ШОҲАСАРИ САНЪАТИ ТОҶИК

“Шашмақом” ифтихору иқтидор ва сари болои тоҷикон аст. “Шашмақом” - ро “Шоҳнома”-и санъати тоҷик меноманд, ки беҳуда нест.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади такмили минбаъдаи анъанаҳои фарҳангии мусиқии халқи тоҷик, дар заминаи арзишҳои аслии санъати мақомхонӣ равнақ додани ҳисси зебоипарастии халқ «Дар бораи инкишофи минбаъдаи санъати шашмақомхонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон ба имзо расониданд. Ба дурустӣ, ин шоҳасари безаволи мусиқии суннатии ниёгони мо дар фарҳанги мусиқии миллати тоҷик мавқеи муҳимро дорост ва ҳамасола санаи 12-уми май дар саросари кишвар чун Рӯзи Шашмақом таҷлил мегардад ва дилбохтагони ин санъати волои суннатиро канори ҳам меорад.

Боиси ифтихор аст, ки соли 2003 бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон Шашмақом ҳамчун шоҳкории мероси фарҳанги ғайримоддӣ ба Феҳристи шоҳасарҳои Созмони байналмилалии ЮНЕСКО ворид шуда, имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ аст.

Ба муносибати Рӯзи Шашмақом дар Кохи фарҳанги Суғдиёни шаҳри Хуҷанд консерти бошукӯҳи устодони санъат ва шашмақомсароёни вилоят баргузор гашт. Дар маҳфили идона муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, аҳли илму адаби вилоят ва мухлисони сершумори ин навои дилангез иштирок доштанд.

Муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ ҳозиринро бо ин ифтихору саодат- ҷашни Рӯзи Шашмақом таҳният гуфта, паёми табрикии Раиси вилоятро ба самъи ҳамагон расонид. Қайд гардид, ки миллати тоҷик аз гузашта то ба имрӯз бо санъату ҳунар ва фарҳанги оламгир шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Шашмақом арзишмандтарин дурри гаронбаҳо буда, ин санъати бузурги пурҷозибаро ҳазорҳо ромишгарону сарояндагон давоми асрҳо сайқал дода, ғанитар гардонидаанд.

Мардум номи ҳунармандони шинохта, санъаткоронеро, ки бо ҳунару маҳорати волои навозандагию сарояндагӣ ва офаринишу эҷод, чун Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхон Ҳофиз, Шоҳназар Соҳибов, Бобоқул Файзуллоев, Фазлиддин Шаҳобов, Барно Исҳоқова, Боймуҳаммад Ниёзов, Маъруфхӯҷа Баҳодуров, Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев ва даҳҳо дигарон ба дилу дидаи ҳазорон мухлисон ҷой гирифтаанд ва арзишҳои умумибашарии фарҳанги миллии санъати мусиқии классикии Шашмақомро дар арсаи олам маъмулу машҳур гардондаанд, гиромӣ медорад.

Ҳамзамон Шоирони халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, Фарзона ва Озарахш аз мақом ва манзалати санъати ҳазорсолаҳо сухан гуфта, мухлисони Шашмақомро шодбош гуфтанд. Қайд карда шуд, ки шоҳасари мадании мусиқии халқи тоҷик Шашмақом асрҳои аср аз дил ба дил роҳ ёфта, аз устод ба шогирд чун мероси аҷдодӣ омада расидааст.

Ҳунарнамоии ансамбли шашмақомсароёни “Нури Хуҷанд” ва устодони санъат, шашмақомсароёни шаҳру навоҳӣ ба чорабинии идона шукӯҳу шаҳомати хоса бахшид.

Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh