Театр оинаи зиндагист

Ба муаррифии мураббӣ ва муаллими садҳо ҳунарпеша, абарситораи синамо ва театри ҷаҳон, Ҳунарпешаи овозадори тоҷик Сайрам Исоева ҳоҷат нест. Ин бонуи ҳунар дар доираи чорабиниҳои синамобазми байналмилалии Тошканд “Дурдонаҳои шоҳроҳи Абрешим” таҳти шиори “Барои сулҳ, маърифат ва пешрафт” барои саҳми арзанда дар қатори ҳунармандони машҳури олами ҳунар Раҷ Капур (Ҳиндустон), Никита Михалков (Россия), Нури Билге Ҷейлан (Туркиё) ва Айтурган Темирова (Қирғизистон) бо ҷоизаи махсуси ҷашнвора иборат аз диплом, ангораи тиллоии синамобазм ва маблағи пулӣ баробар ба 20 ҳазор доллари амрикоӣ мукофотонида шуд.

Сайрам Исоева, ки нақши аввалинашро дар намоишномаи “Гавҳари шабчароғ”-и Сотим Улуғзода (холаи Зиёда) бозидааст, дастпарвари Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд буда, баъдан ба ҳайси Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи орденҳои “Шараф” ва “Дўстии халқҳо” шинохта шуда, зиёда аз 100 нақшро дар пйесаҳои театрӣ офаридааст.

Ҳарчанд моҳи декабр буду ҳаво сард, аммо саҳнаи театр ба шарофати донишҷўи курси дуюм Каромати ҷавон зери қарсакзаниҳои бардавоми тамошобинон баҳорро мемонд. Зеро сурудҳои минбаъд машҳури «Ранҷидаӣ», «Биё Лайло», «Ту дар суроғи кистӣ?» он лаҳза тасхиргари дили иштирокдорон гашта, ғолибият дар озмун пайроҳаи фаъолияти донишҷўдухтарро муайян карда буд. Каромат Ҳоҷиева, ҳамоне, ки дар байни санъаткорон ҳамагӣ чанд моҳ қабл унвони фахрии «Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон»-ро соҳиб шуд, подоши заҳматҳои беш аз панҷоҳсолаашро давлату Ҳукумат қадр намуд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳорати ин бонуи хушовоз баҳои баланд доданд, шомили Театри мазҳакаи мусиқии Камоли Хуҷандӣ гардид. Бахшида ба 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби Ифтихорномаи Президентӣ гардидани ҳунарпешаи дигари театр Сурайё Хоҷаева низ боиси шодмонии аҳли ҳунар гашт. Зери кафкўбиҳои пурмавҷ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунармандонро дар саҳна муборакбодӣ доштанду ба ҳунару санъати волояшон изҳори сипос мегуфтанд ва изҳор доштанд, ки ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, мутобиқи давру замон инкишоф додан ва ба фардоиён расонидани онҳо вазифаи муқаддаси ватандўстонаи ҳар кадоми онҳост. Бале, бояд гуфт, ки театри имрўзаи тоҷик аз маънавиёти хеле қадимаи ниёгонамон сарчашма гирифта, имрўз шакл, услуб ва меъёри тозаро ба худ касб кардааст. Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ҳам аз ҷиҳати қувваи эҷодӣ ва ҳам аз лиҳози бунёди моддиву техникӣ яке аз театрҳои куҳану машҳури ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Агар гўем, ки заминаи маънавии театр ҳанўз аз солҳои 1917-1923 сарчашма мегирад, хато нахоҳад буд. Дар он айём назди вокзали роҳи оҳани Хуҷанд (деҳаи Исфисор) маҳфили театрии кормандони роҳи оҳан амал мекард, ки ба шаҳри Хуҷанд омада, намоишномаҳои худро дар саҳнаи мактаби русиву туземӣ намоиш медод.

Агар хонандаи закитабъ хоҳад, ки аз таърихи пурраи театр огоҳ бошад, китоби «Гулшани ҳунар»- и Сайидамин Ҷило, ки таърихномаи Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандиро дарбар мегирад, ба даст хоҳад гирифт. Он аз ҳашт равза иборат буда, доир ба бунёдгузорон ва таърихи рангину пуршараф, симои санъатварони нахустин, хотираҳо аз созу навои мурғони мусиқори ин гулшани ҳунар, талъати таҳиягарон, рассосмон ва адибон, ҷилваи аҳли ҳунар, арғуштҳову ҷилваҳои ҷонбахши раққосаҳо, кормандони ёрирасони театр – барқчиёну равшангарон, рассомону дуредгарон, машшотаҳову фаррошон, дўзандагону радиёчиён, ронандагон, дарбону боғбонҳо, ки барои ба саҳна гузоштану пешкаши тамошобин гардонидани ҳамагӣ як саҳна заҳмати беандоза доранд, нақл мекунад.

Агар солҳои 1921–1925 иштирокдорони фаъоли маҳфил ду пйесаи мукаммали чаҳорсаҳнавӣ – «Кўри Шермат» ва «Холбўта қўрбошӣ»-ро ба намоиш гузошта бошанд, дар солҳои 1936 – 1937 инсенировкаи романи Садриддин Айнӣ «Дохунда» рўи саҳнаро дидааст. Дар солҳои гуногуни баъдӣ намоишномаҳои дигар аз қабили «Найрангҳои Скапен», «Тўҳмат», драмаи «Хусрав ва Ширин», «Гулсара», мазҳакаи «Зани 96-ум» ва ғайраҳо пешкаши тамошобинон гардонида шуданд. Ҳанўз баҳори соли 1941 дар шаҳри Маскав Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик баргузор гардида, дар ин чорабинии муҳими фарҳангӣ гурўҳи калони ҳунармандони театр бо барномаҳои рангину ҷаззоб ширкат варзиданд.

Имрўз низ ин даргоҳ ҷои дўстдоштаи мухлисону ҳаводорони санъати театрӣ гаштааст. Агар ҳунармандони театр бо саҳнаҳои пурмазмуну тарбиявӣ тасхиргари дили тамошобин гашта бошанд, гурўҳи рақсии он якҷоя бо ҳунарпешаҳояшон нафақат дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, балки мардуми Афғонистону Покистон, Ҳиндустону Шри Ланка, Непал, Франсия, Югославия, Булғория, Муғулистон, Бирма, Канада, Олмон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Швейтсария борҳо ба ҳунари санъати тоҷикона кафкўбиҳо кардаанд. Яке аз армуғонҳои арзандаи театр ба ҷашни Иҷлосияи шонздаҳуми тақдирсоз аз ҷониби ҷомеаи меҳнатии театр таҳияи намоишномаи нави «Сайёраи танбалон» буд, ки мазҳакаи мусиқиву хореографӣ буда, барои кўдакону наврасон пешбинӣ шуда буд. Имрўз мавсими 88-уми ҳунарнамоии театр оғоз ёфтааст. Дар қатори дигар намоишномаҳои театрӣ ансамбли «Бибиҳо» бо сарварии Сайрам Исоева ба консерти идона бахшида ба Рўзи Парчами давлатӣ омодагӣ мебинанд.

Ҳамчунин, имрўз ҷомеаи меҳнатии Театри мазҳакаи мусиқии Камоли Хуҷандӣ бо сарварии Эҳсон Ҳомидов мазҳакаи мусиқии «Як бор ҷастӣ малахак, ду бор ҷастӣ малахак, охир ба дасти малахак» аз рўи асари Сайидамин Ҷило дар таҳияи Набишер Пояндаевро ба намоиш омода месозанд, ки вокуниш бар зидди амалҳои коррупсионӣ мебошад.

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh