«ҲАҚИҚАТИ СУҒД» - ДАРГОҲИ МУҚАДДАС

Рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» давоми беш аз 90 соли фаъолияташ тавонист, бузургмардонеро ба камол расонад, ки имрӯз дар ҷодаҳои гуногуни ҳаёт фаъолият доранду бо ному касби пуршарафи рӯзноманигорӣ ифтихор доранд. Кормандони рӯзнома тавонистанд, ки ҳамавақт ва ҳам то кунун рисолати касбии худро ба ҷо оварда, дар инъикоси ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангию маданӣ ва иҷтимоии хоҷагии халқ саҳмгузор бошанд. Суҳбати мо бо узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи вилоятии журналистон ба номи Ҳоҷӣ Содиқ ва Ҷоизаи байналмилалии «Барои ҷасорати журналистӣ» Ўрунбой Усмон бардавом сурат гирифт, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони сершумори рӯзнома мегардонем.

-Устод, ба даргоҳи рӯзнома чӣ тавр ворид шудед?

- Дар Университети шаҳри Тошканд донишҷӯ будам. Ҳар гоҳ, ки ба зодгоҳ меомадам, албатта, як - ду хабар аз ҳаёти донишҷӯиям ба рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» менавиштам. Дар шумораи дуюми соли 1971-уми рӯзнома хабари ман чоп шуд. Хурсанд шудам, зеро робитае бо ин рӯзномаи дӯстдоштанӣ пайдо кардам. Минбаъд, ҳар гоҳи ба таътил омадан ба идораи рӯзнома омада, супориш мегирифтаму аз паи иҷрои он мешудам. Ҳамин тавр, ба назди Саидхон Мамадов, ки мудири шуъбаи ӯзбекӣ буданд, омада, аз нозукиҳои рӯзноманигорӣ бохабар шудам. Он солҳо як саҳифаи рӯзнома бо забони ӯзбекӣ чоп мешуд. Ду нафар ходими адабӣ - Ӯрунбой Орифов, Нозимҷон Шарифов, ҳамчунин мухбири махсус Абдураззоқ Умаров ва ҳуруфчин Зайнаб Туробова, ба қавле, дасти маро рост карданд гӯям, хато нахоҳад шуд.

Баъди ҳамчун таҷрибаомӯзи «Халқ овозӣ»-и имрӯза (он вақт «Совет Тожикистони») шинохта шуданам, азбаски интихоб озод буд, муддати се моҳ таҷрибаомӯзиро дар идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» идома додам. Дар соли хатм маъмурияти донишгоҳ тавсия доданд, ки фаъолиятамро дар радиои Ӯзбекистон оғоз бахшам. Ман бошам, «Ҳақиқати Ленинобод»-ро пазируфта будам. Мутаассифона, аз Тошканд бароям роҳхат надоданд. Бо исрори бардавом ва дастгирии бевоситаи Саидхон Мамадов ман коркуни рӯзномаи вилоятӣ гардидам. Усмонҷон Тоҷибоев, Комилҷон Пӯлодов, Аюб Умаров, Қурбоналӣ Ӯрмонов - ҳама устодоне ба шумор мераванд, ки маро дар ҷодаи касби пешгирифтаам раҳнамун буданд. Аз хотир фаромӯш нахоҳам кард, ки 9-уми июли соли 1973 ман корманди ин рӯзномаи бонуфуз шудам.

Ҳамин тавр, давоми ҳабдаҳ соли расо банда дар ин боргоҳи маърифат аввал ба ҳайси ходими адабӣ, мухбир, мухбири калон шинохта шуда, то ба вазифаи мудири шуъба фаъолият доштам. Гуфтан мумкин аст, ки айёмии ҷавонию давраҳои хушии зиндагиам дар идораи рӯзномаи вилоятӣ гузаштааст.

- Ҷомеаи меҳнатиро чӣ гуна дарёфтед?

- Аз рӯзҳои аввали аз нав барқароршавии рӯзномаи вилоятӣ, аз соли 1971 ман бо ҷомеаи меҳнатӣ шинос будам. Мактабхон будам, ки рӯзнома бо номи «Бо роҳи ленинӣ» чоп мешуду мақолаҳоям саҳифаҳои рӯзномаро оро медод. Аз ин рӯ, ба зудӣ бо ҷомеаи меҳнатӣ унс гирифтам. Кор кардан мушкилиҳои зиёд дошт, кормандон то бевақтии шаб, ҳатто шабона рӯзномаро тарҳрезӣ мекарданд. Баъзеҳо болои курсиҳо, бархеи дигарро болои бастаи рӯзнома хоб мебурд.

Сармуҳаррири вақти рӯзнома Усмонҷон Тоҷибоев хеле эҳтиёткор буданд, ҳар кормандро муносиби меҳнаташ қадр мекарданд. Ба ҳар коркуни нав давраи санҷиш муқаррар намуда, бо ин амал фаҳмиданӣ мешуданд, ки бо вуҷуди доштани дониши мукаммал дар фаъолияти рӯзноманигорӣ сабур аст ё на. Хислати дигари ин рӯзноманигори соҳибқалам хусусияти то охир гӯш карда тавонистани ҳар инсони корафтода буд. Хислати аҷибе доштанд Усмонҷон Тоҷибоев. Вақте корафтодае ояд, ба назди дари утоқи корӣ оварда, дари шуъбаро тақ – тақ зада, «Ба шумо меҳмон овардам, қабул кунед» гуфта мерафтанд. Меҳрубону дилёб буданд он кас. Мактаби «ҳақиқатчиён» маро он қадар обутоб дод, ки баъди 17 соли фаъолият дар ин идора рӯзномаи «Халқ сӯзи» маро ба сифати мухбири худӣ дар Тоҷикистон ба кор қабул кард.

- Рӯзномаро даргоҳи муқаддас гуфтаанд. Шумо ба ин фикр розӣ шуда метавонед?

- Бале, идораи рӯзномаро даргоҳи муқаддас мегуфтанд. Ба ростӣ, ба дарки томи ин нукта бовар надоштам, аммо воқеае сабаб шуду…. Боре корафтодае омад ба идора. Агар бохабар бошед, Шоирабону, аз даромадгоҳ то охири роҳрави идораи рӯзнома, ки дар кӯчаи Мақсудҷони Танбӯрӣ қарор дошт, қолин густурда буданд. Он мард дар даромадгоҳ пойафзолашонро кашида, то утоқи кории мо, кормандони шуъбаи узбекӣ омаданд. Хиҷолатзада шуда, пойафзолашонро овардем ва гуфтем, ки ба бар намоянд. Посух доданд, ки ин ҷо даргоҳи муқаддас асту асло ин корро нахоҳанд кард. Ба маънои томи даргоҳи муқаддас будани ин макони таърихӣ дигарбора бовар кардаму касбамро дӯст доштам.

Шахсиятҳои беназире, ки дар ин даргоҳ фаъолият бурдаанд, касро бешубҳа, ба андеша водор месозад. Ҳоҷӣ Содиқро бисёр эҳтиром доштам. Камина ҳамагӣ 20-21- сола будам, ки бо ин шахсияти нотакрор рӯ ба рӯ шудам. Ҳоҷӣ Содиқ он вақт сармуҳарририи рӯзномаи «Совет Тожикистони»-ро ба уҳда доштанд. Навиштаҳоям баъди таҳрири он кас рангу мазмуни тоза мегирифтанд. Зиёда аз ин Отахон Латифӣ рӯноманигори намоён буданд. Навиштаҳояшон хеле таъсирбахш буд, ки барои тараққиёти кишвар хизмат мекард. Рӯзе бо ҳунарманди хизматнишондода ҳофизи хушовозу мумтоз Ҷӯрабек Набиев дар идораи рӯзнома вохӯрӣ баргузор гардид. Суруде хонданд бар оҳанги мустаҳзод. Мушоҳида кардам, ки матни суруд калимаи бароям ношиноси «билошак»- ро дорад. Хиҷолатмандона аз устод пурсон шудам. Масъулиятшиносии он касро бинед, ки саҳарии рӯзи дигар омада гуфтанд, ки маънои «билошак» бешак, бешубҳа будааст.

- Нақши рӯзномаро дар ҳаёти ҷомеа чӣ гуна маънидод мекунед?

– Идораи рӯзнома мактаби таълимие дошт бо номи университети коргарҷавонон. Аксари мо, навҷавонон шогирдони ин мактаби бузург будему устодони соҳибқалам. Шастучил ном маблағе доштем, ки барои ҳавасмандии кормандон корбаст мешуду ҳар яке мекӯшид, онро пурсамар истифода намояд. Неъмат Мукаррамов ном мухбири ҷамоатии рӯзнома коргари заводи роҳи оҳани Конибодом буда, мунтазам хабар менавишт ва барои ба редаксия расонидани ҳамон як хабари кӯчак роҳи дарози Конибодом – Хуҷандро тай мекард.

Боре аз номи журналисти маҳаллӣ мактуби кушод вориди редаксия гардид. Он вақт банда ба ҳайси мудири шуъба фаъолият доштам. Мазмуни мухтасари мактуб талоши аҳолии ду деҳа Иторчию Кучкина барои замин буд. Баъди ҳаматарафа санҷидани далелҳои дар мақола овардашуда онро чоп кардем. Идора мактубборон шуд. Фикру мулоҳизаҳои мардуми шаҳру навоҳӣ масъулини мақомоти дахлдорро низ барои ҳалли ин масъала водор намуд ва дар охир ҳалли худро ёфт. Дақиқназарию мушоҳидакории кормандони рӯзнома буд, ки ба ҳар масъала, ба ҳар мактуби воридотӣ нигоҳи беғараз дошта бошанд. Редаксия моро ҳушдор медод, ки барои равшану возеҳ намудани як факти дақиқ ҳафтаҳову моҳҳо овора шавем. Мактуби дигар аз қурбонии ҷаҳолат шудани ҷавондухтаре дар яке аз ноҳияҳои ҳудуди вилоят нақл мекард.

Воқеаҳои дар мактуб омада кормандони рӯзномаро водор намуд, ки масъаларо ҳаматарафа санҷанд. «Мишмишлар ва гулқизлар» ном дошт мақолаи банда. Миш-мишҳои ҳамдеҳагон қариб буд, ки духтарро аз ҳаёт маҳрум созад. Алҳол қаҳрамонҳои мақола зиндагии оромонае доранду даврони пирӣ меронанд ва ҳар гоҳ ёди айёми гузашта карда, аз кормандони идора изҳори сипос мекунанд.

- Устод, ба рӯзноманигорони ҷавон чӣ маслиҳат медиҳед?

- Мегӯянд, ки нони журналистӣ басо сахту сангин, вале ҳалол аст. Журналистонро мебояд, ки аз рӯи мақоли «Сабр кунӣ, аз ғӯра ҳалво мепазад» амал намоянд. Шукри беадад, ки рӯзноманигорони имрӯзаи моро дастрасӣ ба иттилоот хеле зиёд аст. Гуфтаниам, ки рӯзноманигор набояд ба факту далелҳои сатҳию телефонӣ дода шавад. «Сафар кардан - ҷаҳон дидан» гуфтаанд. Аз нишастан ба утоқи тозаву барҳаво наметавонем, дарди дили мардумро пурра инъикос намоем. Вобастаи як манбаъ шудан журналистикаро ба пеш намебарад. Аз ҷониби дигар, аз далелҳои норавшану яктарафа якеро хурсанд месозему нафари дигареро ғамгин. Танҳо барои навиштани як очерк моҳҳо паси сар мешаванду далелҳои мукаммалу муътақиде ба даст хоҳанд омад. Орзу мекунам, ки баъди 90 соли дигар рӯзномаро чу имрӯз ба даст гиранд, дарҷи онро бесаброна мунтазир шаванд, шумораи хонандагонаш бамаротиб зиёд шаванду мухлисонаш бешумор.

- Ташаккур, барои суҳбати самимӣ!

Суҳбаторо Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh