҳ ба бар мекунанд, зеби ҳар як зан мебошанд. Албатта, замон дар ҳоли пешравист ва инсонҳо низ вобаста ба асру замон зоҳири худро тағйир додаанд. Аз ҷумла тарроҳон куртаҳои бадахшониву чакану зарафшониро бо дизайну дӯхти муосир мутобиқ кардаанд. Тарроҳони машҳури кишвар тайи чанд соли охир нақшу нигори миллиро ба либосҳои аврупоӣ даровардаанд, ки дар бонуфузтарин маросимҳои мӯди хориҷа ба намоиш гузошта шуд. Аз ҷумла тарроҳони ҳирфаӣ ва навгониофари тоҷик Умед Кучкалиев, Мавлуда Ҳамроева, Хуршед Сатторов, Фарида Саидова, Нафиса Имронова аз ҷумлаи онҳоанд.
Ҳамасола дар кишвар маросимҳои калони мӯд баргузор мешавад, ки тарроҳон дар он ширкат мекунанд. Ҳамчунин дар ҷашнвораҳои мӯди хориҷа тарроҳони мо пайваста иштирок карда, либосҳои дӯхтаашонро ба намоиш мегузоранд. Бояд қайд намуд, ки тарроҳони муосири мо имрӯзҳо усули қадимиву муосирро омехта карда, либос медӯзанд. Масалан, нақшу нигори миллиро дар куртаҳои дӯхти аврупоӣ истифода мебаранд, ки воқеан чашмгир менамояд. Боиси ифтихору сарфарозист, ки нақшу нигори миллӣ ва матоъҳои атласу адрас машҳури ҷаҳониён гардида истодааст. Ҳамчунин ҳамасола дар шаҳри Душанбе Ҳафтаи мӯд баргузор мешавад, ки ин ҳам бурде дар муаррифии либосҳои миллии мо ба ҷаҳониён мебошад.
Бояд гуфт, ки одамро сараввал ба зоҳираш баҳо медиҳанд, хусусан мо, ки мардуми шарқем ва мусулмонем, набояд аз либосҳои суннатии гузаштагонамон дур бошем. Зеро сайёҳе, ки ба Тоҷикистон ташриф меорад, барояш либоси миллии тоҷикона ва фарҳанги қадимии мо диққатҷалбкунанда аст. Либос ҷузъи фарҳанг ва ифодагари назокату малоҳати бонуи тоҷик буда, дар таърих маҳз бо ҳамин либос мондагор хоҳад монд.
Суман ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»