“ДАРАИ САБЗ” - ГЎШАИ НОДИРИ ТАБИАТИ ДИЁР

Шаҳристон яке аз ноҳияҳои зебоманзари Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳавои тоза ва макони дилпазиру мавзеъҳои сарсабз дорад ва арчазоронаш таваҷҷуҳи ҳамагонро ба худ ҷалб месозад. Ин ноҳияи зебоманзар табиати басо мафтункунандаро дорост. Дараҳои зебои он бо хониши булбулон, чашмасорҳои шӯху дилфиреби ба рўҳи инсон ҳаловатбахшанда, гулу гиёҳҳои нодири судманд ба саломатии инсон, барфҳои нуқрасону дурахшанда ба кас ифтихору шодмонӣ мебахшад.

Кўҳҳо ва арчазорҳои Шаҳристон манзараҳоанд, кидили касро дар ҳайрат мегузорад. Кӯлҳо ва шохобҳои шӯх аз оби барфу пиряхҳо, чашмаҳои беғубори аз ҳар кўҳу дара шикофта бароянда, сарчашмаи манбаи нерӯи руҳбахшро гирифта, ба сӯйи ободкории дили мардуми ин маҳал мешитобад. Илова бар ин, ҳайвоноту набототи ноёбе, ки ба “Китоби сурх”, дохил шудаанд дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда нигоҳубин карда мешавад.

Ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда мамнуъгоҳҳо, парваришгоҳҳо, боғҳои миллӣ, боғҳои табиӣ дохил мешавад. Парваришгоҳ майдони табииест, ки дар ҳудуди он намудҳои нодири олами набототу ҳайвонот ва манзараҳои нотакрори кишварамон нигоҳдорӣ мешаванд. Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия соли 1981 ташкил ёфта, майдони умумии он 47441,88 гектарро дарбар мегирад. Муассисаи мазкур аз се минтақаи ҷангалпарварӣ ва 10 гардишгоҳ иборат аст.

Парваришгоҳи “Дараи сабз” аз 4 гардишгоҳ иборат буда, майдони умумии он 18266 гектарро ташкил медиҳад. Мақсад аз таъсис додану нигоҳдории ин парваришгоҳ барқарор намудани насли устувор, ҳифз ва барқарор намудани экосистемаҳои вайроншуда, дар навбати аввал ҷангалҳои кӯҳӣ мебошад. Дар муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия зиёда аз 20 нафар нозири ҷангал фаъолият мебаранд, ки барои ҳифз, бунёд ва барқарорсозии олами набототу ҳайвоноти ваҳшӣ ҳиссаи худро мегузоранд.

Муассиса аз ҷиҳати гуногунии гиёҳҳои худрӯйи шифобахш, аз қабили эфедра (зағоса), хуч, зулол, чойкаҳак, кокутӣ, газна (алафи газанда) ва пиёзи анзур хеле бой буда, аз инҳо як миқдори ками он истифода бурда мешавад. Барои зиёд намудани гиёҳи шифобахши пиёзи анзур дар минтақаи ноҳия мавзеъи Охтангӣ дар ду дара тухми ин гиёҳ кишт мешавад, ки афзоиши хуб дорад. Дар парваришгоҳ парандаву ҳайвоноти ваҳшӣ, аз ҷумла бузи кӯҳии сибирӣ, хук, гург, рӯбоҳ, қашқалдоқ, заргӯш, мурғи ҳилол, кабки дарӣ, инчунин ҳайвоноту парандагони нодири ба “Китоби сурх” - и Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда хирси малла, силовсин, ҷайраи ҳиндӣ, юрмони зард, бургут ва тазарв нигоҳубин мешаванд.

Дар давоми сол дар муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал барои олами ҳайвоноту парандаҳои нодир дар мавсими зимистон тибқи нақша корҳои биотехникӣ мегузаронанд ва бо хӯрока таъмин менамоянд. Агар ба ҳифзи табиат эътибори хоса зоҳир нанамоем, торафт экологияи табиат вайрон мешавад.

Татбиқи барномаҳои рушди хоҷагии ҷангали ҶумҳурииТоҷикистонин як роҳ ба сӯи ҳифзи табиати атроф мебошад. Ин барномаҳо оид ба беҳбуд бахшидан ба ҳолати ҳифзи муҳити зист, нигоҳдории ҷангалзорҳои мавҷуда ва зиёд намудани майдонҳои нав, ки барои тоза кардани ҳавои атмосфера, паст намудани ҷараёни эрозияшавӣ ва биёбоншавии заминҳо, ҳифзи захираҳои об, шароити зист ва афзун гардонидани саршумори олами набототу ҳайвонот нигаронида шудаанд, мебошад. Барои ҳифзи табиати тоза мо, сокинони мамлакат бояд корҳои тарғиботию ташвиқотӣ гузаронем. Ҳифз ванигоҳ доштани олами набототу ҳайвоноти нодир вазифаи муҳими ҳар як сокини мамлакат ба ҳисоб меравад.

Умматалӣ ХОҶАЕВ,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh