ИМРӮЗ ВА ОЯНДАИ “АТЛАСИ ХУҶАНД”

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳри эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла атласу адрасбофӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Ин буд, ки оғоз аз 18‐уми марти соли 2022 ҳамаи онҳое, ки ба соҳаи атласу адрасбофӣ сарукор доранд, аз тамоми намуди андозҳо озод шуда, танҳо андози иҷтимоӣ ва аз даромади шахсони воқеӣ пардохта мешаванду халос. Ин иқдом боз ҳам барои дастгирӣ ва рушди соҳаи мазкур нигаронида шуда, аз ҳар ҷиҳат манфиатҳои бештарро ба бор овард.

‐ Воқеан дастгирии бевоситаи роҳбарияти кишвар ва вилоят буд, ки соҳаи мазкур соли 2017, пас аз ташрифи Пешвои миллат ба корхонаи мо, ки бевосита аз фаъолият ва шароиту имконоти коргоҳ аз наздик шинос шуданд, барои равнақу рушди соҳа таккони ҷиддӣ бахшида шуд.

‐ Соли 2005 коргоҳи мазкур шахсӣ гардонида шуд, мо корро аз сохтмону таъмир оғоз кардем, то шароити хуби корӣ ба кормандон муҳайё шавад. Ҳамчунин, дастгоҳҳои мавҷударо аз таъмир баровардем. Қайд кардан бамаврид аст, ки аз моҳи январи соли 2008 коргоҳ тағйири ном намуда, ба ҶДММ «Атласи Хуҷанд» табдил ёфт. Имрӯз он дар ҷумҳурӣ ягона корхонаест, ки истеҳсоли саноатии атласу адрасро ба роҳ мондааст. Матои атлас аз замони қадим дар ҳар давру замон маъруфият доштаву алҳол низ шӯҳратёру талабгорони зиёд дошта, арзиши худро гум накардааст.

Бо хушнудӣ метавон гуфт, ки имрӯз корхона ба пуррагӣ фаъолият дошта, аз 100 фисад 70 фисади кор дастӣ ва 30 фисади он тариқи дастгоҳҳои механикӣ сурат мегирад. Ба ғайр аз истеҳсоли матои атлас истеҳсоли матои адрас низ ба роҳ монда шудаст, ки он аз пахта тайёр мешавад, ‐ гуфт роҳбари корхонаи ҶДММ «Атласи Хуҷанд» Азимҷон Ғафуров.

Боиси қайд аст, ки то омода шудани матоъ 22 амал ба иҷро расонида мешавад, аз ҷумла, тар кардани калобаи абрешим, ресандагӣ, тобандагӣ, буғдиҳӣ, калобаресӣ, пухтани абрешим, даврагирӣ, кашидани нақшаи матоъ, аврбандӣ, бофандагӣ ва ғайраҳо ва тамоми амалҳо аз коргарон масъулияти зиёдро тақозо мекунад.

Ногуфта намонад, ки барои як намуди атласи навро истеҳсол намудан, дарозии он бояд сесад метр тӯлонӣ бошад, дар сурати аз он кам шудан аз ҷиҳати иқтисодӣ зарар хоҳад шуд ва азбаски он дастӣ иҷро мегардад барои ин амал то се моҳ вақт масраф мешавад.

‐ Ҳоло коргоҳ истеҳсоли намуди атласу адрасро ба роҳ мондааст. Кормандон дар як баст фаъолият дошта, дар як сол то 32 ҳазору 600 метри мурабаъ атласу адрас истеҳсол мекунанд. Дар давоми 5 моҳи соли равон 19 ҳазору 50 метри мурабаъ атласу адрас бароварда шуда, аз он наздик 13 ҳазор метри мурабаъ атлас ва зиёда аз 6 ҳазор метри мурабаъ адрас мебошад. Танҳо дар ду моҳи охир зиёда аз 12 намуди атласи нав истеҳсол гардид, ‐мегӯяд директори ҶДММ “Атласи Хуҷанд” Азимҷон Ғафуров, ‐ ҳоло дар назди коргоҳ намоишгоҳ ва сехи дӯзандагӣ ташкил гардида, дар он анвои гуногуни нусхаи матои атлас ва адрас, ҳамчунин маҳсулоти зиёди аз ин матоъ омода шуда ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ ва аҳолӣ пешниҳод мегардад.

Таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ва роҳандозӣ шудани қарор бобати озод намудани соҳаи мазкур аз андозҳои мухталиф ба пешрафту беҳтаршавии шароити коргоҳ таъсири муфид расонид. Масалан маблағи аз андоз сарфа кардашуда барои баланд бардоштани музди маоши кормандон ва воситаҳои гардони коргоҳ корбаст гардид.

Дар хусуси дурнамои коргоҳ ҳарф зада мавсуф иброз дошт, ки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода низ пайваста аз коргоҳи мазкур боздид ба амал оварда, ҷиҳати рушди он дастуру супоришоти саривақтӣ медиҳанд.

Ҷоизи қайд аст, ки соли 2021 роҳбарияти ҶДММ “Атласи Хуҷанд” ҷиҳати ташкили корхонаи муштарак бо яке аз корхонаҳои вилояти Самарканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Корхонаи хусусии “Кумуш–Тола” гуфтушунид намуд. Барои амалишавии ин иқдом роҳбарияти вилоят, зимни сафари хеш бо соҳибкорони вилоят ба шаҳри Тошканд маро низ ба ҳайати гуруҳи корӣ ворид намуданд. Дар ин вохӯрии соҳибкорон бо раиси шаҳри Тошканд ва Вазири кишоварзии кишвари ҳамҷавор гуфтушунид ба амал оварда, зимни он харитаи роҳ (дорожная карта) ба имзо расонида шуд. Зимни ин вохӯрӣ қарор дода шуд, ки байни вилоятҳои Тошканду Суғд корхонаҳои муштарак таъсис дода, барои амалисозии он 50 миллион доллари амрикоӣ ҷудо гардид.

‐ Аз ин лиҳоз дар назар аст, ки тибқи нақша имсол дар ҳамҷоягӣ бо корхонаи “Кумуш – Тола” – и вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва коргоҳи мо бо номи ҶДММ “Корхонаи муштараки Самарқанд‐Суғд‐Силк” ташкил гардад ва бо ин мақсад барои ташкили он 5 миллион доллари амрикоӣ ҷудо хоҳад гашт. Дар ин раванд аллакай корхонаи нав аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шуда, суратҳисоб ва корҳои дигари омодагӣ дар ин самт ҷараён дорад, ‐изҳор дошт А.Ғафуров.

Чуноне қайд гардид, самти ин корхонаи нави муштарак асосан аз пилла абрешимкашӣ (коконаматальная) нигаронида шуда, мақсад истеҳсоли маҳсулоти ашёи хоми худӣ дар дохили вилоят ва бо ин зиёд намудани истеҳсолоту анвои он, ҳамзамон паст кардани арзиши матои атлас ва дар маҷмӯъ рушду тараққӣ додани соҳаи атласу адрасбофӣ мебошад.

Барои рушд ёфтани соҳаи саноат, он ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат дониста шуда, дар ин самт сол аз сол дар қаламрави кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд низ басо корҳои назаррас ба иҷро расонида мешавад.

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh