ПАРЧАМИ НОМИ НАКЎЯШ ДАР САМО АСТ МУЪТАБАР

Соли 2000-ум, рўзи истироҳат буд. Муовини сармуҳаррири рӯзнома занг зада дастур дод, ки соати 10.00 бояд ба Кумитаи телевизион ва радиои вилоят ҳозир шавам. Сабабашро пурсон шудам. Гуфт, ки бояд дар барномае ширкат намоям ва афзуд, ки барномаи мустақим аст. Ҳайрон шудам, ки ман чӣ тавр имрўз бе ягон омодагӣ дар радиои вилоят боз дар гузориши мустақим баромад менамоям. Аз ҳамсуҳбатам дар бораи мавзўи баррасишаванда пурсон шудам.

-Ростӣ, намедонам, -изҳор кард ў.

 -Охир, ман номи мавзўъро намедонам, чӣ хел баромад мекунам? - норозиёна пурсон шудам.

-Намедонам, Гулҷаҳон, бояд равед!

Ба соати деворӣ нигоҳ кардам. Ақрабаки соат 9.35-ро нишон медод. Ин вақт маро боз асабитар намуд.

-Охир муаллима, ман то вақти муайянгардидаи барнома рафта наметавонам-ку, -норозигӣ баён кардам.

-Намедонам, Гулҷаҳон, рафтанатон ҳатмист.

Ин навбат гуфтораш омирона буд. Чӣ кор карданамро намедонистам. Андешае маро ором намегузошт. Дар гуфтугўи мустақим оид ба кадом мавзўъ суҳбат мекарда бошам? Вақте мавзўи сўҳбатро намедонам, ман чӣ хел иштирок менамоям? Боз ишора кард, ки ҳатмист! Нарафта низ наметавонистам. Супориши роҳбарият.

Бо гардани баста, аммо осемасар ба роҳ баромадам. Ба бинои телевизион ва радиои вилоят дохил шудам. Дар долон рўзноманигори хушсалиқа Тўтинисо Муллобоева маро бо хушнудӣ пазироӣ кард. Азбаски барнома аллакай оғоз гардида буд, бо ишора саломалейк намуда, маро ба студияи сабти овозҳо даъват намуд. Оҳанги марғубе садо медод. Баъди хотима ёфтани оҳанг муаллима ба суолу ҷавоб пардохт. Аз суоли аввалинаш дарк кардам, ки барнома дар бораи дар амал татбиқ намудани Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма” буд.

Баробари шунидани суол хеле хурсанд шудам. Зеро ин мавзўъ кори ҳаррўзаи шуъбаи мактубҳо ва қабули шаҳрвандони рўзнома буд. Аз ин рў, дар суҳбат оид ба ҳар як маводи воридгардида ва ё чопшуда чӣ корҳоро ба сомон мерасонидем, изҳор намудам. Мусоҳиба оғоз ёфт. Мирзоэргаш Ўрунов барномаро сабт намуда, бо як хурсандӣ ҳар замон барои руҳбаланд гаштанам нарангушти худро нишон дода, офарин мегуфт. Ин рафтори устод маро боз шердилтар карду ҳарчанд бори аввал бошад ҳам, дар бораи шуъбаи мактубҳо ва иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидию таҳлилӣ бо факту далелҳои аниқ ҳарф задам.

Хуллас, мусоҳиба хеле хуб ҷараён гирифт ва рўзноманигорони радио изҳори қаноатмандӣ карданд. Ҳар боре ки дар бораи фаъолияти кормандони радио, барномаҳои радиои вилоят сухан равад, беихтиёр пеши назар симои устоди устодон, рўзноманигор, шахси хоксору самимӣ Мирзоэргаш Ўрунов ҷилвагар мешавад. Зеро дар як барнома ман устодро, маҳорати касбиашро, устоди касби хеш буданашро ба хубӣ кашф кардам. Бале, ин шахси соҳибзавқу бомаърифат тамоми умри худро сарфи соҳаи журналистика намудааст.

