Дар назди Қасри таърихии Арбоб боғи фарҳангию фароғатӣ бунёд мешавад

Бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Қасри Арбоб, ки макони баргузории иҷлосияи таърихӣ буд, боғи фарҳангию фароғатӣ бунёд карда мешавад.

20 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷойи бунёди боғи фарҳангию фароғатӣ боздид карда, бо лоиҳаи иншоот шинос гардид. Ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки боғи мазкур дар назди Қасри Арбоб ва бо назардошти меъмории милливу муосир сохта шуда, он дорои дарвозаи асосӣ, нишастгоҳҳо, гулгашту фаввораҳо аст ва барои нақлиёт низ ташкили таваққуфгоҳ пешбинӣ гардидааст.

Раиси вилоят барои такмилу татбиқи лоиҳа ба масъулин супориш дода, қайд намуд, ки бунёди боғи фарҳангию фароғатӣ дар назди Қасри таърихии Арбоб барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон мувофиқ буда, ба ин макони таърихӣ ҳамасола садҳо нафар меҳмонони хориҷӣ ташриф меоранд. Аз ин лиҳоз, боғи нав метавонад макони хуби истироҳативу сайёҳӣ барои сайёҳон бошад.

Бояд гуфт, ки имсол мардуми кишвар 30-юмин солгарди баргузории яке аз рӯйдодҳои муҳиму сарнавиштсоз — Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол менамоянд.  Маҳз 30 сол пеш вакилони Парлумони Тоҷикистон бо назардошти авзои мураккаби сиёсию  ҷамъиятии ҷумҳурӣ   дар Қасри Арбоб  ҷамъ омада, қарорҳои муҳимеро, ки сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон ба онҳо сахт марбут буд, қабул намуданд. Дар он шабу рӯзҳои тақдирсоз хиради азалии миллати тоҷик  боло гирифт ва дар Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон  сардори  давлати Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд баҳри барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини амнияти миллӣ, пойдории таҳкурсии давлат,  рушди муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва байналмилалӣ  заминаи муҳим ва мусоид фароҳам овард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh