РӮМОН: ҚАДАМҲОИ УСТУВОР СӮЙИ ПЕШРАФТ

Аз таърихи Рӯмон

"Рӯмон" – номи фариштаи боди ҳаётбахш аст, ки номи авастоии ориёии чандҳазорсола буда, боиси ифтихори на танҳо сокинони ин деҳа, балки тамоми мардуми тоҷики ориёитабор мебошад, ки онро то имрӯз зинда нигоҳ доштааст. Ин ташреҳро ба “Рӯмон” Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, ки худ зодаи ин мавзеи зебои Тоҷикистони биҳишосост, нисбат додааст.

Дар бораи маънои луғавии калимаи “Рӯмон”, таърихи пайдоиши деҳа ва шеваи зисту зиндагонии бошандагони он, рушди деҳот ва марҳилаҳои пешрафти он олимон, бостоншиносон ва муҳаққиқони бисёр назарҳои муҳиму муфид баён намудаанд.

Назирҷон Турсунов дар китоби “Сложение и пути развития городского и селҳского населения Северного Тадҷикистана XIX - начало XX вв.” Рӯмонро деҳаи калонтарини наздишаҳрӣ унвон намуда менависад, ки Рӯмон дар 4 км аз Хуҷанд, дар соҳили Сирдарё ҷойгир шудааст. Дар шимолу ғарб бо деҳаи Пуличуқур, дар ҷанубу шарқӣ – бо деҳаи Кулангир, дар ҷанубу ғарб бо деҳаи Шайх Бурҳон ҳамсарҳад аст. Бино ба навиштаи муаллиф, деҳаи Рӯмон замонҳои қадим пурра боғзор буд. Хонаҳо дар паҳлӯи кӯчаҳо ҷойгир буданд. Қаблан тамоми қаламрави деҳа боғҳои муттасили сокинони шаҳрро ишғол мекарданд ва хонаҳо хеле кам буданд. Дар охири асри ҶIҶ ва аввали асри ХХ Рӯмон ба 22 маҳаллаҳо тақсим будааст. Сокинони Рӯмон комилан тоҷикон буда, аҳолӣ дар раҳи марказӣ ва шарқии деҳа ҷойгир буданд. Пайдоиши сокинони Рӯмон аз маҳалҳои гуногуни шаҳри Хуҷанд буданд.

Деҳаи Рӯмон бо урфу одат ва анъанаҳои хоси худ маъруф аст. Доир ба таърихи пайдоиш, ташаккул ва рушди ин деҳот андешаҳои гуногун ҷо дорад. Маънои луғавии калимаи “Рӯмон” низ ташреҳи мухталиф дорад. Бархе калимаи “Рӯмон”-ро анорзор шарҳ медиҳанд. Бино ба назари ин гуруҳ, ин деҳа дар гузашта анорзор буд, аз ин лиҳоз ба он калимаи арабии “Руммон”-ро, ки маънояш анорзор мебошад, мансуб донистаанд. Дар китоби Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ низ калимаи “Руммон” анорзор шарҳ ёфтааст.

Перомуни маънои калимаи “Рӯмон” гуруҳи дигар, фарзияе пешниҳод мекунанд, ки мувофиқи он гӯё замоне ба ин деҳа римӣ ва ё румиҳо (давлати Рим дар назар дошта шудааст) ташриф овардаанд, ки аз ҳамон замон инҷониб деҳа ба худ номи “Румон”-ро гирифтааст.

Ин андешаҳо дар байни мардум ҷо доранд, аммо олимону зиёиён ин андешаҳоро фақат ба унвони фарзия қабул намудаанду халос. Дар ин маврид шоир Аскар Ҳаким дар саҳифаи фейсбукии худ чунин ибрози назар кардааст, ки ҷой додани он ҷиҳати муайян намудани маънои луғавии “Рӯмон” ба манфиат хоҳад буд:

- Номи Рӯмон дар китоби чандҳазорсолаи “Авесто” ба шакли Ром, баъдан Ҳарумон омадааст, ки номи фариштаи боди ҳаётбахш аст. Дар натиҷаи асрҳои дуру дароз он шакл дигар карда, имрӯз Рӯмон шудааст. Ин маънои онро дорад, ки дар ин маҳал аз панҷ то ҳафт ҳазор сол пеш одамон – яъне аҷдоди мову шумо, ҳафт не, ҳафтод пушти мову шумо дар ин ҷо зиндагӣ кардаанд, ҳафтод пуши ҳам пуличуқуриҳову шайхбурҳониҳову кулангириҳову рӯмониҳо ва ба ин деҳа ҳамин гуна ном гузоштаанд, ки то мову шумо омада расида аст.

Мувофиқи сарчашмаҳо дар гузашта деҳаи Рӯмон дорои хислати тиҷорати ҳунарӣ буд. Аксарияти аҳолӣ ба ҳунармандӣ машғул буданд, бисёр соҳаҳо дар ин ҷо муаррифӣ мешуданд. Дар Рӯмон наҳ, металл, пӯст, ҳунармандон, бинокорон, кулолгарон, косибон маҳсулоти хӯрокворӣ ва чизҳои гуногуни хоҷагиро коркард мекарданд. Шуғли асосии сокинон бофандагӣ будааст. Саноати бофандагии ҳунармандӣ рушд ёфта буд, алалхусус либосҳои адрас, шоҳӣ, бекасаб ва ғайра. Якчанд сехҳои калони бофандагӣ мавҷуд будаанд, ки беш аз даҳ кормандро дарбар мегирифтанд.

Фаъолияти ҳунармандӣ ва тиҷорати аҳолии Рӯмонро бо бозорҳои шаҳр зич алоқаманд медонанд.

“Дар корвонсаройи Хуҷанд, ки дар он савдои чакана ва яклухт сурат мегирифт, харидорон ва тоҷирони Рӯмон ҷойҳои махсусро ишғол мекардаанд, ки маҳсулоти мардуми деҳаи худро мефурӯхтанд. Қисмати ками сокинони Рӯмон ба боғдорӣ ва деҳқонӣ машғул будаанд” - навиштааст .

Имрӯз низ дар Рӯмон ҳунармандони асилеро метавон пайдо кард, ки урфу одатҳои деҳаи худро ҳифз намуда, ҷиҳати рушди ҳунармандӣ саҳм гузошта меоянд. Аммо дар қиёс ба солҳои гузашта аксарият сокинони деҳаро тоҷирон, соҳибкорон, кормандони давлатӣ, омӯзгор, ронанда ва намояндагони дигар касбҳои муосир ташкил медиҳанд, ки баҳри рушди ин гӯшаи Ватан хидмат мекунанд.

Роҳ ба сӯйи пешрафт

Дар баробари дигар минтақаҳои кишвар рушди деҳаи Рӯмон низ суръати тоза мегирад. Аз файзи истиқлолияти давлатӣ ин гӯшаи қадимаи Ватан торафт пешрафт дорад.

Эълон шудани сесолаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ташаббусҳои созандаи Ҳукумати мамлакат буд, ки дар баробари таъмини рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин ба беҳтар шудани шароити деҳаҳо ва вусъати корҳои созандагиву ободонӣ замина гузошт. Аз ҷумла, дар доираи ин ибтикорот дар деҳаи Рӯмон як қатор тадбирҳои судманд ба роҳ монда шуданд, ки ҷиҳати таъмини некӯаҳволии аҳолӣ имконият фароҳам овард. Бунёди мактабу муассиаҳои таълимии касбӣ, беморхонаву нуқтаҳои тиббии замонавӣ, Қасри фарҳанг, майдони Парчам аз зумраи иншоотҳое ҳастанд, ки маҳз дар доираи эълон шудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар партави дастуру супоришоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми деҳа ба масъалаи вусъати созандагиву бунёдкорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд.

Аз ҷумла, дар доираи ин тадбирҳо роҳҳои кӯчаҳои деҳа мумфарш шуда, ба симои он ҳусни бештар эҳдо мекунанд. Аз даромадгоҳи деҳа то кӯчаҳои поёнии деҳа ҳама ҷо қариб ки мумфарш шудаанд, ки ин ташаббус ҳам бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва ҳам саҳми сокинони деҳа, ки табиатан ободкору зебопараст ҳастанд, амалӣ мешавад.

Хонаҳои истиқоматии замонавӣ, мағозаҳои муосир бо тарҳу намои хушсифат, марказҳои хизматрасонии гуногун, мактабҳои хусусиву давлатӣ, нуқтаҳои тиббиии муҷаҳҳаз ба деҳаи зебоманзари Рӯмон зебогии бештар бахшидааст, ки аз файзи сулҳу суботи сиёсӣ ва истиқлоли давлатӣ маншаъ мегирад.

Сокинони деҳаи хушноми Рӯмон дар баробари саҳм гузоштан дар пешрафти Ватан, инчунин ҷиҳати ҳифзи таърих, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва гиромидошти ҳувияти миллӣ талош мекунанд.

Аз ҷумла, чанде қабл вакилони халқии ҷамоати Ҳайдар Усмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо баргузории як ҷаласа, аз қадимӣ будани воҷаи Рӯмон ҳимоят карда, барои иваз шудани номи ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов бо номи Рӯмон қарор қабул карданд. Зимни ин ҷаласа 18 нафар аз 22 нафар бо райъи худ аз ин пешниҳод пуштибонӣ кардаанд.

Садҳо нафар сокинони ин ҷамоат аз пазируфта шудани Рӯмон ҳамчун номи ҷамоат истиқбол карданд.

Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов, ки акнун бар тибқи қарори маҷлиси вакилони халқӣ номи ин ҷамоат Румон хонда мешавад, аз деҳаҳои Шайхбурҳон, Кулангир, Рӯмон ва Пуличуқур иборат буда ва дорои ҳудуди 36 ҳазор аҳолӣ мебошад.

Ташрифи Президент ба Рӯмон

Наврӯзи соли 2019 дар хотироти сокинони деҳаи Рӯмон ҳамчун рӯзи таърихӣ ва фаромӯшнопазир нақш бастааст. Зеро ин ҷашни умумимиллиро бошандагони ин гӯшаи мамлакати азизамон бо ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифтанд.

Пешвои миллатро сокинони деҳа ва аҳли фарҳанги ноҳия бо самимияти хосса ва меҳру муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд. Дар доираи ин ташриф Президенти кишвар бинои нави Қасри фарҳанг, Мактаби мусиқӣ, Маҳфили ҳунармандӣ барои ҷавонон ва бинои Деҳоти ба номи “Ҳайдар Усмонов”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои навбунёд аз 2 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо шаклу усули муосири меъморӣ бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2014 оғоз ёфта, роҳрав ва толори қаср бо истифода аз санъати қадимаи гаҷкорӣ ва оинабандӣ оро ёфтааст.

Қасри фарҳанг дорои толор бо 400 ҷойи нишаст буда, бо муосиртарин шароит барои гузаронидани маҳфилу ҷамъомадҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва машқу тамрини дастаҳои ҳунарӣ таъмин мебошад. Ҳамчунин дар дохили Қасри фарҳанг ҳуҷраҳои алоҳидаи либосивазкунию пардозгарӣ барои ҳунармандон ва утоқҳои корӣ барои маъмурият бунёд гардидаанд. 

Дар ошёнаи дуюми бинои мазкур Мактаби мусиқӣ ҷойгир буда, барои гузаронидани машғулиятҳо он бо синфхонаҳои алоҳида ва асбобу аёнияти мусиқӣ таъмин мебошад. Дар Мактаби мусиқӣ аз рӯйи 10 ихтисос, аз ҷумла навозиши рубоб, доира, скрипка, чанг, пианино, дутор ва овозхонӣ ба наврасон касб омӯзонида мешавад. Барои соҳибкасб намудани наврасони хоҳишманд мутахассисони касбии соҳаи санъат ҷалб гардида, машғулиятҳо ҳамарӯза гузаронида мешаванд.

Ҳамчунин бинои навбунёд дорои утоқҳои алоҳидаи маҳфили ҳунармандӣ барои ҷавонон буда, дар ин ҷо ҷавонони ноҳия ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб карда мешаванд. Ба иштирокчиёни маҳфилҳо рассомӣ, кандакорӣ, дӯхтани сару либос, зардӯзӣ ва гулдӯзӣ омӯзонида мешавад. Ба иттилои масъулин, ба ин васила дар баробари соҳибкасб намудани ҷавон, ҳамчунин ҳунарҳои миллӣ миёни ин насл рушд дода мешаванд.

Қасри фарҳанг ҳамчунин дорои китобхонаи замонавӣ буда, китобхонаи электронӣ ба хати баландшиддати Интернет пайваст гардидааст. Дӯстдорони китоб метавонанд дар толорҳои барҳавои хониш аз хазинаи бузурги ин китобхонаи деҳотӣ, ки бештар аз 5 ҳазор адабиёти гуногун дорад, истифода баранд.       

Шоистаи таъкид аст, ки ин ҳама пешрафт ва дастовардҳои деҳаи Рӯмон самараи фазои ороми кишвар ва талошу заҳмати масъулину сокинон аст, ки дар доираи сесолаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вусъат гирифта, бо азму иродаи қавӣ ва муҳаббати сокинони деҳа нисбат ба Ватан идома хоҳад ёфт.

Мафтуна ИСМОИЛОВА,

рӯзноманигор

Add comment


Security code
Refresh