МЕРОСИ ТАЪРИХИВУ БОСТОН

Қалъаи Хуҷанд аз мавзеъҳои таърихӣ маҳсуб ёфта, тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, ҳамчун ёдгории таърихиву фарҳангӣ ва ифодакунандаи таърихи рўзгори қадимиву кўҳанбунёди мардуми шаҳри бостонии Хуҷанд тармим ва азнавбарқароркунии он ба нақша гирифта шудааст.

Маҳз, дар ин мавзеъ бунёд карда шудани сохтмони иншоот баҳри бо тамоми ҷузъиёташ нишон додани тарзи ҳаёти мардуми шаҳри бостонии Хуҷанд тарҳрезӣ шудааст. Бо мавриди истифода қарор гирифтан ин иншоот ба як мавзеи муҳиму тамошобоби соҳаи сайёҳии шаҳр табдил хоҳад ёфт. Миқёси корҳо доманадор ва сохтмонҳо мўҳташам буда, алҳол дар ин иншоот корҳо дар марҳалаи идомаёбии сохтмону азнавсозӣ қарор дорад ва Қалъаи Хуҷанд имрўз ба як корзори азим табдил гаштааст. Баҳри бунёди иншоот Муассисаҳои сохтмонӣ ва меъмории калонтарин ва бонуфузтарини шаҳр ҷалб карда шуда, алҳол теъдоди беш аз дусад-сесад нафар устоҳои номдору чирадаст, ки дар байни онон чеҳраҳои шинохтаи соҳаи санъати меъморӣ, наққошӣ, рассомӣ ва дигар санъатҳои нафисаи мардуми тоҷик ҳастанд, бо бунёди ҳавлиҳои анъанавии хуҷандӣ ба корҳои нақшу нигори асили миллӣ, кандакорӣ, кошинкорӣ, ҳаккокӣ машғуланд.

Ҳоло дар ин иншоот ба субут расондани кадом корҳо ба роҳ монда шуда истодааст? Мухбирамон бо ин суол ба узви Ситоди тармиму азнавбарқароркунии Қалъаи Хуҷанд, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археологияи факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Муҳиддин Файзуллоев муроҷиат намуд. -Аввалан бояд гўям, ки барои азнавбарқароркунӣ ва тармими Қалъаи Хуҷанд бо супориши Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбарии муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ Ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шудааст. Ҷамъомадҳои ситод ҳафтае ду маротиба доир шуда, вазъи корҳо мушаххас дида баромада ва вазифаҳои минбаъда аниқ карда мешаванд.

Дар маҷмуъ дохили Қалъа 6,3 гектарро дарбар гирифта, бунёди иншооти гуногун назардошт шудааст. Ҳамчун машваратчӣ-тартибдиҳандаи консепсияи илмии азнавбарқароркунии Қасри ҳокимнишин ва бунёди маҳаллаи анъанавӣ гуфтаниам, ки алҳол корҳо дар ин самт бомаром идома дошта, бунёди тарҳи маҳалла дар масоҳати як гектар ба роҳ монда шудааст. Дар ин масоҳат ёздаҳ иншоот бунёд ёфта, асосан аз ҳавлиҳои миллӣ, кўча, тангкўча, сарҳавз, ҷўйбор, ҳаммом ва дигар иншооти иҷтимоӣ иборат мебошад. Бунёди ҳашт ҳавлии анъанавии хуҷандӣ назардошт шуда, ҳар ҳавлӣ аз хонаҳои алоҳидаи бо ҳунарҳои хоси миллӣ орододашуда иборат аст. Дар ҳавлиҳо асосан нозукиҳо ва эъҷози ҳунармандии миллии давоми асрҳо аз ҷониби мардуми таҳҷоӣ ташаккулёфта инъикос гардонида мешаванд. Ҳамчунин, теппаи Қалъаи ҳокимнишин аз қисми ҷанубу ғарбӣ аз нав барқарор карда шуда истодааст. Иншооти дигари ин мавзеи таърихӣ бинои нимзаминкан бо ҳафт гунбазманора буда, ин иншоот низ бо ҳунармандии миллӣ оро дода шуда истодааст ва тамоми масолеҳи бинокорӣ истеҳсоли маҳаллӣ аст. Бояд гўям, ки дар ин иншоот дар мобайн гунбазманораи калонтарин ҷой гирифта, дигар гунбазманораҳо атрофи он ҷой хоҳанд гирифт.

Зикр кардан ҷоиз аст, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудан Қалъаи таърихии Хуҷанд ба худ симою тарҳи тоза гирифта, ба як мавзеи ҷолиби таърихиву сайёҳии шаҳр табдил меёбад, ки ба ҷалби васеи сайёҳони дохиливу хориҷӣ мусоидат хоҳад кард. Ҷиҳати ба роҳ мондани азнавбарқароркунии Қалъаи Хуҷанд корҳои лоиҳавӣ аз ҷониби олимону мутахассисони Филиали Ҷамъияти cаҳомии кушодаи «Пажўҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷўӣ - САНИОС дар вилояти Суғд» бо роҳбарии Одилҷон Исломов анҷом дода шудааст. Тавре сармуҳандиси лоиҳаи мазкур Мансурхон Эшонов иброз дошт, феълан дар ҳашт ҳавлии миллии маҳаллаи анъанавӣ корҳои ороишиву пардоздиҳии даруни ҳавлиҳо, коҳловкунии беруни ҳавлиҳо анҷом ёфтааст. Дирӯз дар рўи ҳавлиҳо ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаи асили хоси хуҷандӣ – зардолуи қандаку обакӣ, шакарсеб, гелос, каҷҷакбодом, ангури ҳусайниву тагобӣ бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода шинонида шуд. Дар толори калони бинои асосии қалъа ба наздикӣ корҳои кандакорӣ шуруъ мешаванд. Ободонии роҳҳои пиёдагарди байни маҳаллаҳо, таъминоти барқӣ, гузаронидани хатти обу ташноб низ дар арафаи оғозёбист. Ҳамчунин бунёди девори самти ҷанубӣ, даромадгоҳи асосӣ, ободонии майдони саҳни бинои асосии қалъа ба роҳ монда мешавад.

-Марҳалаи якуми амалигардонии лоиҳа аз экспертизаи давлатӣ гузашта, корҳои нақшавӣ ҷараён доранд. Алҳол дар ин корҳои азнавбарқароркунӣ дар маҷмуъ намояндагони беш аз 13-14 Ширкатҳои сохтмонӣ ҷалб гардида, бо маоши хуб, шароити мусоиди фаъолият таъминанд ва корҳо тибқи супориши Раиси вилоят ҷараён гирифта истодаанд,- гуфт Мансурхон Эшонов.

Воқеан, гуфтан бамаврид аст, ки соли 2018-ум, дар вохўрии худ бо зиёиёни кишвар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати ҳифз, тармим, таъмир ва азнавбарқароркунии ёдгориҳои арзишманди таърихиву фарҳангӣ дастур дода буданд. Ва тибқи ин дастуру ҳидояти Сарвари мамлакат бо супориши Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар Қалъаи таърихии Хуҷанд чун ёдгории қадимии таърихӣ корҳо ба роҳ монда шуданд.

Бояд зикр намуд, ки ҳафриётҳои бо ҷалби васеи олимон, муаррихон, археологҳо дар ин иншоот аз солҳои ҳафтодуми асри гузашта гузаронидашуда ва дарёфти нигораҳои нодиру бозёфтҳои арзишманд собит намуда буданд, ки дар ин мавзеи шаҳр тўли чандин асрҳо Қасри ҳоким ҷойгир буд ва шаҳри Хуҷанд аз шаҳрҳои кўҳанбунёду бостонии Осиёи Миёна маҳсуб меёбад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоот, ки ифодагари гузаштаи қадимӣ ва бошарафонаи мардуми тоҷик аст, сайёҳон аз тамоми гўшаву канори олам бори дигар бар он эътимод хоҳанд кард, ки мардуми тоҷик соҳиби тамаддуни кўҳан, бою ғанӣ, арзишҳои баланди фарҳангӣ, санъату ҳунари волою оламгиранд.

Рафоат МЎЪМИНОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh