- Details
-
Published on Thursday, 02 June 2022 14:26

-Бисёр консерти нағз шуд, роҳат кардем.
-Ҳа, беҳад нағз гузашт, аслан ба чунин консертҳо тез-тез омада истодан лозим.
-Ҳа нагӯй дугона кору кору кор, меҳнат бо истироҳаташ хуб мегӯянд-ку. Қандаша занад Сабоҳат, хастагиҳои мо ҳам рафъ шуд.
-Хеле хуб шуд, ки дубора ба саҳна баргаштанд.
-Ҳа рост, аз омаданам пушаймон нестам.
Ин суҳбати ду мухлии Сабоҳат Начмиддинова буд, ки баъди консерти ин ҳофизаи хушадо ва маҳбуби кишвар нохудогоҳ шоҳиди он гаштам.
Воқеан, консерти Сабоҳат Наҷмиддинова, ки бо ҳамроҳии шогирди он кас Рафоатбону Орифзода шоми 27-уми майи соли 2020 дар Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ таҳти унвони “Ҳамболи тарона” баргузор гашт, хеле хотирмон буд.
Дар ду моҳи охир ин дувумин консерти устоди санъат Сабоҳат Наҷмиддинова аст, ки баъди панҷ соли танаффус дар шаҳри Хуҷанд баргузор менамояд.
Чаро Сабоҳат Наҷмиддинова панҷ сол рӯи саҳна набуд? Ба чӣ хотир аввалин консерти ӯ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гашт? Ин мулоқоти деринтизори мухлисон ба ҳаводорони суруди ӯ ва ба худи Сабоҳат Наҷмиддинова чӣ дод? Дар ҷустуҷӯи посухи ин суолҳо суҳбати доштем бо Сабоҳат Начмиддинова, ки фишурдаи онро манзури мухлисони сершумори ҳофизаи хушадо ва хонандагони рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” менамоем.
ИН САДО БОЯД ШАШМАҚОМ ХОНАД
-Дуруд, муаллимаи азиз. Дирӯз дар консерти Шумо иштирок доштем, лаззати маънавӣ бардоштем, овозатон хаста мабод ва сипосҳо ба чунин як шоми пурмуҳаббат.
-Саломат бошед, хеле хушҳолам, ки ба Шумо ва мухлисон дидори мо хушомада. Аз дирӯз чунин ҳарфҳои меҳрбор аз мухлисонам нисор мешаванд, ки бароям болу пар мебахшанд. Барои эҷод, барои офаридани сурудҳои нав ба нав, барои зиндагии саршори муҳаббат. Воқеан сурудан ин ишқи ман аст.
-Муаллимаи азиз аз ишқи сурудан ёд намудед, лутфан мегуфтед, ки ин муҳаббат чӣ тавр дар дили шумо шӯъла афрӯхт ва чаро Шашмақомро интихоб кардед?
-Аслан муҳаббати ман ба сарояндагӣ аз давраи мактабхонӣ оғоз шуда буд, дар маҳфилҳои мактабӣ суруд мехондам, аммо гузаштан ба Шашмақом як таърихча дорад. Дар як вохӯрӣ бо ҳунармандони бузурги замон, шодравон Зиёдулло Шаҳидӣ, Аҳмад Бобоқулов ва Аслиддин Низомов, ки дар мактаби мо баргузор шуд, ман як сурурд хондам. Пас аз мулоқот маро ба утоқи кории директори мактаб даъват карданд ва устодон гуфтанд, ки “Ин садо бояд Шашмақом хонад”. Ман, ки аз шашмақом бохабар набудам, аз ин ҳарфҳои устодон ҳайрон шудам. Ман ун вақт синфи ҳафт мехондам. Устодон бо падару модарам суҳбат карда, маро ба курси омодагии донишгоҳи санъат шомил намуданд ва ман ҳафтае ду маротиба ба ин даргоҳ омада, аз нозукиҳои ин касб огоҳ мешудам. Он вақт устод Аслиддин Низомов мудири кафедраи мусиқии шарқӣ дар ин донишгоҳ буданд.
Иштирок дар дарсҳои ансамбл ба ман писанд омад ва ман се сол хондам. Баъди хатми мактаби миёна мехостам муаллим ё тоҷир ё ҳофиз шавам. Ба ҳамин се касб майлу рағбат доштам. Ҳангоми интихоби касб се сол азхуд кардани Шашмақом майли маро ба сурудан бештар сохт ва ман ба донишгоҳи санъат омадам. Албатта, хонаводаам дар оғоз фикр карданд, ки ин завқи кӯдакӣ аст ва то ба охир дар ин роҳ намемонам. Аммо Шашмақом ҳамин хел ҷозиба доштааст, ки касро ба худаш мафтун намуда, мисли оҳанрабо мекашидааст. Албатта, вақте донишҷӯ шудам, ман ба даргоҳе омадам, ки тӯли се сол ба он ҷо омада мерафтам, яъне барои ман донишҷӯ будан нав набуд. Ҳамин тавр оғоз шуд замони донишҷӯиву омӯзишҳои пайваста. Аз устодон нозукиҳои касбро омӯхтем. Баъди хатм ба ансамбли давлатии Шашмақом роҳхат доданд, то соли 2017 дар ҳайати ансамбл фаъолият намудам. Баъд аз оне, ки модарам бемор шуданд, ман худам хонанишиниро интихоб карда, ба парастории модар машғул шудам. Баъди марги модар дунё ба назарам торик шуд ва ман тамоман суруд хонда натавонистам.
МУХЛИСОНАТОН ШУМОРО ИНТИЗОРАНД
-Огоҳ ҳастем, ки Шумо панҷ сол дар саҳна набудед. Мухлисонатон низ бесаброна интизор буданд ва хушбахтона баъд аз панҷ сол шуморо дубора рӯи саҳна мебинем.
- Оре, баъди марги модар сахт дилшикаста шудам. Азбаски модарам писар надоштанд (мо ҳафт нафар духтар ҳастем) ману модарам ҳамхона будем. Касби ман ҳам тақозо мекард, ки модарам ҳамроҳи ман бошанд, чун мо ба сафарҳои хидматӣ зиёд мерафтем. Парастории фарзандонамро ба зимма доштанд. Будани модар канори фарзандон хотири ҷамъи ман буд. Ҳамин тавр баъди марги модар гуфтам, дигар намехонам. Модарам шунавандаи асили ман буданд. Он кас зиёд мехостанд, ман сароянда бошам ва хидматҳои модари азиз буд, ки ман ба ин мартабаҳо расидам. Медонед, чӣ фикри маро дар бораи қарори дигар суруд нахондан тағйир дод? Муҳаббати мухлисонам! Дар ин панҷ сол рӯзе набуд, ки мухлисонам аз ман ёд накунанд. Менавиштанд тариқи паёмакҳову номаҳо, ки чаро сурудҳои нав нахонда истодаам? Чаро камнамо ҳастам? Кай консерт баргузор мекунам? Суруди навамро чи хел пайдо карда метавонанд? Дар кучаҳо бинанд, бисёр хоҳиш мекарданд, ки ба саҳна баргардам. Дар ин панҷ сол ман ягон суруд сабт накардам, гарчанде 17 суруд омодаи сабт буд. Ман ба консерт омодагӣ медидам, ки модар бемор шуданд. Дар радио, телевизион ҳам баромад надоштам, бо рӯзноманигорон суҳбат намекардам. Яъне ба тамом дилам сард шуда буд. Аммо оташи муҳаббати мухлисон ба дилам меҳри суруданро дубора зинда кард. Бахусус мухлисон аз вилояти Суғд зиёд менавиштанду занг мезаданд, ки ман аз ҳар кадоми онҳо аз замин то осмон миннатдор ҳастам. Вақте аз Хуҷанд занг заданду гуфтанд, ки мухлисонатон Шуморо интизоранд, ин сухан ба ман илҳом бахшид.
-Аввалин консерти Шумо баъди танаффуси панҷсола санаи 8-уми марти соли равон баргузор гашт ва хеле маҳфили хубе ҳам шуд. Дар он консерт ваъда додед, ки ба зудӣ боз ба дидори мухлисон меояд ва ба ваъдаатон вафо ҳам кардед.
- Бале моҳи марти соли 2022 дар Маркази ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ бо шоира Меҳриниссо маҳфили зебое баргузор кардем, ки бо ташаббус ва хоҳишу талоши мухлисони вилоят баргузор шуд. Ин аввалин консерт баъди панҷ соли танаффус буд.
Вақте ба саҳна баромадам ва ба чашмони мухлисонам нигоҳ кардам фаҳмидам, ки сурудан ишқи ман аст ва ман ҳақ надорам мухлисонро, ки ин қадар ба санъати ман муҳаббату эҳтиром доранд, ноумед созам.
-Муаллимаи азиз, Шумо аз шогирдони боҳунари устод Боймуҳаммад Ниёзов ҳастед. Аз ин пайванд ва ҳамкориҳо мегуфтед.
- Устоди ихтисосам дар донишгоҳ Боймуҳаммад Ниёзов буданд. Аз соли аввал ба ман дарс гуфтаанд. Вақте соли 1986 суруди “Бар лаби дарё биё”-ро ба ман омӯзонданд, ин суруди устодро ман хондам ва ба устод бисёр писанд омад ва мо ин сурудро дар радио сабт кардем. Он замон сабти суруд дар радиои марказӣ ба як донишҷӯдухтар кори осон набуд. Устод, ки роҳбари ансамбли Шашмақом буданд, бо ташаббуси хеш ин сурудро сабт намуданд. Устод гуфта буданд, ки Шумо панҷум нафаре ҳастед, ки ин сурудро бозхонӣ кард, аммо Шумо ба ин суруд умри дубора бахшидед. “Бар лаби дарё биё” бо сурудани Шумо дубора зинда шуд. Пеш аз ман ин сурудро ҳунарпешагони хушсалиқаи ҷумҳуриамон Барно Исҳоқова, Ҳанифа Мавлонова, Шоиста Муллоҷонова хонда буданд. Мегуфтанд, ки “Духтарам, дар ин суруд ҳамин “Биё”-ро аҷоиб нағз мехонед-да. Шумо барин “биё” гуфта натавониста, мурда мерам-да, ба фикрам. Ҳамин қадар кардам зинаҳои нолаҳои шуморо дар “биё” карда натавонистам”-гӯён шӯхӣ мекарданд. Мегуфтанд, ки хониши Шумо табиӣ аст, инро сохта намешавад. Баъд замони донишҷӯӣ устодам сурудҳои “Ғарибӣ”, “Бар нигори ман баред”, “Эй ҷони ман асират”- ро ба ман ёд доданд. Мегуфтанд, ки вақте Шумо сурудҳои маро мехонед як навигарии худатонро медароред, ки ба сурудҳо умри дубора медиҳад.
Баъд вақте ин суханҳоро гуфтанд, ман гуфтам, ки устод агар ман сурудҳои Шуморо хонда тавониста бошам, пас як шаби Боймуҳаммад Ниёзов консерт мекунам ва сурудҳои Шуморо мехонам. Хеле хурсанд шуда, “канӣ акнун, ин хел кунед хеле хуб мешавад” гуфта буданд. Духтарам, аҷоиб пешниҳодҳои нағз медиҳед, гуфта буданд. Мутаассифона, вақти зинда буданашон ин орзуҳоямонро амалӣ карда натавонистам.
КАЛИДИ ПУРАСРОРИ БОЙМУҲАММАД НИЁЗОВ
-Муҳимтарин дарсе, ки аз устод Боймҳаммад Ниёзов гирифтаед, кадом аст?
-Муҳаббат ва садоқат ба Шашмақом. Дар ин маврид мехоҳам як қиссаро нақл кунам. Вақте устод бемор шуданд ба беморхона хабаргирӣ омадам. Вақте суҳбат кардан устод агар ҷунбанд, аз кисашон як баста калид меафтод, як калиди майдаву ду калон. Шарифҷон- писарашон вақте калидро гирифтанӣ шаванд ба дасти писарашон якто зада, “нарас”,- гӯён калидро ба киса меандохтанд. Ҳамин тавр калид чанд бор аз кисаи устод меафтид, аммо ба касе намегузоштанд, ки ба калид даст расонад. Ман пурсидам, ки – устод, дар сандуқатон чӣ доред, ки ин қадар калидҳоро сахт эҳтиёт мекунед?
Оҳиста чашмакӣ зада, - он ҷо хазина калон, баъди маргам касе гирад мефаҳмад, -гуфтанд. Ростӣ, мо гумон кардем, ки он ҷо устод боигарии зиёд доранд. Лекин баъди маргашон маълум шуд, ки устод дар он сандуқ китобҳои Шашмақом ва сабти тамоми сурудҳои худро нигоҳ медоштаанд. Шаш мақомро ба фитаҳо кӯчонда мондаанд. Воқеан, ба қавли худашон хазинаи бебаҳо! Ин муҳаббат ва садоқат ба санъати миллӣ аст, ба Шашмақом аст кибарои ман дарси ибрату пайравӣ гашт.
Медонед, устод дар беморхона ҳам ба ман гуфта буданд, ки ҳамон консерти гуфтаатонро накардем-а? Ман бошам,- устод ҳоло Шумо дуруст мешавед, ҳамроҳ консерти хушрӯ мекунем,- гуфтам. Лекин бинед, ки то ҳоло мо ҳамин корро накардем, афсӯс. Аммо ҳоло вақте устодам рафтанд, падару модар рафтанд, ин қадар азизон рафтанд ман бояд ба хотири онҳо чунин як консертеро баргузор кунам, Чун нишони муҳаббату садоқати шогирид ба устод, фарзанд ба волидайн. Зеро агар волидайн маро ба дунё оварда бошанд, устод ба ман ҳадяи беҳтарини умр - ҳунарро омӯзонданд. Мухлисон маро бо суруди “Бар лаби дарё биё” мешиносанд. Сурудҳои Боймуҳаммад Ниёзов маро Сабоҳат Наҷмиддинова кардааст.
Дар интиҳои суҳбат барои мақомхонҳои ҷавон чӣ маслиҳат медиҳед ва чӣ раҳнамое?
-Шашмақомхонони ҷавон бояд меҳнат кунанд. Ҳарчӣ пеш омад хушомад хондан лозим нест. Пеш аз як сурудро хондан маънии сурудро дарк намоянд. Баъд барои хондани Шашмақом овози махсус лозим аст. Барои чӣ шашмақомхон кам? Барои он ки ҳар санъаткор Шашмақом хонда наметавонад. Барои Шамақом хондан дар баробари овоз сабр лозим аст. Ба ҷавонони ҳунарманд сабр мехоҳам ва муҳаббат ба касб!
- Ба мухлисони хеш дар вилояти Суғд ва ба хонандагони рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” таманное доред?
-Ман Хуҷандро дӯст медорам. Хуҷанд маро дӯст медорад. Ман ба мухлисон ва хонандагони рӯзнома саломатӣ орзу дорам. Зинда бошанд, аз санъати асил дур набошанд. Ҳамеша ба мо ҳунармандон бо муҳаббати саршори хеш қуввату нерӯ бахшанд. Канӣ сурудҳои нав?- гуфта пурсида истанд, ки ин хоҳиши мухлисон бароямон ангезаи эҷод медиҳад. Зеро маҳз муҳаббат ва суроғнамуданҳои мухлисон моро ангеза медиҳад. Дар ин панҷ соле, ки дур аз саҳна будам, агар мухлисон маро ёд намекарданд, суроғам наменамуданд, сурудҳои нав намепурсиданд шояд аслан дигар рӯи саҳна намебаромадам. Бори дигар бо ифтихор мегӯям, маро муҳаббати мухлисон дубора ба саҳна овард!
-Саломат бошед, овозатон хаста мабод.
-Ташаккур, ба Шумо низ саломатӣ хоҳонам.
Суҳбаторо Сурайё ҲАКИМОВА,
Add comment