ПАРВАРДАИ КИШВАРИ ИЛМУ АДАБ

Миллати тоҷику ӯзбекро мероси бойи маънавӣ ва фарҳангии дар тамоми ҷаҳон эътирофшуда муттаҳид месозад. Ин мероси бузург ба зиммаи мо вазифа мегузорад, то муносибатҳоеро, ки ниёгонамон барқарор кардаанд, ҳифз ва афзун намоем, фазои дӯстию ризоиятро барои наслҳои оянда аз ҳар ҷиҳат, ба мисли Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ таҳким ва ғанӣ гардонем.

Дар ин раванд саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар таҳкими муносибатҳо ва рушди алоқаҳои ҳамаҷиҳата басо бузург аст. Дар баробари ҳамкориҳо ва рушди дигар соҳаҳои ҷомеа дар риштаи адабиёту илм низ як қатор тадбир‐ҳои судманд андешида шуда, мактабҳои олии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон байни ҳам бо ба имзо расонидани шартномаҳои илмӣ баргузории чорабиниҳои илмиву адабии муштаракро ба нақша гирифтааст.

Даъвати аҳли илму адаби тоҷик адабиётшиносу матншиноси барҷаста, устоди суханшиносони Тоҷикистону Ӯзбекистон Ваҳҳоб Раҳмонро ба муносибати 80‐солагии ҷашни мавлудаш шод гардонд ва ин даъватро бо хушнудӣ пазируфту меҳмони навбатии маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан», ки дар толори факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, шуд. Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Аюб Усмонзода дар бораи фаъолияти пурсамари Ваҳҳоб Раҳмон, хидматҳои ӯ дар рушди адабиётшиносӣ ва илм, пайванди ногусастании ин ду халқи ба ҳам дӯсту бародар дар мисоли Ваҳҳоб Раҳмон, ки зодаи Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, пас аз ҳаждаҳ соли таҳсилу фаъолият дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолияти эҷодиашро дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон идома бахшидааст, сухан гуфт.

Ифтихормандии номзади илмҳои филология, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мунаввара Ойматова дар бораи суханшиносу матншинос, шеършиносу санъатшинос будани соҳибҷашн, ҳамчунин хизматҳои мондагору осори беназири устод Ваҳҳоб Раҳмон, ки то имрӯз ҳар асари он кас китоби рӯимизии устодону шогирдони факултаи филологияи ӯзбеки донишгоҳ гардидааст, буд. Ҳарфҳои шогирдонаи «…ҳарчанд Ваҳҳоб Раҳмон фарзанди Тоҷикистону шаҳрванди Ӯзбекистон аст, аммо ба мамлакати илму адаб тааллуқ дорад» гуфтанаш бешак, мақбули иштирокдорони маҳфил гардид, зеро ин гуфтаҳо ҳақ аст. Номзади илмҳои филология, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шарифҷон Тоҷибоев дар бораи фаъолияти матншиносии Ваҳҳоб Раҳмон ибрози назар намуда, ҷуръату тавононии ин адабпажӯҳи варзидаро дар раванди фаъолият, дастболо шудан дар ҷараёни фаъолият нек арзёбӣ намуд.

Доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти классикии Донишгоҳи шарқшиносии Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Боқиҷон Тӯхлиев, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Фахриддин Насриддинов, раиси ҷамъияти ӯзбекони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Ҷӯраев, устодони соҳибмактаби бузургсоли факултаи филологияи ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Абдувалӣ Бердиалиев, устоди донишгоҳии соҳибҷашн Ҳомидҷон Мамадов дар бораи фаъолияти беназир ва зиндагии хуррамона, ҳамчунин дӯстиву равобити Ваҳҳоб Раҳмон бо устодони сухан нуктаҳои пурмуҳаббат ба забон оварданд.

Ихлосманду шогирдон, устодону дӯстдорони каломи бадеъ раиси Шӯрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода, рӯзноманигор ва адиба Солеҳа Олимова, шоир Ёқубҷон Очилов, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Ёва Раъно Холматова, декани факултаи филологияи тоҷик, дотсент Муҳаббатхон Тиллохӯҷаева, бародари соҳибҷашн Зафар Абдураҳмонов, роҳбарияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10, ки соҳибҷашн таҳсилкардаи ин муассиса буданд, ҳамчунин хешону пайвандон дар бораи шахсияти нотакрор, фаъолияти доманадор, нуфузи адабиётшиносӣ, осори мондагору беназир ва ҳамкории пурсамари Ваҳҳоб Раҳмон ҳарфҳои самимӣ гуфтанд. Овози хуши сарояндаҳои маҳбуб Сироҷиддин Худоймерганов ва Ҳалимҷон Салимӣ зери оҳангҳои классикиву замонавӣ табъи иштирокдоронро шод гардонида, суханҳои самимию табрикоти аҳли маҳфил дигарбора Ваҳҳоб Раҳмонро ба Тоҷикистон ва тоҷикистониён дилгарм кард.

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh