НИШАСТИ 200-УМИНИ “ГАНҶИ СУХАН”
- Details
- Published on Wednesday, 01 June 2022 08:51
Дар толори Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд бахшида ба 80-солагии Шоирони халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ нишасти200-уми маҳфилиилмию адабии "Ганҷи сухан" баргузор гашт. Маҳфили навбатӣ бо иштироки васеи адибону донишмандон, устодони макотиби оливу миёна, донишҷӯён, ҳунармандону мухлисониилму адаб ва аҳли фарҳанг доир гашта, маҳфил бо намоиши филми “Ишқро оғоз ҳаст, анҷом нест” ибтидо гирифт. Филми мазкур дар бораи ҳаёт ва фаъолияти поягузори маҳфил шодравон Абдулманнони Насриддин қисса карда, аз таърихи 18 солаи маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” нақл намуд.
Роҳбари маҳфил дотсент Саидумрон Саидов иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, ҳозиринро бо зодрӯзи ду Шоири Халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ таҳният гуфт.
Дар оғози маҳфил намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзоғуфрон Ғафуров номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати 80-умин солгарди Кароматулло Мирзоев ироа намуд.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзоев ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шуъбаи суғдии иттифоқи нависандагон изҳори сипосмандӣ намуда, роҷеъ ба рӯзгори Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ нақлҳои ҷолиб кард.
Дар идомаи маҳфил, Фарзона - Шоири халқии Тоҷикистон, Носирҷон Салимӣ академики академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдунабӣ Сатторзода- профессор, доктори илмҳои филологӣ, Зиннатулло Исмоилов - Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Бахтиёр Ҳамдамов – сармуҳаррири “Минбари халқ”, Замира Мансурӣ – муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд баромад намуда аҳли нишастро бо зодрӯзи шоирони миллат ва аҳли маҳфилро бо нишасти 200-умин муборакбод намуданд.
Таъкид шуд, ки яке аз иқдомҳои наҷиби маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ёдкарди бузургони илму адаби миллати тоҷик ва хидматҳои онон дар рушди фарҳангу тамаддуни мо мебошад. Боиси зикр аст ки дар остони нишасти 200- умин ҷилди ҳафтуми “Армуғони “Ганҷи сухан” дар ҳаҷми 560 саҳифа дар нашриёти “Ношир” чоп шуд, ки дар он мақолаҳои илмии 43 нафар муҳаққиқ ва ашъори 32 нафар адиб ҷой дода шудааст.
Дар маҳфил як қатор иштирокчиёни фаъол бо Ифтихорномаи Сипосномаҳои Раиси вилоят, Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии Демократии Тоҷиикистон дар вилояти Суғд, Шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, барои саҳми арзандаӣ дар тарғибу ташвиқи ғояҳои созанда, баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ сарфароз гардонида шуданд.
Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”