Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Details
- Published on Monday, 04 October 2021 17:49
Сокинони шарафманди вилоятро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ сидқан табрик гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ, дар ҷодаи - эҳтирому арҷгузорӣ ва хизмат дар роҳи рушду шукуфоии забони миллӣ барору комёбиҳо орзу менамоям.
Забони давлатӣ яке аз рукнҳои давлатдорӣ, омили асосии муттаҳидкунанда, воситаи муҳимтарини бақои миллат, таҳриху фарҳанги оламшумули мо ба ҳисоб рафта, маҳз бо ҳамин забон осори гаронбаҳои гузаштагони пурифтихорамон таълиф ва ба оламиён муаррифӣ гардидааст.
Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ имсол бо ҷашни бузургу муқаддаси 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷумлаи рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ буда, дар тақдири халқи куҳанбунёди тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд овард, рост омад.
Забони модарии мо, ки решаҳои он ба садсолаҳои пеш аз мелод ва ибтидои солшумории нав рафта мерасад, барҳақ, меросбари забонҳои бостонии ориёӣ буда, имрӯз давлатӣ миллии моро ба ҷаҳониён муаррифӣ месозад. Маҳз, забони ноби тоҷикӣ, ҳофизаи таърихӣ ва осори гаронбаҳои олимону шоирони мо барои ҳастии миллати тоҷик хизмат намуда, омили асосии шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани фарҳанги халқи тоҷик гардид.
Аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди забони миллӣ ва тақвият бахшидани мақоми он таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, кӯшиш ба харҷ доданд, ки забон рисолати худро ба сифати рукни асосии давлатдории миллӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофарин иҷро намояд.
Дар баробари ин, чӣ тавре ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, «вазифаи миллӣ ва қарзи инсонии ҳар яки мо - соҳибзабонон аст, ки ба забони модарии худ арҷ гузорем, онро чун гаронбаҳотарин сарвати ҳастии хеш эҳтиёт кунем, мероси пурқиматеро, ки бо ин забон иншо шуда, аз насл ба насл интиқол ёфтааст, на танҳо ҳифз намоем, балки онро омӯзем, ба дигарон омӯзонем ва аз ҳикматҳои ҷовидонааш баҳравар гардем».
Мо вазифадорем, ки барои асолату покизагии забон кӯшиш намоем, онро ҳамчун арзиши бебаҳои миллӣ ҳифз карда, барои рушди минбаъдаи он аз ҳамаи имконоти мавҷуда босамар истифода барем. Кӯшиш намоем, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавии арзишҳои моддию маънавӣ ҷавонону наврасон нахуст забони модарии худро ҳифз намоянд, бо мутолиаи осори илмию адабӣ хотираи хешро қавӣ гардонанд ва сипас ҷиҳати ҳамқадамӣ бо замон ба омӯзиши забонҳои дигар иқдом намоянд.
Итминони комил дорам, ки дар сатҳи арзанда таҷлил намудани Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маърифати асолати миллӣ, тақвият бахшидани худшиносию худогоҳӣ ва арҷгузорӣ ба ин сарвати бебаҳои давлатдории миллӣ нақши арзанда хоҳад гузошт.
Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад!