МУБАЛЛИҒИ АРЗИШҲОИ ВАТАНДӮСТОНА

Чилу ду сол қабл дар ҳамин рўз, яъне 29-уми январи соли 1980 барои рўзномаи «Ҳақиқати ленинобод» рўзи хотирмону фараҳбахш буд.

Бахшида ба ҷашни 50-солагии рўзномаи вилоятии «Ҳақиқати ленинобод» ҷарида санаи 29-уми январи соли 1980 бо қарори Президиуми Совети Олии СССР бо ордени «Нишони фахрӣ» мукофотонида шуд.

Хабари хуш - фармони Президиуми Совети Олии СССР дар саҳифаи аввали шумораи №28 (11840) «Ҳақиқати ленинобод» аз 8-уми феврали соли 1980 дарҷ шудааст, ки онро айнан меорем:

УКАЗИ Президиуми Совети Олии СССР

Дар бораи бо ордени «Нишони фахрӣ» мукофотонидани газетаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод»

Газетаи «Ҳақиқати Ленинобод» барои корҳои босамараш дар тарбияи коммунистии меҳнаткашон, ба иҷрои вазифаҳои сохтмони хоҷагию маданӣ сафарбар кардани онҳо бо ордени «Нишони фахрӣ» мукофотонида шавад.

Раиси Президиуми Совети Олии СССР Л.Брежнев

Котиби Президиуми Совети Олии СССР М.Георгадзе.

Москва, Кремл. 29 январи соли 1980

Аз ҳамин шумораи «Ҳақиқати Ленинобод» то соли 2015 акси «Нишони фахрӣ» дар шиносномаи рўзнома ҷой дошт ва баъдан ин нишон ба саҳифаи чорум кўчонида шуд. Дар зарфи ним аср, рўзнома санаи 25 –уми марти соли 1980-ум 11870 шумора аз нашр баромад. Дар ин сол тиражи рўзнома 41159 ҳазор нусха буд.

29-уми январи соли 2022 шумораи 18474- уми рўзнома дастраси хонандагон шуд.

 «Ҳақиқати Суғд», ки таърихи беш аз 90 сола дорад, ҳоло ҳам дар фазои расонавии вилоят, бахусус, матбуоти хусусиву давлатӣ, ҳарфи аввалро мегўяд. Рўзнома тарғиби сиёсати давлату Ҳукумат, неъматҳои Истиқлоли давлатӣ, меҳанпарастӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ, ҳифзи арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ, раванди босуръати бунёдкориҳоро дар ҷумҳурӣ ва қаламрави вилоят рисолати бунёдии худ мешиносад.

Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ва бозтоби расонавии аввалин иқдомҳо дар роҳи эъмори давлати демократӣ, соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёду дунявӣ «Ҳақиқати Суғд» ҳамчун рўзномаи ормонгаро бо пуштибонӣ аз сиёсати сулҳҷўёнаи Роҳбари ормонии халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мафкураи аҳли ҷомеаро ба ҷониби рўшноӣ самт мебахшад.

Рўзнома аз 25 - уми марти соли 1930 то кунун борҳо табдили ном кард, вобаста ба таҳаввулоти забонӣ шаклу усулҳои фарқкунандаи нигоришро пазируфт, вале дар ҳифзи мавқеъ ва ҳадафҳои миллии худ ҳамчун минбари бедории фикриву мубаллиғи арзишҳои ватандўстона устувор монд.

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh