Китобхонаи марказии шаҳри Панҷакент соҳиби Шоҳҷоизаи озмуни «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2021» гардид

14 декабри соли 2021 дар толори қабули расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба ғолибони озмуни вилоятии «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2021» туҳфаҳо супорида шуд.

Озмуни вилоятии «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2021» ба хотири дуруст ба роҳ мондани фаъолияти 362 китобхонаи низоми фарҳанги вилоят, омўзиши ҳолати нигаҳдории махзан, истифодаи босамари китобҳо, баланд бардоштани дараҷаи тахассусмандии китобдорон, беҳдошти маҳорати касбии китобдорону китобшиносон, муайян кардани сатҳи хизматрасонии китобиву иттилоотӣ, ташкилу баргузории чорабиниҳои оммавии замонавӣ, амалӣ гардондани роҳу усули ҷалби бештари аҳолӣ ба мутолиаи китоб бахшида ба ҷашнҳои пуршукўҳи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудани солҳои 2019-2021 тибқи қарори Раиси вилоят баргузор шуда, бо пешниҳоди комиссия ғолибони озмун муайян гардиданд.

Тибқи баҳогузориҳо Шоҳҷоизаи озмуни «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2021» ва 12 000 сомонӣ насиби Китобхонаи марказии шаҳри Панҷакент шуд.

Китобхона-филиали №4-и деҳаи Ғузни ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ соҳиби ҷойи сеюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 6000 сомонӣ, Китобхонаи марказии шаҳри Истаравшан соҳиби ҷойи дуюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 8000 сомонӣ ва Китобхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳиби ҷойи якум ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh