«Тоҷикон» дар ҳар хонадон

Иқдоми наҷиб ва хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон дар бораи чопи навбатии китоби «Тоҷикон» ва тақдими он ба ҳар оилаи кишвар аз инсондӯстию меҳанпарастӣ ва арҷ гузоштан ба гузаштаи пурифтихор мебошад. Аллакай чанд муддат аст, ки ин китоби пурмуҳтаво дастраси сокинони мамлакат гардида, китоби рӯимизии ҳар хонадон гардидааст.

Директори китобхонаи марказии шаҳри Исфара Сабурхон Амонуллоев таассуроташро чунин иброз медорад: «Тоҷикон» шоҳасарест, ки моро бо таърихи гузаштаи хеш ошно месозад. Вақте ин китобро бори нахуст ба даст гирифтам, эҳсоси ватандориву ватанпарастӣ ва худогоҳиам боз ҳам афзуд. Бо муҳаббат, бо ихлосу самимият «Тоҷикон» ро варақгардон намудам. Бояд гуфт, ки барои мо, исфарагиён чилу ҳафт ҳазору ҳаштсад китоби «Тоҷикон» аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дастрас гардид. Давоми се рӯз аст, ки дар дувоздаҳ ҷамоати деҳоти шаҳри Исфара тақсимоти китоб ҷараён дорад. Дар ҳамкорӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Шуъбаи корҳои дохилӣ, намояндагони кумитаи амнияту ҷамоатҳои деҳот сардорони хоҷагӣ ба китобхонаи марказӣ омада, китоби пурарзишро туҳфа мегиранд.

Умед дорем, ки ин асари гаронбаҳоро ҳар узви оилаи исфарамарз мехонад ва бо гузаштаи хеш ифтихор хоҳад кард. Ба китобдӯстони шаҳри Панҷакент 45 ҳазор китоби «Тоҷикон» ҳамчун туҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим шудааст. Аз миқдори умумии китоби пурарзиш 9122 ададаш ба аҳолии шаҳри Панҷакент ва 47974 адади дигар ба сокинони ҷамоатҳои деҳоти Лоиқ Шералӣ, Вору, Рӯдакӣ, Суҷина, Саразм, Ёрӣ, Амондара, Косатарош, Халифаҳасан, Фароб, Шинг, Моғиён, Хурмӣ ва Чинор дастрас гардида, мардум бо хурсандӣ ва ифтихори ватандӯстӣ ба китобхонӣ машғуланд. Боиси хушнудӣ ва дастгирӣ аст, ки баъди дастраси умум гардидани ин мероси гаронбаҳо бо иқдоми раиси шаҳри Панҷакент баргузории озмуни «Донандаи китоби «Тоҷикон» и Бобоҷон Ғафуров» эълон гардида ғолибонро мукофотпулӣ интизор аст. Озмун дар арафаи гузошта шудани муҷассамаи китоб дар шаҳри Панҷакент ҷамъбаст мегардад, ки амалест дар партави иқдоми неки роҳбарияти давлату Ҳукумат. Муовини директори корхонаи фаръии давлатии хоҷагии манзили коммуналии шаҳр Мунир Ҳикматзода иброз медорад, ки баъди дастрас намудани китоб ду духтараш, ки хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд, бо шавқ ба мутолиа шурӯъ намуда, мехоҳанд ҳар ду ҷилди «Тоҷикон» ро хонда ба итмом расонанд ва дар озмуни шаҳрӣ дастболо гарданд. Директори китобхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ ба номи Қувват Давлат Давлат Қурбонов иброз дошт, ки туҳфаи нодирро чун гавҳараки чашм нигоҳ медораду барои ҳифзи он кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

Аз 17 ҳазору 440 китоби воридшуда сокинони 7 ҷамоат: Ҷамоатҳои шаҳраки Бӯстон, Обшорон, Суғдиён, Ҷамоатҳои деҳоти Мастчоҳ, Оббурдон, Палдорак ва Навбаҳор бархурдоранд. Баъди муҳру рақамгузорӣ бо ёрии кормандони соҳаи маориф, фарҳанг, китобдорон ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия давоми се рӯз сокинон бо китоби «Тоҷикон» и Бобоҷон Ғафуров таъмин шуданд. Бахусус, хонандагони муассисаҳои таълимӣ шавқу завқи беандозаи ҳарчи зудтар мутолиаи ин китоби арзишмандро доштанд, зеро ҳамагон бесаброна интизори ин туҳфаи Пешвои миллат буданд. Китоби «Тоҷикон», ки муаррифгари таъриху фарҳанги қадимаи халқи тоҷик аст, аз ҷиҳати полиграфӣ бо дараҷаи хеле баланд ба табъ расидааст. Дар муқоиса бо чопи соли 1985 гуфта метавонам, ки нашри имрӯзаро метавонам бе истифодаи айнак мутолиа намоям.

Мутолиаи саҳифаи ҳафтум, яъне «Шиносномаи миллат» андешаи маро ба солҳои қаблӣ бурда, имрӯз шукргузор аз он ҳастам, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона ва некбинонаи Сарвари давлат дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат пойдор аст. «Агар хоҳед, ки обрӯи халқи худро нигоҳ доред ва шаъну шарафи онро афзоед, маслиҳати ман ин аст: хонед, таърихи кишвари худро чуқур омӯзед ва аҷдодони худро шиносед. Фаромӯш накунед, ки корномаи илмии Шумо дар роҳи тараққиёти иқтисодиёт ва маданият кӯмак мерасонад» гуфтааст аллома Бобоҷон Ғафуров.

Ин гуфтаҳои академик Бобоҷон Ғафуров мардуми меҳнатқарини шаҳри Конибодомро ба ваҷд оварда, бо шодмонӣ китоби «Тоҷикон» мехонанд. Алҳол 17 ҳазор китоб вориди шаҳр гардида, дар рӯзҳои наздик боз зиёда аз 20 ҳазор китоби арзишманд дастраси конибодомиён хоҳад шуд. Айни ҳол сокинони Ҷамоатҳои деҳоти Пӯлодон, Ортиқов ва Патар бо ин китоби пурарзиш таъмин гашта, ҳамарӯза аз соати 7и субҳ то 18‐и бегоҳ мардуми Ҷамоатҳои деҳоти Ҳамробоев, Шарифов ва Лоҳутӣ низ «Тоҷикон» ро ба даст хоҳанд гирифт. Бале, «Тоҷикон» дар воқеъ асарест, ки дар он муборизаи халқи тоҷик ҳамроҳи халқҳои дигари бародари хуросонзамин ва Мовароуннаҳр зидди ситам ва бедодгарии низомҳои гуногуни феодалӣ ба хубӣ инъикос ёфтааст. Ва фарозу фурудҳои ин халқҳоро аз адвори хеле куҳан то асри ҳозир ба хубӣ ва бо диққати олимона баён доштааст.

Бешак, таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ буда, мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловариҳои гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд

Add comment


Security code
Refresh