Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Иди Сада

Сокинони сарбаланди вилоятро ба ифтихори ҷашни Сада, ки аз ойинҳои ниҳоят қадимии мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад, сидқан табрику таҳният гуфта, сиҳату саломатӣ, дастархону обод, хотири ҷамъ ва дастоварду муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.

Ҷашни Сада моҳиятан таҷассумгари ғояҳои неки башардўстона, дўстию бародарӣ, шодию хурсандӣ ва некиву некўкорӣ буда, мардумро ба заҳмати созанда ва ободонию бунёдкорӣ даъват менамояд. Аз ин лиҳоз, фалсафаи ҷашни Садаро пирўзии гармӣ бар сардӣ, равшанӣ бар торикӣ ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, он қосиди сипарӣ гардидани фасли зимистон ва наздик омадани фасли баҳор мебошад.

Дар сарчашмаҳои асотирию таърихӣ Сада бо зуҳури манбаи нуру гармӣ, яъне оташ, ки яке аз аносири чаҳоргона ба ҳисоб меравад, зич алоқаманд буда, пайдоиши он ба яке аз подшоҳони пешдодӣ – Ҳушанг нисбат дода  шудааст. Дар баробари ин, ҷашни Сада бо хуршед, ки манбаи нуру равшанӣ ва гармӣ дар рўи замин аст, пайванди ногусастанӣ дошта, робитаи инсон бо табиатро низ ифода менамояд.

Боиси ифтихор аст, ки дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саъю талош, кўшиш ва хиради дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расму ойин ва суннату анъанаҳои неки гузаштагони пурифтихорамон аз нав эҳё ва арҷгузорӣ мегарданд.

Дар замони муосир эҳё гардидани ҷашни Сада барои тақвият пазируфтан ва роҳандозӣ гардидани бисёр падидаҳои мусбати марбут ба гиромидошти инсон ва муносибатҳои неки байни одамон нақши равшан гузоштааст. Дар ин бора, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки “ҷашни Сада рўзи арҷгузорӣ ва иззату эҳтиром ниҳодан ба нуру гармӣ, рў овардан ба равшанӣ, рамзи меҳру муҳаббат ва дўстию рафоқат мебошад. Дар ин айём аз рўи хирад амал кардан, хайру саховат намудан, ба аёдати беморону наздикон рафтан ва либоси идона пўшидан аз ҷумлаи ойинҳои неки ин ҷашн  ба ҳисоб меравад”.

Аз тарафи дигар, ҷашни Сада ҳамчун пайки наврўзӣ, муждарасони наздик омадани фасли кишту кор ва омодагӣ ба корҳои саҳроӣ буда, бо фаъолият ва кору бори марди кишоварз, ки офарандаи неъматҳои моддӣ ва ҳосили фаровон дар рўи замин аст, пайванди ногусастанӣ дорад. Маҳз дар ҳамин айём деҳқонон тухмиҳои хушсифати захиранамудаи худ ва олоти кишоварзиро ба кишти баҳорӣ тайёр намуда, нақшаи тоза кардани майдону ҷўйбор, заҳкаш ва дигар корҳои баҳориро тарҳрезӣ менамоянд.

Боиси таъкид аст, ки солҳои охир, дар ҳудуди кишвари азизамон ва аз ҷумла дар маркази вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар арафаи ҷашни Сада намоишу фурўши ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан ва ороишӣ ташкил карда мешавад, ки аз анъанаҳои неки ин ҷашни мардумӣ сарчашма мегирад.

Бовар дорам, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳоҷуми фарҳангиву маънавӣ ҷашни Сада дар густариши худшиносию худогоҳии миллии сокинони вилоят ва рушд бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хохад намуд.

Иди Сада муборак, ҳамдиёрони азиз!

Add comment


Security code
Refresh