БЕҲТАРИНҲО ҚАДРДОНӢ ШУДАНД
- Details
- Published on Wednesday, 24 November 2021 15:33
Ҷамъбасти озмуни вилоятии «Мухбири ҷавон»
Тавре ба хонандагонии гиромии нашрияи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» маълум аст, ҳайати таҳририяи рӯзнома бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нав аз ҳисоби ҷавонони соҳибзавқу соҳибистеъдод, дорои дониши баланди сиёсиву фарҳангӣ, эҷодкору навовар ва дӯстдори касби рӯзноманигорӣ, ҳамчунин барои эҳёи мактаби шогирдпарварии назди идораи рӯзнома бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни вилоятии «Мухбири ҷавон» («Ҳақиқати Суғд», №117, аз 28 сентябри соли 2021) эълон намуда буд. Дар ин муддат ба идораи рӯзнома даҳҳо маводу матолиб аз шаҳру навоҳии вилоят ва, ҳатто, берун аз он ворид гардиданд, ки ҳар яки онон дорои мазмуни баланди ифтихори миллӣ буда, дар рӯҳияи ватандориву ватандӯстӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ иншо шуда буданд.
Ҳайати ҳакамони озмун, журналистони касбӣ ҳар як маводро пурраву ҳамаҷониба омӯхта, беҳтаринҳоро муайян намуданд.
Инак, дар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-24 ноябри соли равон озмун ҷамъбаст ва беҳтаринҳо қадршиносӣ гардиданд. Аз рӯи натиҷаҳои озмун Амонҷон Мамадҷонов, донишҷуи соли сеюми факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (барои маводи «Марде аз табори хуршед», «ҲС» 13.11, №136) бо Дипломи дараҷаи 1 ва тӯхфаи хотиравӣ, Сайҳона Зокирова - донишҷӯи соли дуюми бахши журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо Дипломи дараҷаи 2 ва тӯҳфаи хотиравӣ, Рӯзигул Элчибойзода – донишҷӯи соли дуюми бахши журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо Дипломи дараҷаи 3 ва тӯҳфаи хотиравӣ тақдиронида шуданд.
Ҳамзамон иштирокчиёни фаъоли озмун Мавзунахон Мирзоева, магистранти соли дуюми ихтисоси рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Ашӯров Нӯшервон донишҷӯи соли сеюми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо мукофоти ҳавасмандгардонӣ - Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки бо эълон карда шудани озмун ба идораи рӯзнома аз номи ҷавонон наврасон маводҳои зиёд ворид шуданд, ки ҳар яке бо мундариҷа ва мӯҳтавои хеш ҷолиби диққат ва лабрез аз эҳсосоти меҳанпарастиву арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии сарзаминамон- Тоҷикистони азиз буданд. Ин ҳамовозии хонандагони азизи рӯзнома ба пешниҳоди ҳайати эҷодии нашрия боиси ризомандии ҳайати ҳакамон гардид. Тавре сармуҳаррири рӯзнома Аминҷон Шарифзода иброз дошт, ҳадаф аз баргузор намудани озмун дарёфти истеъдодҳои нав буда, ҷамъбасти озмун собит сохт, ки байни наврасону ҷавонон онҳое, ки соҳиби лаёқату истеъдоди баланд, эҳсосу эҳтироси волои ҳувияти миллианд, бисёранд ва баргузор намудани чунин озмунҳо домони андешаҳои рангини онҳоро ба таҳрик меоварад.
Рафоат МӮЪМИНОВА,
“Ҳақиқати Суғд”