Баргузории ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳод намудани маводи ғизоӣ дирӯз дар маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид карда, барои дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани ярмаркаи мазкур ба масъулин супоришҳо дод.

Дар ярмарка маҳсулоти гуногун,  аз ҷумла орду шакар, равған, биринҷ, гӯшти гову гӯсфанд, мурғу моҳӣ, пиёз, сабзӣ, шакар, полезиҳо бо нархҳои нисбат ба бозор то 30 дарсад арзон пешниҳоди мардум карда шуд.

Сокинон бо изҳори қаноатмандӣ аз ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ маҳсулоти зарурии хешро харидорӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh