Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Соли нави мелодии 2022

Соли 2021 дар саҳифаҳои пурҷилои таърихи давлатдории навини тоҷик бо таҷлили ҷашни мубораку ҳумоюни сиюмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ободкориву музаффариятҳои беназир нақш баст.

Тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол мушарраф гардида истодаем.

Аз ин лиҳоз, мо бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва Ватани озоду соҳибихтиёрамон расем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳкиму тақвият бахшем. Дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва таърихӣ боварии мардуми Тоҷикистони маҳбуби мо, аз ҷумла сокинони шарафманди вилояти Суғдро ба ояндаи дурахшонамон зиёд намуда, барои меҳнати содиқонаву созанда ҳидоят менамоянд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштаанд: "Халқи ободгари Тоҷикистон ба оянда ҳамеша назари неку бунёдкорона дорад ва дилпурона иброз менамоям, ки мо ҳама якҷо барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон содиқонаву софдилона заҳмат кашида, барои беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, таъмини зиндагии пурсаодати сокинони кишвар ба хотири дастовардҳои нав ва фатҳи қуллаҳои боз ҳам баландтар бо қадамҳои устувор пеш меравем".

Бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон итминони комил дорам, ки фардои кишвари азизамон боз ҳам дурахшонтар мегардад ва дар соли 2022 баҳри иҷрои вазифаҳои муҳиме, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи кишвар баён доштанд, содиқона меҳнат менамоем. Дар мамлакат эълон гардидани солҳои 2022 - 2026 «Солҳои рушди саноат» моро ба татбиқи нақшаҳои саноатикунонӣ, ободиву созандагии Ватан ва бо дастовардҳои боз ҳам бештар истиқбол гирифтани ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳидоят менамояд.

Бигзор, Соли нави 2022 соли амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи мардуми диёрамон бошад.

Бо чунин ниятҳои нек фаро расидани Соли нави мелодиро ба кулли сокинони шарафманду сарбаланди вилоят табрику муборакбод гуфта, ба ҳар яки шумо зиндагии пурнишот, ризқи фаровон, сулҳу осоиш, хотири ҷамъ ва тансиҳативу сарбаландӣ таманно менамоям.

Соли нав муборак, ҳамдиёрони азиз!

Add comment


Security code
Refresh