Ғолибони “Сад ранги чакан”
- Details
- Published on Tuesday, 07 June 2022 13:54
Дар «Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Хуҷанд» бо мақсади муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, сурату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ, читгарӣ ва атласу адрасбофӣ Фестивал ‐ озмуни вилоятии «Сад ранги чакан» баргузор гардид.
Дар Фестивал – озмун муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ ширкат варзида, доир ба эҳтирому арҷгузорӣ ба мероси пурғановати таърихию фарҳангии миллати тоҷик дар иртибот ба эътироф гардидани яке аз намунаҳои гулдӯзии қадимаи тоҷикон ‐ чакан ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддии башарият, ҳунари волои занону бонувони тоҷик ҳарф зад. Қайд гардид, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар арзишҳои миллии тоҷикон арзишҳои фарҳангӣ низ аз нав эҳё гардиданд, ки ҳунари гулдӯзии тоҷикон ‐ чакан аз зумраи онҳо мебошад.
Дар Фестивал – озмун 170 довталаб бо маҳсули эҷоди 33 тарроҳи чирадасту моҳир аз қишрҳои гуногуни ҷомеа аз рӯйи шаш номинатсия, аз ҷумла “Беҳтарин либоси қадимаи чакан”, “Беҳтарин либоси кӯдакона”, “Беҳтарин либоси рӯзмарра”, “Беҳтарин либоси маросимӣ ва идона”, “Беҳтарин либоси расмӣ” ва навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ либосҳои хушдӯхти худро манзур карданд. Ҷоиз ба қайд аст, ки фестивал – озмун дар ду давр, аз ҷумла дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ доир гардид. Ҳайати ҳакамон бештар ба паҳлӯҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани анъанаҳои миллӣ, ҳунари волои чакандӯзии ин ё он маҳал, санъати асили гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, тоқидӯзӣ ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллӣ эътибори хоса дода, иштирокчиёнро баҳогузорӣ карданд.
Аз ҷумла, ҷойҳои аввал дар бахши «Беҳтарин либоси қадимаи чакан» Шаҳноза Аҳмедова аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар бахши «Беҳтарин либоси кӯдакона» Мавзуна Абдураҳмонова аз шаҳри Панҷакент, дар бахши «Беҳтарин либоси рӯзмарра» Азиза Ахмедова аз шаҳри Хуҷанд, дар бахши «Беҳтарин либоси маросимӣ ва идона» Мавзуна Абдураҳмонова аз шаҳри Панҷакент, дар бахши «Беҳтарин либоси расмӣ» Матлуба Ниёзова аз шаҳри Хуҷанд, дар бахши «Беҳтарин навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ» Мукаррам Шарофиддинова аз ноҳияи Шаҳристон сазовор дониста шуданд. Ҳамчунин, 18 ғолиби Фестивал ‐ озмуни «Сад ранги чакан» бо дипломҳои дараҷавӣ ва туҳфаҳои Раиси вилоят сарфароз гардонида шуданд.
Боиси қайд аст, ки дар Фестивал ‐ озмун намоиши ҳунари чакандӯзони чирадасти шаҳру навоҳии вилоят пешкаши иштирокдорон гардонида шуд. Дар он намунаҳои сершумори ин санъати бостонии тоҷикон, аз қабили либосу лавозимоти рӯзгор ‐ курта, сӯзанӣ, болишт, чойникпӯш, тоқӣ, гаҳворапӯш, ки бо нақшҳои гуногун оро дода шуда буданд, ба маърази тамошо гузошта шуданд. Барои фароғати иштирокдорон таронахониву бадеҳахонӣ, карнайбазм ва дигар суннатҳои миллии мардумӣ намоиш дода шуд.
Ҳофизони эстрадаи тоҷик ва дастаҳои ҳунарии рақсии «Зебо», «Ғаффор Валаматзода» бо сурудҳои дилнишин ва рақсҳои ҷозиб табъи иштирокчиёнро шод гардониданд.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”