Бемуболиға, тамоми ҳаёти худро дар ин соҳаи ҳаётан муҳим, паси дастгоҳи сабту танз и м и овозҳо гузаронида, дар баробари фаъолияти рўзмарра ба эҷоду офаридани матлабҳои гуногун бахшидааст. Агар дақиқтару саҳеҳтар иброз дорем, Мирзоэргаш Ўрунов 50 соли умри худро баҳри пешбурди ин соҳаи ҳаётан муҳим бахшида, барои ба мардуми диёр пешкаш намудани барномаҳои ҷолиб, бо нафосату ороиши аҷиб масраф кардааст. Таҳияи беҳтарини барномаи радиоӣ агар аз рўзноманигор дониши фароху васеъро талаб кунад, барои боз ҳам рангинтару пурҷозиба шудани он саҳми кормандони техникии он, аз ҷумла, кормандони сабту танзими он басо бузург аст.

Мирзоэргаш Ўрунов тамоми умри пурбаракати худро баҳри дар сатҳи баланди касбӣ омода ва ба мардум пешкаш намудани он масраф намудааст. Дар ҳақиқат, дар ин самт ў пири кор аст. Агар ба фаъолияти густурдаи ў назар афканем, хоҳем дид, ки он басо серҷабҳа ва доманадор аст. Мирзоэргаш Ўрунов дар ноҳияе ба дунё омадааст, ки онро парвозгоҳи бузургон меноманд. Бале, ў зодаи маҳаллаи Наддофи Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст. Хатмкардаи мактаби ҳаштсолаи №49-уми деҳа буда, таҳсили худро дар мактаби шабонаи коргарҷавонони рақами 51-ум давом додааст.

Мирзоэргаш Ўрунов баъд аз хатми дабистон таҳсили худро дар факултаи забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров давом додааст. Пас аз хатми донишгоҳ соли 1972 фаъолияти кории худро дар Кумитаи телевизион ва радиои вилоят оғоз кард. Сараввал ўро ба ҳайси мутасаддии шуъбаи интишорот ба кор қабул карданд. Солҳо дар ҳамин шуъба фаъолият намуда, аз тамоми паҳлуҳои ин соҳаи ҳаётан муҳим огоҳ гардид. Кордонӣ ва масъулияти баландашро ба назари эътибор гирифта, ўро роҳбарияти вақт вазифаи коргардонии овозро низ ба уҳдааш вогузор карданд. Ў тавонист дар ана ҳамин сари дастгоҳи техникӣ тўли 50 сол фаъолият намояд. Воқеан, қаҳрамони мо дар ин муддат тавонист барои баланд бардоштани малакаи касбии худ ба ҷумҳуриҳои Федератсияи Россия, Ўзбекистон ва маркази ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе сафар намуда, дониши худро такмил дод.

Рўзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” аз азал қадамҷои бузургон буда, дар мактаби таҷрибавии ин даргоҳи муқаддас чандин рўзноманигорон ба камол расидаанд. Мирзоэргаш Ўрунов низ дастпарвари ҳамин рўзнома буда, тўли ду сол дар Университети мухбирони коргару деҳқони назди рўзномаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод” (ҳоло “Ҳақиқати Суғд”) таҳсил карда, аз рўзноманигорони номдори ин ҷаридаи бонуфуз сабақи касбӣ гирифтааст. Ҳамчунин, дар ин муддат ба курси кўтоҳмуддати устои телевизион ва радиои назди Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа (ДОСААФ) дохил шуда, донишу таҷрибаи хешро сайқал додааст. Дар телевизион низ аз азал доираи васеи илму фарҳанг ҷамъ омада, муҳити эҷодии созгор доштанд. Ҳамин муҳити эҷодӣ ба Мирзоэргаш Ўрунов бетаъсир намонд ва ў низ аз пайи эҷод гардид. Аз устодони сухан Неъмат Шариф, Олимҷон Умаров, сармуҳандис Муқимҷон Аҳроров, Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ, адибону рўзноманигорони варзида Мирзоғанӣ Валиев, Тамара Павловна Чеботарёва, Нина Кравинская, Абдурауф Шарифов, Юсуфҷон Исмоилов, Болтуҷон Умаров, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Маҳмудҷон Олимов дарси зиндагӣ, суханвариву касбӣ омўхт.

Маҳз ҳамнишинӣ бо ин устодони забардасти санъати суханварӣ буд, ки роҳи эҷодро ба ў кушод. Аз ин рў, қаҳрамони мо аз ин устодони номвар хеле сипосгузор асту хотироти ширини ҳамнишиниро ба инҳо ба як меҳру муҳаббати беандоза нақл менамояд. Мирзоэргаш Ўрунов лаҳзаи кории худро аз ин даргоҳи муқаддас нақл карда, бо ифтихор мегўяд: “Идораи радио барои ман басо муқаддас аст. Зеро тамоми хислатҳои неки инсонӣ, инсондўстиву одамгарӣ ва меҳнатдўстиву муносибати неки инсониро дар ҳамин кошона аз устодони азизам аз бар намудаам. Бо устодони маъруфу номдори диёр Аминҷон Шукўҳӣ, Раҳим Ҷалил, Боймуҳаммад Ниёзов, Маъруфхўҷа Баҳодуров, Ҷўрабек Набиев, Ҷўрабек Муродов, Ҳамроҳ Тоҳирова, Акбар Ҳоҷимуродов, Дадоҷон Тоҳиров, Дилбар Нурматова ва Махфират Дадобоева ҳамсўҳбат гардида, баҳрае бардоштаам ва овози онҳоро дар радио сабт намудаам”. Воқеан, Мирзоэргаш Ўрунов на танҳо ҳамчун танзимгари овоз, балки чун рўзноманигор байни ҷомеа шинохта шудааст.

Дар радиои вилоят дар баробари коргардонӣ хабару мақола ва барномаҳои фарҳангии худро бо номи “Устодони санъат”, “Консерти мувофиқи талаб”, “Санъат–саодати ман”, “Аз почтаи мусиқӣ”, “Сурудҳои нав ба фонотекаи шумо” омода ва таҳия намудааст. Бале, ў на танҳо коргардону эҷодкор ва муҳаррири барномаҳои радио, балки навиштаҳои рангинаш рўзномаю маҷаллаҳои чопиро аз қабили “Ҳақиқати Суғд”, “Согдийская правда”, “Корвони умед”, “Маорифи Суғд” ва “Дурахшандагон” зеб мебахшанд. Чанд сол аст, ки номбурда котибии ташкилоти ибтидоии иттиҳоди рўзноманигорони Идораи телевизион ва радиои вилоятро бар зимма дорад.

Ҳамзамон, мухбири махсуси нашрияи фарҳангиву иттилоотӣ барои кўдакону наврасон-“Корвони умед ”мебошад. Бале, Мирзоэргаш Ўрунов ба синну соли худ нигоҳ накарда, ҳамеша аз пайи эҷоду фаъолият буда, дар пешбурди сиёсати давлату Ҳукумати кишвар саҳми худро мегузорад. Ин аст, ки фаъолияти бисёрҷабҳаи ин марди корро ба назару эътибор гирифта, ўро бо унвонҳои баланди давлатӣ, аз ҷумла бо нишонҳои сарисинагии Аълочии телевизион ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдирониданд. Ҳамчунин, қаҳрамони мо аъзои Иттиҳоди рўзноманигорони Тоҷикистон, коргардони дараҷаи сеюм аст. Мирзоэргаш Ўрунов дар оиладорӣ низ намунаи ибрат буда, дар гулбоғи умраш чор нафар ниҳолакони боғи зиндагиро тарбия намудааст. Айни замон ў бобои 14 набера ва 1 абера буда, пайвандони худро дар роҳи худшиносиву худогоҳӣ ва меҳанпарастӣ тарбия менамояд.

Имрўз дар ҳалқаи ёру дўстон, пайвандон, фарзандону наберагон ҷашни мавлуди хешро таҷлил мекунад. Аз ин рў, ба устод тани сиҳату хотири ҷамъ, саодати зиндагӣ ва давлати бегазандро таманно дорем. Ҳеҷ гоҳ қаламатон хаста набошад, устод!

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh