Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи театри тоҷик

Муҳтарам аҳли санъат ва фарҳанг!

Ҳунарпешаҳои гиромӣ,

Бо арзи эҳтиром, ҳамаи Шуморо бо иди касбии кормандони театр – Рӯзи театри тоҷик, ки ҳамасола 7 ноябр ҷашн гирифта мешавад, муборакбод мегӯям. 

Боиси ифтихори мост, ки имрӯз дар кишвари мо санъати театрӣ рӯз то рӯз рушд мекунад. Аҳли театри тоҷик бо намоишҳои рангину баландмазмуни худ на танҳо ыалби ҳазорон бинандагони ватаниро тасхир менамоянд, балки дар саҳнаҳои бузургтарин театрҳои дигар кишварҳои ҷаҳон бо забони ноби тоҷикӣ ҳунарнамоӣ намуда, обрӯю нуфузи санъати тоҷикро боло мебардоранд ва ба таҳкими муносибатҳои дӯстонаи байни давлатҳо мусоидат менамоянд. 

Театр дар тамоми давру замонҳо таҷассумгари ҳуввият ва ормонҳои миллӣ буд ва чунин мемонад. Ҳунарпешаҳо, коргардону драматургҳо арзишҳои волои маънавии моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд ва ҳамчун сарвати бебаҳо барои наслҳои оянда ба мерос мегузоранд. 

Боиси тазаккур аст, ки театрҳои касбии вилоят дар роҳи рушду пешрафти санъати саҳнавӣ, тарбияи маънавии сокинони кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Таҳти сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мазмуну мундариҷа ва муҳтавои маҳсули эҷодии барномаи консертӣ ва намоишномаҳои театрҳо баландмазмуну ғанитар гардида истодаанд.

Хурсандиовар аст, ки Театри давлатии драмаи мусиыии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом бо намоишномаи «Садои ыу» дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбии «Парасту-2021» иштирок намуда, сазовори Шоҳҷоиза гардид. Аҳли эҷодию  ҳунарии Театри давлатии мазҳакаи мусиыии ба номи Камоли Хуҷандӣ, моҳи сентябр, бо  намоишномаи «Хазони таги по» дар таҳияи Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Сайрам Исоева, дар Фестивали бонуфузи байналмилалии театрҳои касбӣ «Белая вежа» дар шаҳри Брести Ҷумҳурии Белорус иштирок ва бо диплом таыдиронида шуд.

Боз як рӯйдоди хотирмон ва боиси ифтихори ҳамагон ыадр шудани Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Сайрам Исоева бо Ҷоизаи махсуси Синамобазми байналмилалии Тошканд “Дурдонаи шоҳроҳи Абрешим” буд.    

Итминони комил дорем, ки театрҳои вилоят бо таҷрибаи бою нотакрор анъанаҳои неки санъати театриро идома дода, барои рушду нумӯи санъат ва ҳунар, баҳри пешбурди соҳаи фарҳанг, тарбияву камолоти истеъдодҳои ҷавон ыуллаҳои аз ин ҳам баланди ҳунариву эҷодиро фатҳ хоҳанд намуд.

Кулли кормандони эҷодиву ҳунарии театрҳои вилоят ва дар ин радиф дӯстдорони санъати театриро бо Рӯзи театри тоҷик хуҷастабод гуфта, барояшон саодати зиндагӣ ва дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳои боз ҳам бештарро таманно менамоям. 

Add comment


Security code
Refresh