Фестивали оши палав - намоиши эъҷози ҳунар

Санаи 29 - уми октябри соли равон дар чойхонаи “Суғдиён” - и маркази вилоят бо мақсади ташвиқу тарғиби фарҳанги рӯзгордорӣ, эҳё ва рушди анъанаву суннатҳои мардумӣ фестивали “Оши палав” баргузор гардид. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни омодасозии оши палав иштирокчиёни ҷашнвора шинос гардида, ба ҳунари ошпазҳо баҳои баланд дод. Ҷоиз ба таъкид аст, ки дар фестивали мазкур сафири фавқулоддаи давлати Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн, роҳбари ташкилоти байналмилалӣ, намоянда аз Ҷумҳурии Белорусия, шахсиятҳои шинохта ва намояндагони васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷи кишвар иштирок намуданд. Он рўз дар чойхона дастархони идонаи ҳаждаҳ шаҳру ноҳияҳои вилоят ороста шуда, иштирокдорони фестивал аз оши палави омодакардаи ошпазҳои моҳири вилоят тановул намуданд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар фестивали имсола ҳаждаҳ деги ош гузошта шуда, ҳар як ошпаз вазифадор гардид, ки аз понздаҳ килограмм биринҷ оши палави миллӣ омода кунад. Оши палов ё худ палав таоми миллии тоҷикон маҳсуб ёфта, он аз қадимулайём хӯроки дӯстдоштаи мардуми тоҷик мебошад. Имрўз дар минтақаҳои гуногуни вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд, Исфара, Панҷакент, Истаравшан ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чанд намуди паловпазӣ маълум аст.

Ҳамчунин, дар чорабинӣ озмуни ошхўри беҳтарин ташкил гашта, дар он даҳ нафар ошхўрони беҳтарин ширкат варзиданд. Дар байни онҳо Илҳом Алибеков аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ошхўри беҳтарин дониста шуда, сазовори ҷойи аввал гардид. Ҷойи дуюм бошад, насиби сокини ноҳияи Шаҳристон Ҷамшед Маликов гардид. Дар вазъияти тантанавӣ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ғолибонваиштироккунандагон мукофотпулиро тақдим кард.

Барои иштирокчиён дар бахши беҳтарин оши палав ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷойи сеюм дониста шуда, дипломи дараҷаи сеюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми як ҳазор сомонӣ, дар бахши беҳтарин оши палав ноҳияи Ҷаббор Расулов сазовори ҷойи дуюм бо дипломи дараҷаидуввумвамукофотпулӣдар ҳаҷми ду ҳазор сомонӣ сарфароз гардиданд. Ҷойи аввал дар бахши беҳтарин оши палав ба ошпазони шаҳри Хуҷанд сазовор дониста шуда, бо дипломи дараҷаи якум ва мукофотпулӣдарҳаҷмисе ҳазорсомонӣ мукофонида шуданд Барои иштироки фаъолона дар Фестивали оши палов шаҳрҳои Панҷакент, Истиқлол, Истаравшан бо сипоснома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардиданд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh