Ганҷинаи маънавии инсон

Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд аксияи адабию фарҳангӣ таҳти унвони “Китоб – сарчашмаи маърифат” доир гардид. Дар аксия беш аз 15 муассиса ва нашриётҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ наздик 20 ҳазор китоби гуногунмӯҳтаворо ба фурӯш бароварданд.

- Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо имкон пеш овард, ки китобҳои гуногун, аз ҷумла адабиётҳои сиёсӣ, таърихӣ, адабӣ ва бачагонаро пешкаши харидорон гардонем. Имрӯз дар ин ҷо донишҷӯёни зиёде ҷамъ шудаанд ва гумон дорам, ки имрӯз муҳим аст, ки донишҷӯён ташнаи хондани китоб бошанд, зеро маҳз китоб метавонад маърифату маданиятро баланд ва донишро мустаҳкам гардонад, - гуфт корманди нашриёти “Ношир” Фарзона Алиева.

Боиси таъкид аст, ки чунин аксия барои дӯстдорони китоби каломи бадеъ басо муҳим аст, зеро нафароне, ки дар ҷустуҷӯи китобҳои гуногунарзиш буданд, имкон пайдо карданд, ки онро бо нархи арзон дастрас намоянд.

-Аз баргузории аксияи китоб хушнуд гардидам, зеро хондани китобро дӯст медорам. Дар хонаи истиқоматиам китобҳои гуногуни шоирону навистандагони классикиву муосирро сарҷамъ карда, барои худ ва ҳамкурсонам гӯшаи китобхониро таъсис додаам. Ҳар куҷое равам ҳатман китоб харидорӣ мекунам. Баъзе намунаҳои китоби шоирони бузурги тоҷик Лоиқ Шералӣ ва Ҷалолиддини Румиро низ гирд овардаам ва имрӯз аз он нусхаҳое, ки надоштам тавонистам бо нархи дастрас харидорӣ кунам, - гуфт донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Маҳлиё Ниёзова.

Нархи китобҳои ба фурӯшгузошташуда аз 20 сомонӣ шурӯъ шудааст ва харидорон тавонистанд гӯшаи китобхонаи худро ғанӣ гардонанд. Ҷоиз ба зикр аст, ки бештари иштирокчиёни аксия донишҷӯёну устодони донишгоҳу муассисаҳои таҳсилотӣ буданд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh