Рўмон

Ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба фарҳангу оини миллиамон аз равзанаи нав нигоҳ мекардагӣ шудем. Дар натиҷа, хусусан дар эҳёи номҳои қадимаи авастоиву Суғди бостон, ки марбут ба маҳалҳои аҳолинишинанд, қадамҳои ҷиддӣ гузошта шуданд.

Камина дар пайравӣ ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мехоҳам баъзе фикру мулоҳиза ва бардоштҳои худро баъди омӯзиши яке аз деҳаҳои қадимтарини атрофи Хуҷанди бостон - Рӯмон бо такя ба сарчашмаҳои илмӣ ва маводи таҳлилӣ баён созам. Якум, чанд сухан дар бораи худи калимаи Рӯмон. Гап ба сари он, ки то замони соҳибистиқлолӣ бо такя ба пажӯҳишу омӯзиши бостоншиносони замони шӯравӣ устодони варзидаи таърих профессорон Назирҷон Турсунову Абдуллоҷон Мирбобоев ва Саидҷон Марофиеву Уктам Пӯлодов калимаи Рӯмонро арабӣ ва маънояшро мавзеи анорзор мегуфтанд. Вале, дар замони соҳибистиқлолӣ ковишу пажӯҳишҳои нав ва фикру мулоҳизаву иддаоҳои нав бо такя ба асосҳои илмӣ арзи ҳастӣ карданд.

Пас бо диду нигоҳи нав калимаи Рӯмон, чӣ маънӣ дорад? Камина низ ба омӯзиши маводу сарчашмаҳои таърихии деҳа машғулам, гумон мекардам, ки номи деҳа аз калимаи арабии «Руммон»- мавзеи анорзор гирифта шудаву дертар, бинобар душворталаффуз будани он як ҳарфи «м» афтода, Рӯмон шудааст.

Аммо, таҳқиқоти нави чанд соли охири муаррихону олимон ва аҳли зиё ақидаи бандаро дигар кард. Аниқтараш, бино ба пажӯҳишу таҳлилҳои як зумра олимон ба монанди Салимшо Ҳалимшо, муҳаққиқ Мӯҳтарам Ҳотам, Шоирони халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ устод Аскар Ҳаким ва Нурмуҳаммад Ниёзӣ, журналист, публитсист ва муҳаққиқи варзида Солеҳбой Дадобоев «Рӯмон» калимаи соф авастоӣ аст, на ин ки арабӣ. Барои исботи иддаои худ навиштаҳои муҳаққиқи варзида Солеҳбой Дадобоевро бо номи «Чанд солаӣ, Рӯмон?!», ки дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» аз 24-уми марти соли 2006 ба нашр расидааст, оварданиам, ки мегӯяд: «Банда иддаои олимони маъруф Ӯктам Пӯлодову пайравони он касро ба ҷон қабул мекардам ва ба шарте ки деҳа на Рӯмон, балки Анористон, Анорзор ё Деҳаи Нор ном медошт. Охир мардуме, ки бо шеваи зебою фаҳмо маскангоҳашонро «Кони бодом», «Тути калон», «Себистон», «Қандақзор», «Арчамайдон», «Лолазор» номгузорӣ карда метавониста бошад, чӣ зарур буд ба ҷойи Анорзори дилкаши тоҷикӣ Руммони нофаҳмои арабиро мавриди истифода қарор диҳанд? Албатта, чунин рӯйдод хилофи мантиқ мебуд ва ба мардуми худшиноси меҳанпарасти мо асло хос набуд». Камина ин гуфтаҳои муҳаққиқро комилан дуруст меҳисобам, ки дар ҳақиқат калимаи «Рӯмон» ҳаргиз ба калимаи арабии анору анорзор алоқамандӣ надорад.

Дар ин радиф метавон гуфта, ки таърихи пайдоиши деҳа низ ба ҳамон замонҳои қадими беш аз 2000 сола марбут аст. Меоем ба сари гуфтаҳои Салимшо Ҳалимшо, ки дар шумораи 6-уми декабрии рӯзномаи «Ҷумҳурият», соли 2002 бо номи «Маънии дигари Рӯмон» навиштааст. Ӯ мегӯяд: «Дар китоби «Авасто» сухан аз 7 кишвари яздонӣ меравад, ки дар замони тӯфони ҷаҳонӣ наҷотгоҳи аҳли башар маҳсуб мешуд. Он ду кишвари шимолӣ бо номҳои Воруба Раштӣ ва Воруҷа Раштӣ бо Рӯмон чун наҷотгоҳ сутуда шудаанд. Ва дар замони Фаридун номи ин ду кишвар ба Саразм табдил ёфт. Воруи Панҷакенти имрӯза, Ворухи ноҳияи Исфара ва Рӯмони шаҳри Хуҷанд, ки дар «Авасто» бо номи Рашт иртибот доранд, моро аз нахустмеҳани ориёиҳои ҳиндуаврупоӣ башорат медиҳанд». Боз як далели илмӣ-таърихӣ оид ба авастоӣ будани калимаи Рӯмон.

Дигар аз муҳаққиқи варзидаи тоҷик, ки тамоми умр ба омӯзиши «Авасто» ва мардуми ориёитабор машғул аст, Мӯҳтарам Ҳотам мегӯяд: “...Дар забон як силсила вожаҳое вуҷуд доранд, ки дар онҳо овози “с” ба овози ҳ ва х баргашт кардааст. Масалан, сома – ҳома, асура – Аҳуро, сура ё свар - хвар (хуршед) ҳур, Сапта Синдҳу - Ҳапта Ҳиндҳу (Ҳафтрӯд), Сарайю – Харойва, Сарасвати – Харахвати, Суман – Ҳуман (Ҳомун), Сомварон – Ҳомоварон, Саразм - Хваразам (Хоразм) дар ҳамин шуморанд. Бо ин номҳо дар гӯшаҳои гуногуни Осиёи Марказиву Осиёи Пеш як силсила маҳалҳо номгузорӣ гардида буданд, ки қисмате аз онҳо номҳои дувум ва муҳоҷиратӣ будаанд. Дар он шумор номи Рашт бозмондаи номҳои Воврубарашт ва Вовруҷарашт буда, Рум, Рӯмон, Ҳарумон, Ҳарум ва ғайра баргашти номи Сарм – Ҳарм аст, ки дар минтақаҳои гуногун ба шаклҳои мухталиф зоҳир гардидааст....”. Дар идома ӯ бо такя ба асари ҷуғрофишиноси аҳди қадим Ибни Ҳавкал- «Сурат-ул-арз». (Душанбе, 2008, саҳ.191) менависад: “....Баъди муҳоҷирати ориёиҳо ба сарзаминҳои кунунии Эрону минтақаҳои атрофашон аксари номҳои аслӣ ва нахустини ҷуғрофияи ориёиҳо аз байн рафт. Аммо ин ҷову он ҷо баъзе номҳо барҷой монданд, ки Рӯмон яке аз онҳост”. Бобати ин масъала Шоири халқии Тоҷикистон устод Аскар Ҳаким дар саҳифаи шабакаи иҷтимоии «Фейсбук»- и худ менависад: “Рӯмон калимаи қадимии авастоӣ мебошад, ки аввалҳо дар шакли Ром – номи фариштаи бод буд, ки бахшояндаи ҳаёт аст. Аз ин ном Ҳарумон ном шаҳри қадимӣ низ сохта шудааст. Баъдҳо дар натиҷаи пеш аз ҳарфҳои “м” ва “н” бадал шудани садоноки “о” ба “ӯ”, ки дар забони мо маъмул аст, ин калима шакли Рӯмонро гирифтааст. Бинобар ин, “Рӯмон” – номи фариштаи боди ҳаётбахш аст, ки номи авастоии ориёии чандҳазорсола буда, боиси ифтихори на танҳо сокинони ин деҳа, балки тамоми мардуми тоҷики ориёитабор мебошад, ки онро то имрӯз зинда нигоҳ доштааст».

Яъне бо истинод ба андешаи устод гуфтан мумкин аст, ки ин деҳа бо 4 унсури поки Худовандӣ, ки асоси ҳастии инсон аст, обу хоку боду оташ алоқамандӣ дорад. Шоири халқии Тоҷикистон, зиндаёд устод Нурмуҳаммад Ниёзӣ бошад, дар китоби ёддоштҳои худ «Натонам зистан бе деҳи Рӯмон» (наш. “Ношир”, Хуҷанд, 2016, саҳ.12) гуфтаҳои устод Аскар Ҳакимро тақвият дода мегӯяд: «Рӯмон номи фаришта аст ва низ маънии намозгоҳро дорад. Ман ба ин бештар бовар кардам, зеро Зардуштиён обро муқаддас медонистанд. Ба об рӯ оварда, ба Офтоб ибодат кардани онҳо дар лаби дарёи орому мусаффои Сир, ки аз канори деҳа гузаштааст, бесабаб нест». Акнун меоем ба сари муқимӣ гаштани мардуми Хуҷандшаҳр, ки дар гузашта деҳаи Рӯмон баробар бо ҳамсоядеҳаҳои худ-Пуличуқуру Шайхбурҳон ва Кулангир ҳавлии берунишаҳрии хуҷандиён маҳсуб мешуд.

Бино ба сарчашмаҳои таърихӣ, маскун шудани хуҷандиён ба ҳавлиҳои берунишаҳрии худ деҳаҳои Рӯмону Пуличуқур ва Шайхбурҳону Кулангир асосан аз қарни XVIII рост меояд ва деҳаи Рӯмон ба замони пайдоиши худ то ба имрӯз нисбат ба он деҳаҳои ҳамсояаш чи аз лиҳози масоҳату чи аз лиҳози саршумори аҳолӣ афзалияти бештарро (беш аз 20 ҳазор, нисфи аҳолии ҷамоати деҳа) соҳиб аст. Аз рӯи маълумоти барӯйхатгирии соли 2018, аҳолии ҷамоати деҳа 40 ҳазору 974 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 16 ҳазору 810 нафар сокинони деҳаи Рӯмон ҳастанд. Агар ин иддаои худро бо такя ба китоби арзишманди муаррихи варзидаи тоҷик устод Назирҷон Турсунов «Деҳаҳои наздишаҳрии Хуҷанд», (нашр. «Ирфон», соли 1985, саҳ.46) шарҳу тавзеҳ диҳем, ки маълумотро аз маҷаллаи «Туркестанские вести» дар бораи барӯйхатгирии аҳолии он сол гирифтаанд, маълум мегардад, ки соли 1885 дар Пуличуқур дар 92 ҳавлӣ 208 нафар, Рӯмон дар 319 ҳавлӣ 1200 нафар, Шайхбурҳон дар 93 оила 465 нафар ва дар Кулангир дар 100 оила 300 нафар истиқомат доштанд.

Ин деҳаи қадимаро, ки дарёи Сир (дар гузашта Яксарту Ҷайҳун низ ном мебурданд) убур мекунад, биноан аввалин одамони муқимишаванда маҳз мавзеи соҳили дарё, яъне деҳаи Рӯмонро макони зист интихоб карда, баъдан заминҳои азхудшавандаро васеъ карда, ҳарчӣ аз канори дарё дуртар мерафтанд. Ба андешаи инҷониб фарқияти саршумори аҳолии деҳаи Рӯмон, назар ба ҳамсоядеҳаҳо низ маҳз дар ҳамин аст, ки зиндагии инсонҳо нахуст дар деҳаи Рӯмон канори рӯди ҷонбахши Сир оғоз гардида, баъдан ҳарчӣ боло аз деҳа ба деҳаҳои Пуличуқуру Шайхбурҳон ва Кулангир кӯч бастаанд. Иқрор бояд шуд, ки имрӯз калимаи Рӯмон дар тамоми манотиқи кишвар ва гӯшаҳои дурдасттарини он маълуму машҳур аст.

Барои иддаи ин гуфтаҳои худ чорабинии ташрифи меҳмонони Бадахшонро 4 сол муқаддам ба вилояти мо ва чорабинии азим дар Афмитеатри Арбобро, ки раиси вақти вилояти Бадахшон Қодири Қосим бо камоли эҳтирому сипосгузорӣ гуфта буд, ки барои пешрафту тараққиёти вилояти Кӯҳистони Бадахшон саҳми як зумра фарзандони барӯманди Хуҷанд аз ҷумла, Раҳимбобо Турсунов аз деҳаи Рӯмон, ки тайи 7 сол котиби якуми кумитаи вилоятии партияи ин гӯшаи дурдасти кишварамон буданд, басо калон аст». Бо як сухан метавон гуфт, ки калимаи Рӯмон калимаи авастоӣ буда, номгузорӣ шудани Ҷамоати деҳаи Ҳ.Усмон бо ин ном татбиқи сиёсати хирадмандона ва фарҳангсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати эҳёи номҳои таърихиву қадима, хоса авастоиву ориёист.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон,

 муҳаққиқи таърихи деҳа

Add comment


Security code
Refresh