Дар АРТ-Галерияи «Сомониён» намоиши асарҳои аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва Россия Саид Ашрапов баргузор шуд

Дар толори АРТ-Галерияи "Сомониён"-и шаҳри Хуҷанд намоиши эҷодиёти мусаввири варзида, аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва Россия Саид Ашрапов таҳти унвони «Ду қалби ҳамгиро» баргузор гардид, ки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Консули Федератсияи Руссия дар шаҳри Хуҷанд Андрей Варламов ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни як боздид аз маҳсули эҷодиёни ин рассоми моҳир ва номвар ошноӣ пайдо намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Саид Ашрапов омўзгор, мусаввир, дизайнери машҳури на фақат Тоҷикистон, балки Федератсияи Русия буда, устоди садҳо нафар рассоми ҷавону номвар мебошад. Мавсуф 16 сол инҷониб дар коллеҷи рассомии шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Руссияи барои донишҷўён ҳунари рассомиро меомўзонад ва дар офаридани садҳо номгўйи асарҳои ифодакунандаи таъриху табияти мулки рус ҳиссаи босазо гузоштааст.

Саид Ашрапов дастпарвари муассисаҳои олии Душанбе ва Тошканд буда, дар якчанд намоиши асарҳои сатҳи байналхалқӣ, иштирок намудааст. Маҳсули ҳунари ў дар осорхонаҳои ИМА, Чин, Туркия, Италия, Канада, Россия, Исроил, Канад, Ҳиндустон ва ғайраҳо нигоҳ дошта мешавад. Соҳиби ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ буда, садҳо адад мукофотҳои соҳавиро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дарёфтааст. Бо маҳсули эҷоди худ дар таҳкимии дўстии Тоҷикистон ва Руссия нақши муносиб гузоштааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз санъату эҷодиёти волои рассом-оришгар Саид Ашрапов тавсиф намуда, онро намунаи олии пайравӣ ва омўзиш ба насли наврасу ҷавон унвон намуд.

Таъкид шуд, ки бо санъати волои худ Саид Ашрапов на фақат дар дохили мамлакат балки берун аз он муаррифӣ ва ба комёбиҳои назаррас низ ноил шудааст. Аз ин лиҳоз ташкили чунин намоиши асарҳои ин рассоми варзида дар шаҳри Душанберо мувофиқи мақсад дониста, ба масъулини соҳаи фарҳанг дастуру супоришҳо дод.

Консули Федератсияи Руссия дар шаҳри Хуҷанд Андрей Варламов ба маҳсули эҷоди рассом Саид Ашрапов баҳои баланд дода, дар ин росто таҳкими робитаҳои фарҳангии миллати рус ва тоҷикро муҳим арзёбӣ кард. Ва пешниҳод намуд, ки донишҷўёни коллеҷи рассомии шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия ба кишвари биҳиштосои Тоҷикистон ташриф оварда, табиати нотакрори онро ба риштаи тасвир кашанд ва ба ҷаҳониён муаррифӣ созанд.

Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ғафурҷон Ҷўраев зикр намуд, ки байни рассомон Саид Ашрапов бо сабку хусусият ва диду нигоҳи хос, бахусус тасвири манзараҳои Федератсияи Руссия фарқ менамояд ва мояи ифтихори ҳамагон аст.

Аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва Россия Саид Ашрапов ва модараш Бисоҷида Ашрапова ба роҳбарияти вилоят ва шаҳр, Консули Федератсияи Руссия дар шаҳри Хуҷанд барои таваҷҷуҳ ва эҳтиромашон арзи сипос намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh