Рушди соҳа омили пешрафт

Бо мақсади рушд ёфтани соҳаи сайёҳӣ, ки яке аз соҳаҳои муҳим аз ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмиллалӣ ба ҳисоб меравад, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати мавзеъҳои сайёҳии зиёд доштанаш ба зумраи яке аз кишварҳои дорои инфрасохторҳои сайёҳӣ шомил гардидааст. Ҳамчунин, сайёҳони хориҷӣ кишвари моро аз ҷиҳати сайру саёҳат ба яке аз кишварҳои бехатар муаррифӣ намудаанд, ки онро ҳатто созмонҳои бонуфуз низ тасдиқ кардаанд. Шаҳри Панҷакент дорои бисёр мавзеъҳои сайёҳӣ буда, макони сайёҳони хориҷӣ гардидааст. Табиат ва мавзеъҳои нотакрораш имконият фароҳам овардааст, ки ҳамасола садҳо нафар шаҳрвандони дохиливу хориҷӣ ташриф оваранд.

Бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон дар шаҳр инфрасохторҳои зиёди сайёҳи мавҷуд буда, дар онҳо тамоми имкониятҳои лозим фароҳам оварда шудааст. Аз ин лиҳоз, имрӯз дар шаҳр беш аз бист ширкати сайёҳӣ ва як ташкилоти ҷамъиятии “Шӯрои Зарафшон оид ба рушди сайёҳӣ” фаъолият мебаранд. Ҳамзамон, дар шаҳр чаҳор маркази иттилоотии сайёҳӣ, даҳ меҳмонхона, ду пойгоҳи сайёҳӣ ва беш аз бист меҳмонхона бо ғунҷоиши зиёда аз ҳафтсад ҷой, чаҳор осорхона ва зиёда аз сесад ёдгории таърихӣ дар хизматрасонӣ мебошанд. Ҷоиз ба қайд аст, ки шаҳри Панҷакент вобаста ба хусусиятҳои ҷуғрофии худ дорои имкониятҳои зиёд барои рушди саёҳати экологӣ, кӯҳнавардӣ ва таърихию фарҳангӣ мебошад, ки асоси онро табиати нодир, манзара, обҳои мусаффо, кӯл ва сарчашмаҳои обҳои шифобахш, боғ, наботот ва ҳайвоноти нодир ташкил медиҳанд. Маврид ба зикр аст, ки имрӯз таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ бештар ба саёҳати кӯҳ зиёд аст.

Аз ин лиҳоз, дар хатсайрҳои «Ҳафткӯл» ва «Кӯли калон» пойгоҳҳои пазироии сайёҳон ташкил шудааст ва ҳамчунин корҳо барои бунёди нуқтаҳои нави пазироии сайёҳон дар дигар хатсайрҳои сайёҳӣ идома доранд. Тибқи иттилои масъулин, қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризм” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, № 80 “Дар бораи “Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20182020” ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Дар заминаи санадҳои қабулшуда рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр тараққӣ ёфта, намудҳои нави хизматрасонӣ роҳандозӣ шуда истодааст. Дар муассисаи таълимии шаҳр – Донишкадаи омӯзгорӣ бо ихтисоси соҳаи менеҷменти сайёҳӣ кадрҳои соҳаи сайёҳӣ омода карда шуда истодаанд. Ширкатҳои сайёҳӣ дар самти сайёҳии экологӣ, фарҳангӣ, таърихӣ‐этнографӣ, экскурсионӣ, мусоидат барои гирифтани раводид, шиносномаи хориҷӣ ва дастрас намудани чиптаҳои ҳавопаймоӣ хизмат мерасонанд.

Баҳри рушди сайёҳии воридотӣ низ ширкатҳои сайёҳӣ барои ташвиқу тарғиб, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва ташкил намудани хатсайрҳои наву ҷолиби диққат фаъолияти худро равона менамоянд. Бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии минтақа ва беҳтар намудани дастрасӣ ба иттилооти соҳа сомонаи сайёҳии ширкатҳои сайёҳии шаҳри Панҷакент ва ташкилоти ҷамъиятии “Шӯрои Зарафшон оид ба рушди сайёҳӣ” фаъол буда, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маводи зарурӣ ҷой дода шудааст.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh