КОРВОНИ ИТТИЛООТИИ ЖУРНАЛИСТОН
- Details
- Published on Thursday, 23 June 2022 11:50
Санаҳои 15 ‐17 уми июни соли 2022 ба ифтихори 25 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ сафари “Корвони иттилоотии журналистони Тоҷикистон” дар ҳайати 35 нафар журналистони Тоҷикистон, иборат аз намояндагони васоити ахбори оммаи маҳаллии ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Бадахшон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе бо иқдоми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон зери роҳбарии Зинатуллоҳ Исмоилзода ва дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Хатлон, инчунин сарпарастии Ширкати "Сиёма" ба вилояти Хатлон, дар сатҳи баланду хотирмон баргузор гардид.
Журналистон дар доираи ин сафар аз деҳоту ҷамоатҳои шаҳру ноҳияҳои Темурмалик, Ховалинг, Балҷувон, Кӯлоб, Леваканд ва Бохтари вилояти Хатлон боздид намуда, аз мавзеъҳои фарҳангию сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихию меъморӣ, инчунин бо фаъолияти корхонаҳои саноатии вилоят, ки дар доираи таҷлили ҷашни 30‐солагии Истиқлоли давлатӣ ва эълон гардидани солҳои рушди саноат ба фаъолият шурӯъ намудаанд, шинос гардиданд.
Боиси зикр аст, ки ҳадафи асосии баргузории чунин вохӯриҳо ин, пеш аз ҳама, табодули назар ва таҷриба, мулоқоту вохӯриҳо бо ҳампешагон, шиносоию огаҳӣ пайдо намудан аз дастовардҳои 30‐соли соҳибистиқлолии минтақаҳои мухталифи мамлакат ва самараи Ваҳдати миллӣ буд. Сафари корвони иттилоотии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Бохтар ҷамъбаст гардид.
Дар фарҷом муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ бо ҳайати корвони рӯзноманигорони Тоҷикистон мулоқот орост. Мавсуф аз номи роҳбарияти вилоят ташрифи журналистонро ба вилоят хайрамақдам гуфта, ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ ва 30‐юмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфт.
Аз чорабинии сатҳи баланду тарғибгари дӯстиву рафоқати минтақаҳои кишвар бо як ҷаҳон таассуроти ҷолибу хотирмон бардошта, аз мавзеҳои таърихӣ, манзараҳои тамошобоб, табиати хушбоду ҳавои ин диёр, бо шодмонӣ аз рушд дар ҳама соҳоту дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии ҳамдиёрони меҳнатқарини ҳар гӯшаи Хатлонзамин ва шукргузориву васфи даврони осоишта, сулҳу субот, пойдории Ваҳдати миллӣ ҳайати корвони журналистон сафари хешро ба сомон расонид.
Дар бобати таассурот аз сафар муфассал дар шумораҳои минбаъда маводро манзури хонандагон хоҳем кард.
Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”