ҲУНАРМАНД ҲАР КУҶО БУВАД САРФАРОЗ

Ҳунар - воситаи наҷот

Ҳабиба Раҳматова 55 сол дорад. Пайроҳаи зиндагии ӯ пур аз шебу фароз ва пастиву баландиҳост. Талошу мубориза ва кӯшишҳои ӯро барои расидан ба саодат метавон бо ҳамин мисраъи маъмул “Ҳунарманд ҳар куҷо бувад сарфароз” хулоса кард. Зеро маҳз ҳунар тавонист, ки Ҳабиба Раҳматоваро ба зиндагии шоиста расонад.

Ҳанӯз 10 сол қабл оилаи ӯ аз лиҳози иқтисодӣ ягон мушкилӣ надошт. Ҳамсари вафодор, фарзандони соҳибмаълумот ва наберагони аълохон... Аммо зиндагӣ Ҳабиба Раҳматоваро бо имтиҳони ҷиддие санҷиш намуд. Мушкилоти молиявӣ, ноомадии кор ва якбора ба қарз ғӯттавар шудани ҳамсару фарзандон, аз даст додани хонаву зиндагӣ дар иҷора барои ин зани рӯзгордида осон набуд. Ӯ роҳи раҳоӣ мекофт. Баҳри халосӣ аз қарзу таъмини талаботҳои наберагон, ки ҳамакнун ҳар яке хонандагони синфҳои болоӣ буданду ниёзҳои иқтисодиашон бештар мешуд, восита меҷуст. Ҳунар тавонист, ки ӯро аз муҳтоҷиҳо ҳифз кунад.

Инақ, беш аз панҷ сол мешавад, ки Ҳабиба Раҳматова ҳунарманди моҳиру шинохта аст. Имрӯз ӯ дар баробари ҳамсару фарзандон барои расидан ба зиндагии арзанда меҳнат дорад. Ба гуфти худаш, ҳунар василаи наҷоти ӯ гардид.

Фатҳи қуллаи олами ҳунар

Ҳабиба Раҳматова корро аз ёрдамчии ҳунарманд оғоз кард. Барои ӯ, ки синнаш масири ним асрро гузашта буд, омӯзиши ҳунар то ҷое душвор буд. Аммо бо ворид гардидан ба олами ҳунар меҳру муҳаббати вай ба ин соҳа пайдо гардид. Акнун ӯ ҳаёти худро бе ҳунар тасаввур карда наметавонад. Мегӯяд, ки ҳунар барояш акнун натанҳо касб ва ё воситае барои дарёфти маблағ аст, балки шуғли дӯстдоштанӣ низ шудааст.

Ӯ бештар ба дӯхтани чакан машғул аст. “Чакан як навъ гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст. Маъмулан ҳунармандон болои шоҳии сафед, сурх, зард, сабз, сатини сурх ва сафед бо риштаҳои рангин гулдӯзӣ мекарданд. Махсусияти чакан дар он аст, ки нақшу нигори ин гулдӯзӣ таърихи ҳазорсолаи мардуми тоҷикро таҷассум мекунад. Ҳар як нақшу нигори болои чакан ба худ маъние дорад ва анъанаҳои неки ниёконро мунъакис месозад” – зикр мекунад ҳунарманд.

Воқеан тобиш додан ба рангҳо ва ба ҷилва овардани онҳо кори нозукест, ки на ба ҳар ҳунарманд даст медиҳад. Аммо қаҳрамони матлаби мо аз ӯҳдаи ин кор ба хубӣ мебарояд. Мисле ки ӯ маҳз барои ҳунарманд шудан офарида шудааст.

Либоси миллӣ бо тарзи муосир

Маълум аст, ки олами мӯд пешгӯинашаванда аст ва раванди ҷаҳонишавӣ ба он бетаъсир намемонад. “Бо назардошти он ки либоси миллии чакан либоси рӯзмарра ва корӣ нест, дар либосҳои аврупоӣ низ, ки бонувони мо ба он таваҷҷуҳи бештар доранд, аз гулдӯзиҳои чакан истифода менамоем” – мегӯяд Ҳабиба Раҳматова.

Имрӯз дар мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳои иҷтимоӣ ва сохторҳои гуногун бонувони тоҷик либоси расмӣ — коргузориро бо ороиши намунаҳои чакан ба бар доранд ва барои рушди кишвар фаъолият мебаранд. Ҳабиба Раҳматова кӯшиш дорад, ки бо тарзи муосир ҳунарҳои миллиро ҳифз намуда, дар либоси бонувони тоҷик фарҳангу анъанаҳои миллии тоҷиконаро мунъакис созад. Аз намунаҳои маҳсули дастони ин ҳунарманд маълум аст, ки Ҳабиба Раҳматова ҳунарманди чирадасту асилест, ки дастонаш гул меофаранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти аҳамият ва нақши эҳёи ҳунарҳои мардумӣ солҳои 2019-2021 - ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд. Ин иқдом замина гузошт, ки дар тамоми манотиқи мамлакат таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои мардумӣ зиёд шуда, нуфузи ҳунармандон боз ҳам боло равад. Имрӯз ҳунармандони асиле чун Ҳабиба Раҳматова ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф ва муаррифии ҳунарҳои мардумӣ тамоми маҳорат ва малакаи худро истифода доранд.

Зиндагии ҳунарманд Ҳабиба Раҳматова намунаи ибрат ва омӯзиш аст. Пайроҳаи ӯ далели равшанест, ки ҳунар инсонро аз хориҳову зориҳо нигоҳ медорад ва дар ҷомеа соҳибнуфуз мегардонад. Қаҳрамони мо ягона зане нест, ки маҳз тавассути ҳунар ба некӯаҳволӣ ноил шудааст. Мисли ӯ даҳҳову садҳо нафар бонувон имрӯз аз ҳунар нон меёбанду соҳиби ном гаштаанд. Беҳуда намегӯянд, ки:

Заҳмату кору ҳанар касро намоянд номдор,

Олиҳиммат кас зи ҳастии ҳунар мумтоз шуд”.

Мафтуна ИСМОИЛОВА

рӯзноманигор,

махсус барои “Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh