ЗУМРАД - МАКОНИ ОСОИШУ ШИФО
- Details
- Published on Wednesday, 09 February 2022 11:11
Ривоят мекунанд, ки ҳазорсолаҳо қабл аз ин ба Осиёи Миёна арабҳо омада буданд. Онҳо паи ҳам шаҳрҳоро забт карда, ба тасарруфи худ медароварданд. Чун навбат ба шаҳри Исфараи водии Фарғона расид, онҳо дар ин амал ноилоҷ монданд. Шаҳр гӯё сеҳре дошт, ки забти он номумкин буд. Ҳамчунин, дар Исфара қалъаҳои сангин зиёд буданду лашкаронаш бешумор. Шаҳрро шоҳе ҳукмронӣ мекард, ки баробари шона кардани риши худ аз душман муҳофизат мешуд.
Ҳоким барои ороиш дар торҳои риши худ донаҳои санги қиматбаҳои зумуррадро мисли марҷон мебаст, бинобар ин ӯ бо лақаби Зумрадшоҳ машҳур гардида буд. Зумрадшоҳ заминҳои атрофи қалъаро ба сардорони лашкари худ инъом намуд, то аз ҳисоби даромади он маишати худ ва аҳли оиларо таъмин намоянд, дар назди қалъа бошанд. Аз тарафи сарони лашкар дар мавзеи имрӯзаи деҳа бошишгоҳҳои муваққатӣ бунёд карданд, баъдтар ин мавзуъ номи Зумрадшоҳро гирифт.
Осоишгоҳи «Зумрад» дар яке аз мавзеъҳои хушобу ҳавои вилоят доман паҳн кардааст. «Зумрад» ба осорхонаи табиӣ шабоҳат дошта, зебоманзартарин қисми шаҳри Исфара ба шумор меравад. Ин мавзеъ бо табиати афсункор, манзараҳои зебо, ҳавои софу беғубор, меваҳои шарбатрез, дарахту буттаҳои ороишӣ, дарёи шӯхи кӯҳиву ҳавзҳои пуробу моҳӣ аз қадим манбаи сиҳативу омили табобат барои мардум будааст. Бале, ин макони офиятию фароғатӣ, ки бо номи истироҳатгоҳи «Зумрад» машҳури ҷаҳониён гардидааст, имрӯзҳо табобатгоҳу истироҳатгоҳи ҳазорон мардуми кишвар ва берун аз он аст.
Омили асосии табобатии осоишгоҳро сардухтури ҶСК «Осоишгоҳи Зумрад» Зуҳурулло Зоидбоев дар хосиятҳои хуби табобатӣ доштани оби маъдандори «Шифо» мебинад. Маъданоб яке аз неъматҳои босамари истироҳатгоҳ буда, барои табобати бемориҳои дилу рагҳои хунгард, системаи асаб, узвҳои такяву ҳаракат, таносули занона, пӯст ва вайронии мубодилаи моддаҳо мавриди истифода қарор гирифтааст. - Табибони осоишгоҳ бо мақсади муолиҷа аз омилҳои табиӣ – Оби Шифо, лойқаи шифобахш, муми кӯҳӣ, нафти нафталан, кашиши зериобии сутунмуҳра ва молиши зериобӣ, обшифоиҳои гуногун, иқлим, дастгоҳҳои физиотерапевтӣ, усулҳои муолиҷаи тибби Шарқ, масҳшифоӣ, варзиши муолиҷавӣ, гиёҳшифоиро ба таври васеъ истифода менамоянд, - иброз дошт ҳамшираи шафқати осоишгоҳ Гулноз Самадова.
Дар осоишгоҳи «Зумрад» бемориҳои қалбу шараён, узвҳои такя ва ҳаракат, системаи асаби марказӣ ва канорӣ, узвҳои ҳозима, бемориҳои урологӣ, амрози занона, роҳи нафас, пӯст, ғадудҳои дохила, вайроншавии мубодилаи моддаҳо, бемориҳои дандон ва ғайраҳо муолиҷа мешаванд. Лойқаи шифобахши ҳавзаи Саки (Федератсияи Русия) яке аз лойқаҳои беҳтарин ба ҳисоб рафта, таркибаш аз моддаҳои органикӣ, маъданҳо ва микроэлементҳо бой аст. Лойқаи шифобахш ҳамчунин аз ҳисоби маҷмааи растаниву ҳайвонот: обсабзҳои галофилӣ, занбӯруғҳо ва дигар гурӯҳи бисёри бактерияҳо ташкил ёфта, дар бинои муолиҷавӣ ҳуҷраҳои табобат тавассути истифодаи лойқаи шифобахши ҳавзаи Саки ба роҳ монда шудааст.
Ҳамчунин, истироҳаткунандагон метавонанд, тавассути муми кӯҳӣ (озокерит), ки аз кони машҳури Борислави Украина оварда шуда, маъдани табиӣ ба ҳисоб меравад, муолиҷа гиранд. Бо таъсири он рагҳо васеъ, гардиши хун ва мубодилаи моддаҳо меафзояд. Дар натиҷа, ба воситаи ҳормонҳо ва медиаторҳои фаъолияти узвҳо ва сохторҳои заифгаштаи ҷисм қувват гирифта, илтиҳобро кам ва варамҳоро паст менамоянд. Озокерит бо роҳи хориҷ сохтани оби бофтаҳо аз ҷисм намакҳои зиёдатиро берун меорад. Таркиби он ҳамчунин моддаҳои фаъоли биологӣ ва антибиотикмонанд дошта, раванди барқарорсозӣ ва бозсозии бофтаву узвҳоро суръат мебахшад.
Дар шуъбаи муми кӯҳӣ беш аз 40 кат гузошта шуда, табиб Абдуҷамил Валиев, ҳамшираи шафқат Ҷавоҳира Каримова, хоҳари хоҷагидор Манзура Самадова, лойпаз Абдусамеъ Холиқов, лоймонҳо Ёқубҷон Амакҷонов ва Мубашшира Тӯхтаева бо сухани хуш ба табобатгирандагон истироҳати бофароғат таманно менамоянд. Агар духтурони чашмикордон Фотима Мусоева, Шероз Ҳомидов, Баҳодур Сафаров, Сиёвуш Саидов барои ташхиси саривақтии муолиҷагирандагон кӯшиш намоянд, ҳамшираҳои чобукдаст Марям Болтаева, Ҷонон Қурбонова, Мӯнис Мирзоева дар таъмини саривақтии истироҳаткунандагон бо ҳуҷра ва мизи ошхона заҳмат мекашанд. Ҳамшираи ҳуҷраҳои табобатӣ Саидахон Холиқова, Истадҷон Собирова, Саёҳат Раҳматова, Ҳадя Ашӯрова, Шаҳрухон Солиева, Ноила Исмоилова мекӯшанд, ки табобати ҳар нафари корафтода дар вақташ гузаронида шавад. Кормандони ошхона Далерҷону Нодирахон, Наҷмияхону Абдуманнон ва Забуриддину Таборакхон бо омода кардани таомҳои лазиз ва хуришҳои гуногуни парҳезӣ дар барқарор кардани саломатии истироҳаткунандагон сайъ доранд. Боиси тазаккур аст, ки «Зумрад» аз ҷумлаи беҳтарин осоишгоҳҳои кишвар маҳсуб ёфта, дорои 3 хобгоҳи замонавӣ, 2 коттеҷ, 3 бинои табобатӣ, қасри «Шифокорон», қаҳвахонаю чойхона, лабораторияи клиникию биохимиявӣ, шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва шуъбаи дандонпизишкӣ мебошад. Ҳамчунин, дар осоишгоҳ маркази варзишӣ – табобатӣ мавҷуд буда, он дорои дастгоҳҳои муолиҷавӣ, мизи биллиард, тениси рӯимизӣ, майдончаи волейболу бадминтон ва рақс аст.
Ҳудуди умумии осоишгоҳ беш аз 20 гектар буда, ҳамасола корҳои таъмиру таҷдид дар мадди назари кормандони он дар назар дошта шудаст. Гармхона, фермаи мурғпарварӣ, сехи қаннодӣ, амфитеатр, ҳавзи шиноварӣ, ташхисгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон барои истироҳати хуши муолиҷагирандагон истифода бурда мешавад.
Намои «Зумрад» -ро имрӯз ду бинои чаҳорошёна ва як бинои нӯҳошёна, ки қомат афрохтааст, боз ҳам зеботар кардааст. Сардухтури осоишгоҳ Зуҳурулло Зоидбоев чунин иброз дошт:
- Ҳарчанд дар бораи пайдоиши вожаи «Исфара» ақидаҳо зиёданд, аммо бо тағйири андаке «Ист, фароғат кун» маънисозии олимонро дар ин ҷода дуруст меҳисобам. Зеро истироҳатгоҳ, ки дар Исфарамарз ҷойгир аст, ҷавобгӯи тамоми талаботҳои истироҳативу фароғатист. Ҳарчанд на танҳо мардуми кишвар, балки ҷаҳониён «Зумрад» - ро ҳанӯз аз солҳои 80- уми асри гузашта мешинохтанд, он то кунун қадру манзалати худро гум накардаст. Сохтмони бинои нӯҳошёна, дар таҳхонаи он таъсиси ҳуҷраҳои табобатӣ, дар ошёнаи якум ҳуҷраҳои қабули истироҳаткунандагон ва хизматрасониҳои маишӣ ва оғоз аз ошёнаи сеюм то 9 ҳуҷраҳо барои 640 истироҳаткунанда сохта ба истифода дода хоҳанд шуд. Алҳол корҳои сохтмонии бинои иловагӣ ба итмом расида, сохтмончиён барои босифату сари вақт ба истифода додани корҳои дохили бино меҳнати босамар доранд. Ҳарчанд бинои кунунии 1-ум эҳтиёҷ ба таъмир дорад, аммо мо наметавонем, ба фароғати истироҳаткунандагон халал расонем.
Бинобар он баъди ба истифода додани бинои нави нӯҳошёна биноҳои дигар аз таъмири замонавӣ бароварда хоҳанд шуд. Ҳамчунин, дар ҳудуди осоишгоҳ сохтмони ҳавзи шиноварӣ, ду бинои чаҳорошёнаи ташхисию табобатӣ ва амфитеатр дар назар дошта шудааст, ки дар ояндаи наздик ба истифода дода хоҳанд шуд. Мегӯянд, ки фарҳанг ҳам як ҷузъи табобат аст. Дар илми тиб табобате роиҷ аст, ки мусиқишифоӣ ном дорад.
Фарҳангиёни осоишгоҳ таҳти роҳбари чашмикордон, мудири бахши фарҳангӣ осоишгоҳ Мухтадил Ҷӯраев барои истироҳаткунандагон тамоми шароитҳои фароғатиро фароҳам овардаанд. 10 мутахассиси соҳибтаҷрибаи бахши фарҳанг дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ саҳми муносиб дошта, гурӯҳи ҳунарии «Шифо» таҳти сарварии Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, ҳофизи хушовоз Юсуфхӯҷа Қурбонов сурудҳои дилнишин месароянд. Шабҳои рақсу суруд, ҳаҷву ханда, вохӯриву мулоқот бо аҳли илму адаб, консерти гурӯҳҳои ҳунарии кишвар ҳамарӯза табъи иштирокдорону истироҳаткунандагонро болида мегардонад. Дар рӯзҳои муайяни истироҳат саёҳат ба мавзеъҳои таърихии мазори «Лангари моҳиён», мақбараи «Ҳазрати Шоҳ»-и деҳаи Чоркӯҳ, мадрасаи «Абдуллохон»-и деҳаи Навгилем, Осорхонаи таърихии шаҳр ва дигар ҷойҳои таърихӣ ба ҳукми анъана даромада, истроҳаткунандагон дар як вақт ҷаҳони маънавии худро ғанӣ мегардонанд.
Хушбахтона, бо дастгирӣ ва иқдоми некбинонаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода соли 2021 беш аз ҳаштод нафар рӯзноманигори вилоят низ дар ин осоишгоҳи табобатӣ саломатии худро барқарор намуда, аз имкониятҳои хуби табобатию фароғатӣ бархурдор гардиданд. Директори ҶСК «Осоишгоҳи Зумрад», вакили маҷлиси шаҳриву вилоятӣ, инсони созандаву бунёдкор Абдулмуин ҳалимов ва кормандони ин макони офиятиву фароғатӣ Паёми раҳнамунсози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ қарор дода, кӯшиш доранд, ки дар оянда осоишгоҳро боз ҳам ободу зеботар намуда, ба яке аз марказҳои калони фароғативу табобатӣ ва туризми байналхалқӣ табдил диҳанд.
Шоира КАРИМЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»