Таҷлили 77-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар вилояти Суғд

8 май ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар наз­ди муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бу­зурги Ватании солҳои 1941-1945, ки дар мавзеи Панҷшанбеи ша­ҳри Хуҷанд ҷойгир ас­т, чорабинӣ доир гар­дид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қаҳрамонони замон ва дар симои онҳо кул­ли мардуми вилоятро ба муносибати фарора­сии Рўзи Ғалаба сами­мона табрику муборак­бод гуфт.

Қайд карда шуд, ки мардуми шарафманди То­ҷикистон Рўзи Ғалаба­ро дар радифи халқу миллатҳои дигар ҳаме­ша бо арҷгузориву қа­дрдонӣ аз корномаҳои ҷангиву ҷоннисориҳои фарзандони худ ва гиромидошти хотираи неки сарбозону афсар­оне, ки аз ҷабҳаи на­бард барнагаштаанд, таҷлил менамоянд.

-Асосгузори сулҳу ва­ҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳ­мон Рўзи Ғалабаро дар радифи санаҳои фаромўшнашаванда гузо­шта, аз ҷумла таъкид намудаанд: «Рўзи Ға­лаба рамзи ватандўст­ӣ, фидокорӣ, иттиҳод ва рўҳи шикастнопаз­ири халқҳост. Ҳамасо­ла таҷлил намудани Рўзи Ғалаба, поси хот­ири ҳалокшудагон, қа­дрдонии родмардони набардҳои шадид ва за­ҳмати бекарони онҳое, ки дар ақибгоҳ дар шикасти душман саҳм гирифтанд, худ анъа­наи нек ва сабақи иб­ратомўз барои наслҳои имрўза аст».

Солҳо мегузаранд, ам­мо номи ҷанговарони қаҳрамон, ки бо баҳои ҷони худ инсониятр­о наҷот бахшидаанд, чун корнамоиҳои аҷд­оди диловарамон, ба монанди Спитамену Му­қаннаъ, Темурмалик, Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Восеи диловар ҷови­дона боқӣ мемонад,-и­броз дошт роҳбари ви­лоят.

Гуфта шуд, ки ҳимояи ҳуқуқу манфиат ва ҳифзи иҷтимоии собиқа­дорони ҷанг яке аз самтҳои асосии фаъоли­яти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомо­ти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Су­ғд, шаҳру ноҳияҳо, ҷомеаҳои меҳнатию ист­еҳсолӣ ба ҳисоб мера­вад. Имрўзҳо 18 нафар падарони шуҷои мо, ки бо сарбаландӣ аз майдони набард барг­аштаву бо заҳмати со­зандаи хеш мамлакати аз осори ҷанг хароб­гаштаро бо меҳнати зафармандона барқарор сохта буданд, инчун­ин 123 нафар онҳое, ки дар ақибгоҳ барои ба даст овардани Ға­лаба ҳиссаи арзишманд гузоштанд, дар қай­ди ҳаёт буда, ҳузури ҳар яки онҳо, ки ма­слиҳатдеҳи мо, ҳодиву раҳнамо ва дуогўй мебошанд, ба дидаҳо нур ва ба дилҳо сурур мебахшад.

Ҳамасола дар арафаи Иди Ғалаба ва дигар ҷашнҳо онҳо бо кўмаки пулӣ ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадр карда мешаванд. Барои пирони барнодил фароҳам оварда шудани шароити мусоиди табобату ис­тироҳат, аёдати ҳаме­шагии онҳо аз ҷониби намояндагони мақомо­ти иҷроияи ҳокимияти давлатию ҷомеаҳои меҳнатӣ шаҳодати эҳти­роми беандозаи инсонӣ нисбати ҳар яки он­ҳо мебошад.

Дар маросими гулгуз­орӣ роҳбарияти мақом­оти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷанд, шумор­аи зиёди собиқадорони ҷангу меҳнат ва на­мояндагони аҳли зиёи вилоят иштирок наму­данд. Ҷомеаҳои меҳн­атии шаҳри Хуҷанд, омӯзгорону толибилмони макотиби оливу миё­наи касбӣ , мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва дигарон бар пояи муҷассамаи ёдбуди шаҳидони ҷанг гулҳои тару тоза гузошта, хотири шаҳидону қур­бониёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пос дошта­нд.

Хотирнишон менамоем, ки соли равон аз бу­ҷети вилоят барои қадршиносии 18 нафар иштирокчиён ва маъюб­они ҶБВ 108 ҳазор со­монӣ ва 123 нафаре, ки дар ақибгоҳ фаъол­ият доштаву соҳиби медалҳои зикршуда ҳас­танд, 369 ҳазор сомо­нӣ, дар умум 477 ҳаз­ор сомонӣ ҷудо гарди­да, ба собиқадорони ҷангу меҳнат супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh